Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе. ВИДЕО


Дастрасӣ ба иттилоъ, озодии баён ва маблағгузории нокофӣ аз мушкилотест, ки хабарнигорон дар кишварҳои пасошӯравӣ бештар рӯ ба рӯ мешаванд.

Созмонҳои байналмилалӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро барои риоя накардани озодии баён ва фишор ба расонаҳо танқид мекунанд.

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00


Ҳудуди 150 журналист дар шаҳри Душанбе дар доираи аввалин фестивали "Media Camp Fest" мушкилоти соҳа ва роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ карданд.

Оля Кавалёва аз Қирғизистон ба ин фестивал омада буд. Ӯ таҷрибаи панҷсолаи хабарнигорӣ дорад.

Вазъи расонаҳо дар Қирғизистон дар қиёс ба дигар кишварҳои минтақа хубтар арзёбӣ мешавад.

Аммо Оля мегӯяд, расонаҳо дар кишвараш хуб маблағгузорӣ намешаванд.

“Аксари расонаҳо дар Қирғизистон ба касе таалуқ доранд. Албатта ҳастанд ВАО-и давлатӣ, ки аз буҷа маблағгузорӣ мешаванд, вале қисми зиёдашон ширкатҳои хусусианд, ки маблағгузориашон аз кадом шахсе вобаста аст. Ба ҳамин хотир мутаасифона амалӣ шудани лоиҳаҳо аз онҳо вобастагӣ дорад”,--гуфт ӯ.

Оля мегӯяд, фазои журналистикаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хуб медонад. Ба гуфти ӯ, ба фарқ аз хабарнигорони тоҷик ҳамкасбонаш дар Қирғизистон ба дастрасии иттилоъ мушкилӣ надоранд. Дар Қазоқистон бошад, мисли Тоҷикистон озодии баён риоя намешавад.

Ӯ гуфт, медонад, ки рӯзноманигорон дар Қазоқистон ҳангоми навиштани матлабҳои ҷиддӣ эҳтиёт мекунанд, чун “дар сурати баёни сухани ноҷое онҳоро дар мошин бор карда, ба ҷое мебаранд, ки мо хуб медонем”.

Қазоқистонро ӯ аз кишварҳое медонад, ки “он ҷо озодии баён нест.”

Абдулло тоза донишгоҳро бо ихтисоси хабарингор хатм кардааст. Мегӯяд, донише ки давоми чанд сол дар донишгоҳ аз худ кардааст, дар фаъолияти амалиаш ба кор намераванд.

“Яъне, журналистика бештар як фаъолияти амалӣ аст ва намешавад, ки дар як донишгоҳ чанд қойда аз ёд карда журналист шавӣ. Бештар ба он ақида ҳастам, ки журналистика як фаъолияти амалӣ аст, фаъолияти эҷодӣ аст»--гуфт ӯ.

Всеволод Пуля, сармуҳаррири «Russia Beylond” аст. Ба қавли ӯ мушкилоти ВАО дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин аст, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти дарёфткардаашонро камтар паҳн мекунанд.

“Нашрияҳое ҳастанд, ки сомонаашонро масдуд мекунанд ва ман инро барои расонаҳо бори зиёдатӣ меҳисобам. Мардум кайҳо боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо фаъоланд. Аз ин ру васоити ахбори оммае, ки хонандаи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар мекунанд, муваффақанд ва ман инро дар Тоҷикистон мушоҳида мекунам”,--гуфт ӯ.

Фестивали Media Camp Fest то 21 сентябр давом кард. Дар ин муддат созмондиҳандагони он барномае тарҳрезӣ кардаанд, ки журналистҳо донишу таҷрибаи худро дар миён гузошта ва ҳамчунин ҳамақидаҳову ҳамфикрони худро пайдо мекунанд.

Созмони Хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders) дар гузориши солонаи худ Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои саркӯбгари озодии баён ва наздик ба хатти "сиёҳ" ҷой дода буд.

Дар раддабандии имсолаи созмон Тоҷикистон 12 зина поин рафт ва дар байни 180 кишвар дар мақоми 161-ум қарор гирифт. Соли гузашта Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои риояи озодии баён дар ҷойи 149-ум буд. Қирғизистон дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна ҷойи аввалро дорад. Қазоқистон дар ҷойи дуввум аст.

Туркманистон чанд зина аз Тоҷикистон поён аст, вале Узбекистон панҷ зина боло рафта, дар мақоми 160-ум қарор гирифтааст, ки як зина болотар аз Тоҷикистон аст.

Шарҳҳоро бинед

XS
SM
MD
LG