Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳгузарон дар Душанбе гуфтанд, ки аз президенти оянда чӣ мехоҳанд. ВИДЕО


Чанде аз роҳгузарон дар Душанбе гуфтанд, ки аз барандаи интихоботи моҳи октябр ҷойи кор, маоши бештар, шароити хуб дар бемористонҳо ва пуштибонӣ аз мардуми камбизоатро мехоҳанд. Иддае дигар ҳифзи суботу оромиро орзу доранд.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор хоҳад шуд. Барои дарёфти курсии шахси аввал панҷ кас вориди рақобат шудаанд. Раиси ҷумҳури ҳозира яке аз онҳост.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсид, ки аз барандаи интихобот ҳалли чӣ мушкилеро мехоҳанд. Матни ҷавобҳоро дар инҷо хонед:

  • "Аз президенти оянда хоҳиш мекунем, ки аҳолӣ, пеш аз ҳама ҷавононро бо ҷойи кор таъмин кунад. Баъд аз он коррупсияро аз байн барад."
  • "Тарафдори халқ бошад. Шаҳрро, пойтахтро обод кунад."
  • "Албатта, шукуфоии бештарро интизорем. Мо дар хонаҳои куҳна зиндагӣ мекунем ва гармӣ надорем. Мехоҳем, ки дар зимистон бо гармӣ таъмин бошем."
  • "Мехоҳем, ки Тоҷикистонро обод кунад. Ҳамаро бо як чашм бубинад. Ба ҳамаи камбизоатҳо, шахсони ба хонаву дар муҳтоҷ ва занони танҳо ёрӣ кунад."
  • "Ҳоло масъалаи муҳим муқобила бо бемории COVID-19 аст. Бигзор вазъи бемористонҳо беҳтар шавад. Ин якум. Дувум, масъалаи иқтисодӣ аст. Зиндагии мардумро беҳтар кунад, сокинон кор ёбанд ва маоши зиёдтар гиранд."
  • "Аз президенти оянда фақат тинҷиву оромӣ мехоҳему бас."
  • "Мушкили асосӣ муҳоҷирати корӣ аст. Корхонаҳо созанду мардум дар ҳамин ҷой кор кунанд ва ба муҳоҷират ба кишварҳои дигар нараванд."

Видеоро дар инҷо бинед:

Аз президенти ояндаи Тоҷикистон кору маоши бештар мехоҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Шумо аз президенти оянда чӣ мехоҳед? Дар зер навиштани назару пешниҳодҳои худро фаромӯш накунед.

Шарҳҳоро бинед (25)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG