Марко Рубио, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки "хабарҳои хуш" аз музокирот бо Эрон метавонанд рӯзи 24-уми май расонаӣ шаванд. Ӯ дар ҷараёни сафар ба Ҳиндустон ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин гуфтугӯҳо "пешрафти назаррас" ба даст омадааст.
Айни замон мақомоти Эрон ин иддаоро рад карданд, ки боз кардани тангии муҳими Ҳурмуз бахше аз созиш барои поён додан ба ҷанги семоҳа аст, созише, ки ба гуфтаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, "дар умум ҳамоҳанг шудааст".
Ин раддубадалҳо як рӯз пас аз он сурат гирифт, ки Доналд Трамп нукоти асосии тарҳи созишро, ки ба қавли ӯ ба марҳалаи ниҳоӣ наздик шудааст, ошкор кард, вале ҷузъиёти онҳоро нагуфт.
Доналд, Трамп дар гузашта низ борҳо ишора карда буд, ки созиш наздик аст, вале баъдан пешниҳодҳои Эронро рад карда ва аз эҳтимоли ҳамлаҳои нав ба он кишвар мегуфт.
Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 24-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: "Музокирот ба таври муназзам ва созанда пеш мераванд ва ман ба намояндагони худ супориш додам, ки барои созиш шитоб накунанд, зеро вақт ба фоидаи мост."
Оташбасе, ки аввали моҳи апрел эълон шуда буд, дар умум риоя мешавад, ҳарчанд Эрон ба баъзе аз кишварҳои Халиҷи Форс ҳамлаҳои хурде кардааст.
Эрон ҳаракати киштиҳоро тавассути тангии гулӯгоҳи Ҳурмуз тақрибан имконнопазир кард ва ин сабаби якбора боло рафтани нархи ҷаҳонии нафту газ ва маҳсулоти кишоварзӣ шуд ва иқтисоди ҷаҳониро ба ларза овард.
Рубио зимни суҳбат бо хабарнигорон дар Ҳиндустон, ба имкони "хабарҳои хуш, ҳадди ақал дар робита ба" гулӯгоҳи Ҳурмуз ишора кард. Ӯ афзуд, ки ин оброҳа ба Эрон тааллуқ надорад. Марко Рубио рӯзи 24-уми май гуфт: "Агар мо иҷозат диҳем, ки ин ба як амри маъмулӣ табдил ёбад, мо як вазъи ғайриқобили қабулро қонунӣ мегардонем ва собиқаи хатарнокеро эҷод мекунем, ки метавонад дар ин минтақа ва чандин нуқтаи дигари ҷаҳон такрор шавад."
Як рӯз пеш аз ин Трамп гуфт, ки созиши мавриди баҳс боз кардани тангии Ҳурмузро дар назар дорад. Мақомоти Эрон гузоришҳо дар бораи онро, ки Теҳрон қасд дорад аз назорати феълии худ бар ин тангӣ даст кашад, рад карданд.
Иброҳим Зулфиқорӣ, сухангӯи артиши Эрон дар шабакаи Х навишт: «Ҳурмуз комилан таҳти назорати Эрон боқӣ мемонад. Мо замон, тарз ва кӣ будани онҳоеро, ки мегузаранд, муайян мекунем.»
Хабаргузории "Форс", ки ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ наздик аст, низ гуфт, ки боз кардани тангии Ҳурмуз ҳамчун бахше аз ҳар гуна созишномаи сулҳ "нокомил ва мухолифи воқеият аст".
Бино ба гузоришҳои тасдиқношуда аз Иёлоти Муттаҳида ва Эрон, ёддошти байни ду тараф лағви муҳосираи тиҷорати баҳрии Эрон аз сӯи Амрико ва боз шудани тангии Ҳурмузро пешбинӣ мекунад.
Бино ба ин гузоришҳо, сарнавишти ураниуми ғанишудаи Эрон, яке аз чанд баҳонае, ки Трамп барои оғози ҷанг оварда буд, бояд дар давоми 30 то 60 рӯз мавриди баррасӣ қарор гирад. Кохи Сафед аз Теҳрон хостааст, ки ураниуми ғанишударо, ки метавонад барои сохтани силоҳи атомӣ истифода шавад, аз қаламраваш берун кунад.
Рӯзномаи "The New York Times" бо такя ба манобеъе дар ҳукумати Амрико навишт, ки Эрон дар чаҳорчӯби созиш ба даст кашидан аз ураниуми ғанишудаи худ розигӣ додааст. Рубио рӯзи 24-уми май дар мусоҳиба бо "The New York Times" гуфтааст, ки барои дастёбӣ ба созиши ҳастаӣ вақт лозим аст.
Ӯ гуфтааст: "Мо ин масъаларо барои баъд мегузорем. Музокироти ҳастаӣ мавзӯъҳои комилан фаннӣ мебошанд. Шумо наметавонед масъалаи ҳастаиро дар давоми 72 соат ҳал кунед." Покистон, ки байни Вашингтон ва Теҳрон нақши миёнаравро мебозад, Осим Мунир фармондеҳи артишро, барои тақвияти талошҳои сулҳ ба Теҳрон фиристод.
Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ва Муҳаммадбоқир Қолибоф раиси бонуфузи парлумон рӯзи 23-юми май дар Теҳрон бо Осим Мунир гуфтугӯ карданд.
Қолибоф, ки ҳамчун яке аз музокиракунандагони асосии Теҳрон эътироф шудааст, пас аз мулоқот бо Мунир изҳор дошт, ки Эрон дар мавриди "ҳуқуқи миллии" худ гузашт нахоҳад кард. Ӯ ҳамчунин Вашингтонро ба пешбурди музокироти бадниятона муттаҳам намуд.
Сарнавишти Ҳурмуз
Боз кардани тангии Ҳурмуз барои ҳукумати Трамп аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Боло рафтани нархи бензин ва таварруми густурда боиси норозигии амрикоиҳо аз тасмими Трамп барои оғози ҷанг шудааст.
Бино ба гузоришҳои сершумор, Эрон пешниҳод кардааст, ки Мудирияти Халиҷи Форс таъсис дода шавад, то ҳаракати киштиҳоро танзим кунад ва барои транзит ҳаққи хидмат ё боҷ бигирад.
Аммо ин пешниҳод кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс ва ҳукуматҳои ғарбиро нигарон кардааст, зеро онҳо бим доранд, ки Теҳрон барои назорати дарозмуддат бар ин оброҳаи муҳим талош мекунад.