Любов Черникова, сокини Данғара чандест бо акси ду фарзандаш дар ба дари мақомот мегардад. Вай ба чандин ниҳод, аз КДАМ гирифта, то Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат намуд, то фарзандони ноболиғаш аз Туркия баргардонида шаванд.
Ӯ иддао дорад, ки шавҳари собиқаш - шаҳрванди Туркия, моҳи маи соли 2025 бе иҷозаи ӯ фарзандони 5 ва 8-солаашро аз Тоҷикистон ба Туркия бурд ва акнун аз онҳо хабаре надорад.
Бо Сердар Демирдаг, падари фарзандонаш вай соли 2016 дар Туркия ақди никоҳ бастааст. Ба гуфтааш, то соли 2021 зиндагии хуб доштанд, вале, ба иддаои Черникова, сабаби сар задани муноқишаву ҷудоӣ ҳам ин шуд, ки падари фарзандонаш пайваста маст шуда, ӯро латукӯб мекард.
Мегӯяд, баъди ҷудо шудан аз шавҳараш дар Туркия, мард борҳо талош кардааст, ки кӯдаконро аз ӯ бигирад. Ӯ дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дар хона ҷанг мекард, моро бо кӯдакҳо аз хона пеш мекард. Чанд бор корд гирифта дар гулӯям монда буд. Ба ҳамин хотир ман ба консулгарии Тоҷикистон дар Анкара муроҷиат карда, хостам бо кӯдакони ноболиғам ба Тоҷикистон баргардам. Бо кӯмаки консулагрии Тоҷикистон соли 2021 ҳуҷҷати бозгашт ба ватан карда, ба Тоҷикистон омадем”.
Талоши Радиои Озодӣ барои пурсидани назари Сердар Демирдаг бенатиҷа буд. Дар як муроҷиати хаттиаш ба додгоҳи ноҳияи Данғара ва ҳам мақомоти Туркия вай гуфтааст, ки ҳамсари пешинаш ғайриқонунӣ фарзандонашонро ба Тоҷикистон бурдааст. Дар хулосаи додгоҳи оилавии шаҳри Манавгати Туркия ҳам, ки дастраси Озодӣ шуд, омадааст, шаҳрванди Тоҷикистон, кӯдаконро "дар хона танҳо гузошта, зӯроварӣ мекунад".
Любов Черникова ин ҳамаро беасос мехонад ва баръакс мегӯяд, будани кӯдакон бо падар бехатар нест. Ба гуфтаи ӯ, баъди бозгашт аз Туркия вай бо кӯдакон дар Данғара зиндагии хуб дошт, вале моҳи апрели 2025 барои аёдати модари маризаш ба Русия рафт ва фарзандонашро бо ваколатнома муваққатан дар тарбияи як зани шиносаш монд. Мегӯяд, вақте баргашт, онҳоро наёфт.
Любов Черникова мегӯяд: «Модарам, ки бемор буд, омада натавонистам. Баъди даргузашташ кӯшиш кардам кӯдакҳоро пайдо кунам. Баъде, ки омадам, хонаи он зан рафтам, дарашро накушод. Маҷбур шудам бо ариза ба ҳама мақомоти дахлдор муроҷиат кунам. Ба ҷойе, ки ба ман кӯмак кунанд, дар ВКД хуб гап назаданд. Гуфтанд, «даст каш аз ариза».
Ҳоло Черникова аз болои он зан ҳам ба мақомот шикоят бурдааст. Занеро ӯ, ки барои мусоидат дар дуздида шудани фарзандонаш муттаҳам мекунад, дар сӯҳбати телефони бо Озодӣ гуфт, асли воқеа тамоман дигар аст. Ӯ нахост муаррифӣ шавад, аммо гуфт, Черникова, ки шароити таъмини кӯдаконро надошт, онҳоро бо рақами телефони шавҳараш ба ӯ супурда, гуфтааст ба Украина меравад.
Зани тоҷике, ки муваққатан ба фарзандони Черникова нигоҳ кардааст, дар тамоси телефонӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ чунин гуфт:
“Зан бо ман дар беморхона буд. Гуфт, «ҷойи мерафтагӣ надорам, дар кӯча мондаам». Гуфтам, «ман бо кӯдакон дар хона танҳоям, биё дар як хона бо ман меистем». Ду моҳ пас гуфт, «ман дигар илоҷ надорам, дар Тоҷикистон кор намеёбам ва меравам». Кӯдаконро монду рафт. Ман ба падари кӯдаконаш занг задам ва гуфтам, «агар ба Шумо фарзандатон даркор бошад. омада баред». Вай омад, кӯдакҳоро ба сафорати Туркия бурд. Онҷо аз кӯдакон пурсиданд, ки ин мардро мешиносед? Онҳо “баба” гуфта ба оғӯшаш давиданд. Ҳама ҳуҷҷатҳоро мард оварду гирифта бурд онҳоро”.
Дар посух ба муроҷиати Черникова дар Кумитаи марзбонӣ гуфтаанд, ки кӯдакон аз кишвар бо шиносномаи тоҷикӣ бароварда нашудаанд. Аз Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ ҳам ба ӯ навиштаанд, ки дархосташ барои баррасӣ ба Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ва мақомоти дахлдор ирсол шудааст. Зан мегӯяд, фарзандонаш шаҳрвандони Тоҷикистонанд, аммо ба гуфтаи ҷониби дигар, онҳо дар Туркия ба дунё омадаву шаҳрвандии он кишварро доранд.
Маълум нест қазия бо чӣ меанҷомад, аммо Черникова мегӯяд, талошҳояшро барои баргардонидани кӯдакон идома медиҳад. Ин бори аввал нест, ки издивоҷи занони тоҷик бо шавҳарони хориҷӣ ба баҳсу муноқишаҳои додгоҳӣ сари фарзандон анҷом меёбад.
Гуфтугӯ