Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактабҳои нимсохта садҳо хонандаро саргардон кардааст. САДО


Бо шурӯи соли нави таҳсил дар Тоҷикистон, камбуди мактаб дар маҳалҳо дубора доғ шудааст. Дар як ҳафтаи ахир дар ин бора Радиои Озодӣ аз сокинони деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Истқилоли шаҳри Ваҳдат шикоят гирифт. Мақомот дар ҳарду минтақа гуфтанд, тарҳи сохтмони мактабҳои нав ҳаст, вале ба сабаби набудани маблағ кор ба сустӣ пеш меравад.

Бошандагони деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гуфтанд, мақомот ду сол пеш мактаби деҳаро ба сабаби "дар ҳоли садамавӣ будан" вайрон карданд, аммо дар ин муддат мактаби навро насохтанд. Дар деҳа ду ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд ва беш аз 300 нафари онҳо хонандаи мактаб ҳастанд.

Маҳмадқул Норов, яке аз сокинони деҳа, рӯзи 24-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "барои таҳсили кӯдакон дар поёни деҳа биноеро доданд, ки ҳам роҳаш дур аст ва ҳам шароит надорад. Он ҷо дар гузашта бинои колхоз буд."

Наврӯз Рӯзизода, мудири мактаби рақами 16-и деҳаи Палдорак, гуфт, қарор буд бинои дутабақаи мактабро имсол ба истифода диҳанд, "вале маблағ нагузаштааст. Кори сохтмон суст пеш меравад, бовар кунед, дар кӯчаву паскӯчаҳо барои таҳсили хонандаҳо хона мекобем. Барои истифода аз як бино дар поёни деҳа ду моҳ иҷозат доданд, лекин роҳаш дур аст ва барқ ҳам надорад. Агар бинои нави мактаб ба зудӣ сохта нашавад, дар фасли зимистон дар хонаҳои мардум дарс хонда намешавад."

Ба қавли Рӯзизода, бо сабаби набудани ҷойи дарсхонӣ танҳо хонандагони то синфи 9-ро ба таҳсил фаро гирифтаанд.

"Мактаб нест, дар ба дар ҷойи дарс хондан мекобем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
Линки мустақим

Баъзе аз сокинон аз мактаб дур мондани фарзандони худро натиҷаи, ба гуфтаи онҳо, "бетаваҷҷуҳии масъулони идораи маорифи ноҳия" медонанд.

Сафарбой Салимов, мудири маорифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, даъвои сокинонро беасос хонд ва гуфт: "Мардум фикр мекунанд, ки пули сохтмон пурра гузаштааст. Дар асл чунин нест. Агар пули сохтмон пурра мегузашт, шояд кор ранги дигар мегирифт. Маблағ аз ҳисоби идораи сохтмони асосии вилояти Суғд на якбора, балки квартал ба квартал мегузарад."

Салимов нагуфт, ки барои сохтмони мактаб дар деҳаи Палдорак чӣ қадар маблағ пешбинӣ шудааст. Вай таъкид кард, сохтмони ошёнаи якум ба анҷом расида, талош мекунанд то охири сол мактабро ба истифода диҳанд.

Деҳаи Палдораки Кӯҳистони Мастчоҳ ягона рустое нест, ки сокинонаш аз сохтмони мактабҳои нимсохту шароити таҳсили фарзандон дар ташвишанд. Сокинони баъзе аз минтақаҳои дигари кишвар низ айни мушкилро доштаанд.

Чанде аз сокинони деҳаи Истиқлоли шаҳри Ваҳдат рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шаш сол боз интизоранд, ки мактаби деҳа кай сохта мешавад. Абдуқаҳҳор Юнусзода, сокини ин деҳа, ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзандонаш ҳар рӯз ҳашт километр роҳро тай карда, ба дарс мераванд.

Холмуҳаммад Тӯразода, мудири маорифи шаҳри Ваҳдат, ба Радиои Озодӣ гуфт, мактаби деҳаи Истиқлол бо 12 миллион сомонии Арабистони Саудӣ бояд сохта мешуд, аммо ба қавли ӯ, "баъди он ки як миллион сомониро пудратчии сохтмон азхуд кард, арабҳо дигар пул нагузарониданд".

"Сокинон ҳар рӯз муроҷиат мекунанд, лекин пудратчии сохтмон маблағро азхуд крадааст ва намедонем дар куҷост. Дигар пул нест, ки сохтмонро идома диҳем. Бинои мактаб бояд чашҳор ошёна мешуд. Як ошёнааашро дуруст карданд. Дар сурати ёфтани маблағ сохтмон идома хоҳад ёфт", -- шарҳ дод ӯ.

Ба қавли Тӯразода, сохтмони мактаб соли 2014 оғоз шудааст.

Бархе аз таҳлилгарон беназоратӣ ва вуҷуди фасоди молиро аз сабабҳои асосии таъхир ва дар ҳоли нимсохт мондани мактабҳо медонанд. Дар маҷмуъ, дар Тоҷикистон 3884 мактаби миёна фаъол аст ва дар онҳо беш аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд.

Имсол таътили тобистона дар Тоҷикистон 17-уми август ба охир расид ва хонандагон соли нави таҳсилро дар ҳамин рӯз оғоз карданд. Ин тағйирот ба сабаби пандемияи коронавирус ба вуҷуд омад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG