Абдуллобек Қувватбеков, маъруф ба Мавлавӣ Абдуллои Язгуломӣ, рӯҳонии шинохта баъди панҷ сол аз зиндон озод шудааст.
Ду нафар аз пайвандони ин рӯҳонӣ 8-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Мавлавӣ Абдуллои Язгуломӣ чор рӯз пеш озод шуд ва ҳоло дар назди пайвандонаш аст.
"Ӯ панҷ сол муҳлати ҷазоро пурра адо кард ва баъд озодаш карданд", - гуфт яке аз наздикони ин рӯҳонӣ.
Дар наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид дида мешавад, ки ин рӯҳониро шабона ба хонааш овардаанд.
Мавлавӣ Абдуллои Язгуломӣ моҳи июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе боздошт шуд ва се моҳ пас додгоҳ ӯро барои “даъват ба ифротгароӣ тариқи интернет” ба панҷ сол зиндон маҳкум кард. Ду шогирди ин рӯҳонӣ чорунимсолӣ аз озодӣ маҳрум шуда буданд. Наздикони Мавлавӣ Абдуллоҳ он вақт ҳукмро ноодилона хонданд.
Мавлавӣ Абдуллои Язгуломӣ зодаи ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ буда, дар ин ноҳия аз эътибори хос бархӯрдор аст. Наворҳои зиёде аз маъвизаҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, вале дар ниҳоят маълум нашуд, ки кадом аз онҳоро мақомот "даъват ба ифротгароӣ" унвон карданд.
Тайи солҳои ахир шумори зиёде аз зодагони Язгулом ба иттиҳоми "ифротгароӣ" маҳкум ба зиндон шудаанд.
Аз ҷумла, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2024-ум 31 нафарро аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз 2 то 23 сол ҳабс маҳкум кард. 27 нафари онҳо дар ноҳияи Ванҷ дастгир шуда, чор тани дигарро аз хориҷ овардаанд.
Соли гузашта ҳам Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ беш аз 10 зодаи Язгуломро ба муҳлатҳои гуногун маҳкум ба зиндон кард.
Язгулом ҷамоате дар ноҳияи Ванҷ аст, вале баъзе аз зодагонаш дар пойтахт ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.