Алишер Саидов, сокини 43-солаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон, ки ба қавли пайвандонаш ҳамагӣ чаҳор моҳ пеш ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта буд, дар ҷанги зидди Украина кушта шудааст.
Бародараш, Рустам Саидов, рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари марги Алишерро дар охири моҳи ноябр аз як қисми низомӣ дар Ростови лаби Дон гирифтанд, вале намедонанд “ӯ кай ва чӣ гуна ба ҷанг рафт”.
“Бори охир рӯзи 19-уми ноябр телефонӣ гап задем. Нагуфта буд, ки дар Украина аст. Мо ҳам фикр мекардем, дар Ростови лаби Дон аст ва машғули кори худ. Пас аз ду рӯз телефонаш қатъ шуд, занг зада натавонистем. Мегӯянд, дар ҷанг кушта шудааст,” – афзуд ӯ.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ба иттилои дарёфтии онҳо, ҳуҷҷати иқомати бародараш дар Русия пурра набудааст ва “эҳтимол сабаби ба ҷанг бурда шуданаш ҳамин бошад”. Вай шаҳрвандии Русияро надоштааст. Мақомоти Русия ва Тоҷикистон чунин мавридҳоро шарҳ намедиҳанд.
Ба нақли Рустам Саидов, бародараш чаҳор фарзанд дорад ва ҳамагӣ чаҳор моҳ пеш барои кор ба Ростови лаби Дон дар Русия рафта буд: “Дарвозаҳои оҳанин месохт. Ҳоло ба мо хабар доданд, ки ҷасадаш дар сардхона аст. Ду бародари дигарам дар Русия қарор доранд ва онҳо барои гирифтану фиристодани ҷасад ба Ростови лаби Дон рафтанд.”
Аз ин пеш, рӯзи 23-юми ноябр, ҷасади ду зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд, ба Душанбе оварданд. Тобути Сабзалӣ Раҳмонов аз ноҳияи Восеъ ва Шарофиддин Саидов аз ноҳияи Варзобро аз шаҳри Ростови лаби Дон ба Тоҷикистон интиқол дода, ба наздиконашон супурданд.
Шумори дақиқи тоҷикистониёне, ки аз тарафи Русия дар ҷанги зидди Украина иштирок мекунанд, нашр намешавад. Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар моҳи август гуфта буд, ки чунин омор “мавҷуд нест”.
Вале тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина моҳи майи соли ҷорӣ номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки аз ҷониби Русия дар ҷанги зидди ин кишвар иштирок доранд. Ҳамин тарҳ дар моҳи сентябр рӯйхати 446 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд.
Хешовандони аксари онҳое, ки хабари маргашон дар ҷанги Русия дар Украина мерасад, мегӯянд, фарзандонашонро бо фиребу зӯр ба ҷанг бурдаанд.
Қонунҳои Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сангинро пешбинӣ мекунад, вале ҳеч додгоҳ дар кишвар ягон ширкатдори ҷанги Украинаро муҳокима накардааст. Тоҷикистон яке аз ҳампаймонҳои стратегии Русия аст.