Мақомоти Тоҷикистон пас аз тақрибан як ҳафта сукут бо нашри гузорише ҷузъиёти чӣ гуна рабуда шудани тифли навзодро аз як таваллудхона дар маркази Душанбе шарҳ доданд.
Тифли навзодро нимашаби 11-уми октябри имсол аз зойишгоҳи Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак, муҳимтарин муассисаи тиббии ташхис ва муолиҷаи модарону кӯдакон дар Тоҷикистон рабуданд. Ҳодисае, ки мояи нигаронии мардуми зиёде дар кишвар шуд ва суолҳои зиёдеро дар бораи амнияти таваллудхонаҳо дар Тоҷикистон ба миён овард.
Раёсати умури дохилии Душанбе рӯзи 15-уми октябр аз пайдо кардани тифли навзод хабар дод, вале гуфт, ки ҷузъиётро дертар нашр мекунанд. Ин ниҳод рӯзи 21-уми октябр гуфт, Зарина Саймуддинова, сокини 26-солаи ноҳияи Абдураҳмонии Ҷомии вилояти Хатлонро бо гумони дуздии кӯдак боздошт кардааст. Дар сурати исботи иттиҳом ба ин зан аз панҷ то бист сол зиндон таҳдид мекунад.
Зарина Саймуддинова дар навори бисёр таҳриршудаи мақомот мегӯяд, ки шаш сол боз фарзанд надошт ва барои ҳамин дар фикри дуздидани кӯдак шудааст.
Вай дар ин видео, ки маълум нест таҳти чӣ шароит сабт шудааст, гуфт, шаби 11-уми октябр бо либоси тамизкории хушдоманаш, ки дар шаҳри Душанбе кору зиндагӣ мекунад, вориди таваллудхона шуда, навзодро бо худ бурд.
"Сипас дар болотари таваллудхона ба таксӣ савор шуда, ба хонаи хушдоманам рафтам. Субҳ ба як таксӣ 250 сомонӣ додем то хонаамон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ расонд," – афзуд ӯ.
Дар навори дурбинҳои назоратӣ, ки Радиои Озодӣ дастрас карда буд, як зани ниқобпӯше дар либоси сабзи тамизкорони таваллудхона кӯдаки навзоде ба даст аз назди зойишгоҳ башитоб дур мешавад.
Мақомот дар гузориши худ баъзе аз ҷанбаҳои қазияро норавшан мондаанд. Аз ҷумла, гуфта нашудааст, ки зан махсус барои дуздии кӯдак аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба Душанбе омадааст? Чаро маҳз таваллудхонаи рақами яки пойтахтро интихоб кард? Ва хушдомани ӯ кист ва дар куҷо кор мекунад?
Зан феълан дар боздоштгоҳ аст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ талош доранд, ки пайвандони ӯро пайдо ва асли қазияро аз онҳо бипурсанд.
Навор дар Инстаграм:
Тифли навзоди Мавзуна Акрамоваи 19-сола ва сокини ноҳияи Нуробод нимашаби 11-уми октябр аз зоишгоҳи Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак, муҳимтарин маркази ташхиси тиббӣ ва муолиҷаи модарон ва навзодон дар Тоҷикистон, гум шуд. Ин дар ҳолест, ки вуруд ба ҳуҷраи беморон ё аёдати онҳо дар нимашабӣ дар шифохонаҳои Тоҷикистон мамнуъ аст.
Яке аз пайвандони модари тифл ба Радиои Озодӣ гуфт, зане, ки ба кӯдакрабоӣ гумонбар мешавад, ҳамдеҳаи Мавзуна Акрамова аст.
"Ин гапҳоро мешунавӣ, аз таваллуд кардан метарсӣ"
Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми октябр бо ду корманди Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак тамос гирифт, то назари онҳоро дар бораи ҳодиса бипурсад, вале ҳарду аз шарҳи ҳодиса худдорӣ карданд. Аммо гузоришҳо дар бораи кӯдакрабоӣ мояи нигаронии мардум шуд ва баҳси зиёдеро дар бораи амнияти таваллудхонаҳо дар Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ барангехт.
Теъдоди зиёде аз корбарон гуфтаанд, кӯдакдуздӣ аз таваллудхона танҳо як ҷинояти тарснок нест, балки як гӯшзади ҷиддӣ барои идораҳои Тоҷикистон аст, ки тадбирҳои амниятиро дар шифохонаву таваллудхонаҳо дар саросари кишвар бознигарӣ кунанд.
Яке аз корбарон дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук навиштааст: “Наход дар ҳамин давру замон, ки ҷама ҷо пури дурбини назоратӣ аст, тифли навзодро аз таваллудхона дузданд.”
Як бону, ки ба қавли худаш обистан ё ҳомила аст, дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм навиштааст: “Тавба. Ин гапҳоро мешунавӣ, аз таваллуд кардан метарсӣ. Нимаи моҳи декабр бояд таваллуд кунам. Ба кадом таваллудхона равам, ҳайронам.”
Айни замон онҳое ҳам ҳастаанд, ки гуфтаанд, тамоми қоидаҳои амниятӣ дар таваллудхонаи рақами 1 риоят мешаванд. Корбаре бо номи Нилуфар дар Инстаграм навиштааст: “Дар ҳамин таваллудхона ду кӯдак ба дунё овардам, ҳеч касро пешат даромадан намемонанд, ҳатто ҳоҷатхона равӣ ҳамроҳат мераванд. Ман ҳайрон кӯдакро чӣ хел дуздидаанд."
Айни замон онҳое ҳам ҳастаанд, ки гуфтаанд, тамоми қоидаҳои амниятӣ дар таваллудхонаи рақами 1 риоят мешаванд. Корбаре бо номи Нилуфар дар Инстаграм навиштааст: “Дар ҳамин таваллудхона ду кӯдак ба дунё овардам, ҳеч касро пешат даромадан намемонанд, ҳатто ҳоҷатхона равӣ ҳамроҳат мераванд. Ман ҳайрон кӯдакро чӣ хел дуздидаанд.”
Иддае дигар аз корбарон гуфтаанд, бо вуҷуди онки тифли навзодро ёфтаву ба дасти модараш баргардонданд ва ҳодиса ба хушӣ анҷом ёфт, кӯдакдуздӣ норасоиҳои ҷиддӣ дар низоми тандурустӣ ва муассисаҳои тиббии Тоҷикистонро аёнтар кард, ки шикоят аз он солҳост идома дорад.
Дар Тоҷикистон нопадид шудани навзод аз таваллудхона бисёр кам иттифоқ афтодааст, вале соли 2023 як зани 45-сола аз ноҳияи Хуросонро бо гуноҳи дуздидани тифли дурӯза аз зоишгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба 8 сол зиндон маҳкум карданд.
Муфаттишон баъд аз як ҳафтаи ҷустуҷӯ тифли навзодро пайдо карданд ва зан ба мақомот гуфтааст, аз тарси онки шавҳараш барои дигар фарзанд наовардан аз ӯ ҷудо мешавад, тифлро дуздид ва ба шавҳари муҳоҷираш ҳамчун фарзанди хеш нишон додааст.
Гуфтугӯ