Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои ҳуқуқи инсони Русия: "Қотили Ҳувайдо ҷазои сангин хоҳад гирифт"


Евгений Бобров, муовини раиси Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия рӯзи 27-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар мавриди ҷазо гирифтани қотили тифли 5-солаи тоҷик Ҳувайдо дар Серпухово, шакке нест.

Вай гуфт, "мо дар шӯро ин қазияро аз наздик пайгирӣ дорем. Мехоҳам гӯям, ки дар тафтишоти ин ҷиноят ба масъалаи миллат, шаҳрвандӣ ва ё, дини ҷабрдидагон таваҷҷуҳ нахоҳанд кард. Дар ин масъала бояд ҳеҷ гуна каҷфаҳмӣ набояд дошта бошад. Тафтишот идома дорад ва мутмаин ҳастам, ки ҷинояткор ба ҷазои сахтии қонун маҳкум хоҳад шуд".

Роҳбарони шӯъбаи пулиси Вазорати умури дохилии Русия дар ноҳияи "Серпухово" пас аз ҳодисаи таҷовуз ва қатли Ҳувайдои 5-сола аз Тоҷикистон, аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Евгений Бобров гуфт, агар пайвандону наздикон ва ё вакилони дифои ҷониби ҷабрдида дар қазияи Серпухово кадом як тарафгирӣ ва ё, ноадолатиро дар рафти тафтишот мушоҳида кунанд, Шӯрои ҳуқуқи инсон омодааст ба ин қази расидагӣ кунад. "Айни замон ба унвонии шӯро дар ин бора ҳеҷ шикояте нарасидааст", гуфт ӯ.

Бобров афзуд, дар ҳодисаи ҷудогонаи фавти кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик дар идораи пулис дар шаҳри Санкт- Петербург, бархе нобовариҳо ба амалкарди тафтишот ба вуҷуд омада буд ва барои мушахас кардани ҳолати кор ба ин шаҳр рафта буд.

"Ман шахсан ин қазияро рафта омӯхта будам. Омӯзиш нишон дод, ки воқеан кӯдак гирифтори вирусе будааст, ки дар як лаҳза хуруҷ мекунад ва касро аз байн мебарад. Аз ин рӯ бо боварии том гуфта метавонам, ки фавти ин тифл тасодуф буда барқасд нашудааст".

Барканории 4 афсари пулиси Маскав

Роҳбарони шӯъбаи пулиси Вазорати умури дохилии Русия дар ноҳияи "Серпухово" пас аз ҳодисаи таҷовуз ва қатли Ҳувайдои 5-сола аз Тоҷикистон, аз мақомҳояшон барканор шуданд. Кормандони пулис барои беэътиноӣ ба арзи сокинон нисбат ба кӯдакозоре, ки Ҳувайдоро ба қатл расонд, аз вазифаашон барканор шуданд.

Татяна Петрова, роҳбари хадамоти матбуоти раёсати Вазорати умури дохилаи Росия дар вилояти Маскав рӯзи 26-уми июл бо нашри як баёния дар сомонаи расмии ин ниҳод гуфтааст, ки бо фармони роҳбари ин раёсат чор афсари шӯбаи корҳои дохилаи "Серпуховское" аз кор барканор шуданд

"Пас аз санҷиш, муовини роҳбари шӯъбаи корҳои дохилаи "Серпуховское", роҳбари шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ду корманди дигари пулис аз вазифа барканор шуданд. Ҳамчунон ба роҳбари раёсати кор бо ноболиғон барои пурра иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ танбеҳи сахти интизомӣ дода шуд",-омадааст дар ин баёния.

Дафни Ҳувайдои 5-сола дар Кӯлоб дар паҳлӯи гӯри бобову бибӣ

Татяна Петрова дар идома гуфтааст, роҳбари шӯъбаи пулиси "Сепуховское" айни замон дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад ва пас аз дубора ба кор ҳозир шудан, ӯ низ аз вазифааш сабукдӯш хоҳад шуд.

Ҷасади Ҳувайдои 5-соларо ба Душанбе оварданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Ҳувайдои 5-сола шарҳванди Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидонаш Абдусалом Саидов ва Гулнора Шарипов зиндагӣ мекард, рӯзи 22-уми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпухово ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи рӯзи 23-уми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия, дар ҷасади кӯдаки 5-сола осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида мешавад.

Боздошти ҷинояткори хатарнок

Пас аз як рӯз мақомот Александр Сёмин як сокини ҳамин маҳалларо ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят боздошт карданд ва ҳоло ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Додгоҳи шаҳри Серпухово як рӯз баъд амр дод, ки Александр Сёмин, муттаҳам ба таҷовуз ва қатли духтари 5-солаи тоҷик дар боздошт бимонад, зеро барои атрофиён хатар дорад.

Зимни қироати қарори додгоҳ, додраси парванда гуфт, "азбаски Александр Сёмин ба ҷиноятҳои фавқуллода вазнин муттаҳам мешавад ва барои ҷомеа хатар дорад ва мумкин аст, аз ҷавобгарии ҷиноӣ фирор кунад, барои ҳамин зарур аст, ӯ дар боздоштгоҳ бимонад."

Ба гуфтаи додраси рус, Александр Сёмин, ҳангоми боздошт аз додани баёнот худдорӣ карда ва дар ҳузури вакилонаш гуфтааст, ки "дар ин ҷиноят даст надорад".

Аммо додгоҳи шаҳри Серпуховои вилояти Маскав гуфт, ки далелҳое, ки муфаттишон пешниҳод кардаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки Александр Сёмини 28-сола дар таҷовузи ҷинсӣ ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5-солаи хонаводаи муҳоҷири тоҷик даст дорад.

Ҳувайдо дар Кӯлоб ба хок супурда шуд

Тангдастӣ ва набуди кору зиндагии хуб, 10 соли пеш Абдусалом ва Гулнора -- падару модари Ҳувайдоро ба муҳоҷират бурд. Абдусалом мегӯяд, намехост фарзандонаш аз падару модар дур бошанд ва бо вуҷуди мушкилот онҳоро бо худ ба муҳоҷират бурд. Тасаввур намекард, ки рӯзе муҳоҷират ӯро аз духтари нокомаш барои ҳамешагӣ ҷудо мекунад. Дар сохтмонҳои Русия кор ва зиндагии хонаводаро таъмин мекард.

Ҷасади сарди Ҳувайдоро, ки дар қатори се тобути дигари муҳоҷирон субҳи 25-уми июл аз Маскав ба Душанбе оварданд, наздиконаш ба Кӯлоб бурданд. Маросими ҷанозаи Ҳувайдои панҷсола худи ҳамон рӯз дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини ин шаҳр баргузор шуд ва дар оромгоҳи Тамоштеппа дар паҳлӯи бибӣ ва бобои падариаш, ба хок супурда шуд.

Нотаи Тоҷикистон ба Русия

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки "куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо, ки рӯзи 22 июли соли 2018 дар шаҳри Серпухово рух дод, боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид."

Дар баёнияи вазорат аз рӯзи 24-уми июл омадааст, ки мақомоти вазорат ба унвони вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт фиристода ва хостанд, ки "тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад."

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам гуфт, ки Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ бо ирсоли барқияи расмӣ аз ҳамтои руси худ хостааст, тафтиши парвандаро зери назорат бигирад.

Куштори як кӯдаки 5-сола бо бераҳмӣ ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Онҳое, ки доду фиғони волидони Ҳувайдоро дар фурудгоҳ мешуниданду тобутҳои пайиҳами муҳоҷиронро медиданд, таъкид мекарданд, ки ҳукуматҳои ду кишвар бояд шароити муҳоҷиронро хубтар кунанд.

То чунин ҳодисаҳо дигар такрор нашавад ва тоҷике, ки бо пойи худ барои зиндагии беҳтар ба ин кишвар меравад, бо ҷисми сарду хунолуд баргардонида нашавад.

XS
SM
MD
LG