Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси Душанбе. Сотсиалистҳо ҷои коммунистҳоро гирифтанд. ВИДЕО, САДО


Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар интихоботи миёндаврии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пирӯз омад ва як курсии холимондаи коммунистҳоро соҳиб шуд.

Дар интихоботи миёнадаврии рӯзи 6-уми май панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон барои се курсии холимондаи Маҷлиси вакилони халқи Душанбе вориди сабқат шуданд. Дар интихоботи миёндаврӣ ду номзад аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва як номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон пирӯз шуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Маҷлиси Душанбе. Курсии коммунистҳоро сотсиалистҳо гирифтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

"Интихобот дар доираи қонун баргузор шуд"

Абдуллоҳ Холиқов, раиси Комиссияи интихоботии Маҷлиси вакилони Душанбе, рӯзи 7-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин интихобот 8 номзад аз 5 ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла ду номзад аз ҲХДТ, ду номзад аз Ҳизби коммунист, ду номзад аз ҳизби сосиалистӣ ва як номзади аз ҳизбҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва аграрӣ рақобат карданд. Холиқов афзуд, "интихоботи 6-уми май дар доираи қонун баргузор шуда, то анҷоми он шикояти расмие ба КМИР нарасидааст".

Абдуллоҳ Холиқов, раиси Комиссияи интихоботии Маҷлиси вакилони Душанбе.
Абдуллоҳ Холиқов, раиси Комиссияи интихоботии Маҷлиси вакилони Душанбе.

Интихоботи миёндаврӣ дар Маҷлиси вакилони халқи пойтахт баъди он баргузор шуд, ки се вакил бо сабабҳои мухталиф курсиҳои худро холӣ карданд. Моҳи марти имсол ду курсиро Шаҳноз Раҳматуллозода бинобар таъйин шудан ба вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ва Шоҳ Давлатов бо сабаби иқомати доимӣ дар хориҷи кишвар, холӣ карданд.

Курсии сеюми холимонда аз Субҳон Сафиаллоев, намояндаи коммунистҳо буд, ки аз баъд аз боздошташ аз ҷониби Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба қаллобӣ муттаҳам ва билофосила ваколати ӯ қатъ шуд. Мақомот гуфтанд, Сафиаллоев гӯё худро мушовири Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президенти Тоҷикистон муаррифӣ карда, аз корхонае 12 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Сотсиалистҳо ҷои коммунистҳоро гирифтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00
Линки мустақим

Намояндаи сотсиалистҳо дар Маҷлиси шаҳри Душанбе

Пизишк Миҷгона Рустамова дуввумин намояндаи сосиалистҳо дар Маҷлиси вакилони халқи Душанбе аст, ки бо гирифтани беш аз 57 дарсади овозҳо, курсии холишудаи намояндаи комунистҳоро соҳиб шуд. Ба гуфтаи Зариф Наимов, муовини раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, хонум Рустамова 30 сол дошта ба ҳайси табиб дар бемористони Истиқлол кор мекардааст.

Вай гуфт Миҷгона Рустамова бо барномаҳои некуаҳволӣ, ба хусус беҳдошти вазъи тандурустӣ вориди корзори интихобот шуда буд. Масъулини Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки пирӯзии онҳо дар пайи ҳузур надоштани ҳизби ҳоким имконпазир шудааст. Зариф Наимов гуфт, як сабаби дигари пирӯзии номзади ҳизбашонро тафовути сину соли ва ҷинс будааст. Дар ҳавзаи интихоботии 20 бо Миҷгона Рустамова, номзади 67-солаи Ҳизби коммунист сабқат кард.

Корзори ороми интихоботӣ дар Душанбе

Ду номзади дигар аз ҳизби ҳоким дар ин интихобот бо гирифтани райъи бештар пируз шуданд. Аз ҷумла Нурҷаҳон Исмоилови 36-сола, раҳбари муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе” аз ҳавзаи рақами 53 ва бо 67.5 дарсади раъйҳо ва Азизиён Самӣ Солӣ номзади дигари ин ҳизб бо 69,7 фисад ба рақибони худ аз дигар ҳизбҳои сиёсӣ пируз шуданд.

Барномаҳои пеш аз интихоботии номзадҳо якранг буда, ба таври маъмул барои беҳбуди вазъи зиндагии дар пойтахт равона шудааст. Корзори интихоботии вакилони халқи Душанбе, мисли аксар интихоботҳои гузашта оромро баргузор шуд. Дар қиёс ба интихоботҳои гузашта ин навбат Ҳизби сотсиал-демократ ва Ҳизби демократ номзад пешбарӣ накарданд.

"Курсиҳо тибқи машварат ба ҳизбҳо дода мешаванд"

Ҳарчанд масъулони КМИР дар Душанбе, интихоботро одилона баҳогузорӣ мекунанд, аммо таҳлилгарон мегӯянд, дар умум натиҷаи интихобот аз қабл маълум буд ва бояд номзади ҲСТ барои риояи мувозинат дар як тарафи тарозу буд.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ.
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ ҳам бар ин назар аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ вобаста ба тавони молии худ имкони тарғиботи густурдаи намояндаи худро надоранд. Ба гуфтаи ин таҳлилгар, таъини номзадҳо ба курсиҳои холимонда аз қабл тарҳрезӣ мешаванд: “Ҳизбҳои кисагӣ", ки шумораашон маълум аст, дар натиҷаи машварат ва маслиҳат баъзе курсиҳоро соҳиб мешаванд ва ин аз воқеият дур нест".

Маъракаи пеш аз интихоботии номзадҳо ҳам чандон чашмрас набуд ва ин аст, ки аксари ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар кучаҳои Душанбе аз баргузории чунин як маъракаи сиёсӣ изҳори бехабарӣ карда, ҳамзамон як ё ду вакили шаҳриро низ номбар накарданд.

Таҳлилгарон мегӯянд, бо рафтани ҳизби ҳамакнун мамнуи наҳзат ва камранг шудани ҳизби сосиал-демократҳо, фазо барои ҳизби ҳоким ва дигар ҳизбҳои сиёсӣ васеъ шуд. Ин аст, ки камранг шудани чунин маъракаҳои сиёсиро ҳам дар набудани рақобати ҷиддӣ миёни номзадҳои аҳзоб медонанд. Ҳамин тавр маъмулан ҳизбҳои сиёсии вориди корзор ишораи “боло”-ро интизор мешаванд.

XS
SM
MD
LG