Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нархи патенти кор барои муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО


Мақомоти чанде аз шаҳру вилоятҳои Русия, аз ҷумла Маскаву Тюмен ва Самара эълон карданд, ки аз моҳи январи соли 2020 нархи патент ё иҷозаи кор барои муҳоҷирони кориро боз боло мебаранд. Нархи патент дар шаҳру вилоятҳои ин кишвар аз ҳам фарқ дорад.

Муҳоҷирони тоҷик ҳамеша зидди чунин тасмими мақомоти Русия будаанд, чун ба гуфтаи онҳо бахши муҳими даромадашонро "мехӯрад", вале дар иваз ҳеч сабукӣ намедиҳад.

Русия соли 2015 муқаррароти доштани ҳатмии патенти корро ҷорӣ кард ва буҷаи он кишвар ҳар сол аз ҳисоби пардохтҳои муҳоҷирони корӣ миллионҳо доллар фоида мебинад.

Мақомоти Маскав, ки аксари муҳоҷирон дар ин шаҳр кору зиндагӣ мекунанд, нархи якмоҳаи патентро аз 5 ҳазор рубли ҳозира то ба 5350 рубл боло бурдаанд. Муҳоҷирон бе патент ҳаққи кор дар Русияро надоранд ва дар сурати надоштани он ҷарима ва аз қаламрави он кишвар ихроҷ карда хоҳанд шуд.

Аз ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия Каримҷон Ёров пурсидем, ки гарон шудани нархи патенти кор ба зиндагии муҳоҷирони тоҷик ва кори онҳо чӣ таъсир хоҳад дошт? Ҷавоб ба ин суол ва масоили дигарро дар ин навори видеоӣ бинед:

Шарҳҳоро бинед (5)

XS
SM
MD
LG