Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар як номае ба Радиои Озодӣ ва хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, сабаби раҳоии се нафар ва тағйири ҳукми боздошт пардохт шудани зарарҳои молиявӣ аз тарафи муттаҳамон ба ҷиноят аст.
Дар ин нома омадааст: “Дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ бинобар аз ҷониби Меликзода А.И., Давлатов М.М. ва Ҷӯразода Т.Ҳ. пурра пардохт карда шудани зарарҳои молиявӣ нисбати номбурдагон... чораи пешгирии ҳабси пешакӣ ба забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат иваз карда шудааст.”
Манзур аз гуфтаи оҷонсӣ он аст, ки Аслиддин Меликзода, муовини собиқи раиси фурудгоҳ, Муҳриддин Давлатов, раҳбари пешини таъминоти фурудгоҳ ва Тағоймурод Ҷӯразода, сармуҳосиби собиқи фурудгоҳ дар боздошт нестанд, вале то замони хотимаи тафтиши парвандаи ҷиноӣ ҳақ надоранд, ки маҳалли иқомати худро тарк кунанд ва ё ба кишвари дигаре бираванд.
Оҷонси мубориза бо коррупсия дар бораи худи Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе гуфтааст: “Аз ҷониби Абдуллозода И.Ф. як қисми маблағҳои зарарҳои молиявӣ ба зиммаи ӯ ошкоргардида барқарор карда шуда, нисбати номбурда бо гирифтани ӯҳдадорӣ аз ҳисоби фурӯши амволҳои ба ҳабс гузошташуда пардохт намудани қисми боқимондаи зарар, чораи пешгирӣ тибқи талаботи моддаи 104 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шудааст.”
Оҷонсӣ дақиқ нагуфтааст, ки оё Абдуллозода ҳам бо шарти тарк накардани ҷойи иқомат озод шудааст, ё не, аммо моҳи сентябр ошкор шуд, ки Исматулло Абдуллозода ва се зердасташ рӯзи 17-уми сентябр бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист ва бо супурдани 300 миллион сомонӣ - муодили наздики 32 миллион доллар раҳо шудаанд. Раиси собиқи фурдугоҳи Душанбе моҳи майи имсол бо гумони аз худ кардани беш аз 1 миллиард сомонӣ боздошт шуда буд. Ҳоло зоҳиран ӯ низ дар озодист.
Исматулло Абдулллозода, ки яке аз наздикони Ҳасан Асадуллозода, бародарарӯси президенти Тоҷикистон шумурда мешавад, 9 сол раиси фурудгоҳи Душанбе буд, рӯзи 2-юми май аз мақомаш барканор ва дастгир шуд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон он рӯз навишт, ки Абдуллозода ва муовинони ӯ "дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд".
Оҷонси мубориза бо коррупсия чанд моҳ баъд гуфт, Абдуллозода ва чанд зердасти собиқаш ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, муттаҳам шудаанд.
Сулаймон Султонзода, раиси оҷонс гуфт, ки 961 миллион сомониро худи Исматулло Абдуллозода тасарруф кардааст.” Ба қавли ӯ: “Ин кор тавассути истифодаи ширкатҳои якрӯза, нақдикунонӣ ва тасарруфи маблағҳои фурудгоҳ бо баҳонаи харид ва таъмини молу маводи зарурӣ сурат гирифтааст.”
Ба иттилои расмӣ, алайҳи ин афрод бо ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” (аз пардохти ҷарима то шаш сол зиндон) ва “сохтакории такрорӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи одамон” (аз панҷ то ҳафт сол зиндон) айбнома эълон шудааст. То 8-уми август, ба гуфтаи Сулаймон Султонзода, “аз пулҳои тасарруфшуда 281 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат баргардонда шуд ва ҷиҳати баргардонидани пулҳои боқимонда чораҳои зарурӣ меандешанд.”
Яке аз наздикони Абдуллозода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тобистони имсол гуфта буд, ки баъзе амволи ӯ, аз ҷумла чаҳор тарабхона дар Душанбе, ду осоишгоҳ ва чанд хонаи ӯро дар вилояти Хатлон ба фурӯш гузоштаанд.