Дар ҳоле ки тоҷирону соҳибкорони тоҷик аз санҷишҳои зиёду пайваста ва гаронии молиёт ё андоз шикоят доранд, баъзе аз сармоягузорон аз Узбекистон барои сохтани корхонаҳои азим ба шимоли Тоҷикистон омадаанд.
Яке аз ин корхонаҳо "Суғдметал" аст, ки моҳи марти соли 2025 бо харҷи ним миллиард сомонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба кор сар кард. Мақомот гуфтанд, яке аз сармоягузоронаш соҳибкоре аз Узбекистон аст.
Масъулони корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении "Технологияи полимерӣ" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ гуфтанд, ки дар ду соли гузашта бо ёрии мутахассисон аз Узбекистон шароити корро беҳтар кардаанд.
Ин корхона соли 2009 бо пули соҳибкори тоҷик фаъол шуда, аммо дертар ва ба далели ҷавобгӯ набудани маҳсулоташ ба талаботи бозор бо душворӣ дучор шуда буд.
Равобити Тоҷикистону Узбекистон, ки дар гузашта ба далели баҳси роҳу обу нерӯгоҳ ба сардӣ печида буд, баъд аз марги Ислом Каримов ва ба қудрат омадани Шавкат Мирзиёев беҳтар шуд.
Пештар Оҷонси омори Узбекистон гузориш дода буд, ки теъдоди корхонаҳо бо сармояи соҳибкорони тоҷик дар ин кишвар рӯ ба афзоиш будааст. Ҳоло дар Узбекистон 410 корхона бо сармояи соҳибкорони тоҷикистонӣ кор мекунанд. Моҳи ноябри соли гузашта теъдоди ин корхонаҳо 357 адад буд.
Дар ҳамин додугирифт байни Тоҷикистону Узбекистон афзуда, дар чор моҳи аввали имсол ба тақрибан 285 миллион доллар расидааст.
Аз Тоҷикистон ба Узбекистон бештар маъдан, нерӯи барқ, ангишт, алюминий, нахи пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст. Аз Узбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ, маҳсулоти нафтӣ, нерӯи барқ, масолеҳи сохтмонӣ, ҷиҳози хона ва маҳсулоти филизӣ овардаанд.
Ду кишвар мехоҳанд, дар чор соли оянда додугирифтро ба ду миллиард доллар расонанд.
Қаблан чанде аз соҳибкорони узбекистонӣ шикоят карда буданд, ки маъмурони гумруки Тоҷикистон бо таъхир дар ҳуҷҷатгузорӣ барои воридоти молу маҳсулот монеагузорӣ мекунанд.
Навор дар Инстаграм: