Қарор аст, дар Молдова рӯзи 28-уми сентябр интихоботи порлумонӣ баргузор шавад.
Ҳукумати ин кишвар барои муқобилият бо дурӯғпароканӣ бо шабакаҳои иҷтимоие мисли TikTok, Facebook ва Instagram ҳамкориро оғоз кардааст, вале ба гуфтаи коршиносон, ин ҳамкорӣ суст ҷараён дорад.
TikTok изҳорот додааст, ки ҳазорон саҳифаи фейкиро пок кардааст, вале мунтақидон мегӯянд, вазъ зиёд тағйир накардааст.
Моҳи август як маркази маҳалии таҳқиқотӣ 910 саҳифаро пайдо кард, ки ба паҳн кардани дурӯғпарокании Русия машғуланд.
Ин шабакаҳо Иттиҳоди Аврупо, талошҳои пайвастани Молдова ба ин иттиҳод ва мансабдорони ҷонибдори арзишҳои аврупоиро сахт танқид мекунанд.
Дар замони интихоботи президентӣ ин саҳифаҳои фейкӣ зидди Мая Санду, президенти ғарбгарои Молдова дурӯғ мебофтанд.
Ҳоло ин саҳифаҳо аз номи шаҳрвандони одӣ видеоҳои сохтаеро бо чеҳраҳои одамони одӣ паҳн мекунанд, ки гуё аз номзадони мавриди алоқаи Русия пуштибонӣ мекунанд.
“Қаҳрамон”-ҳои ин наворҳои сохта занҳои одии деҳотӣ ва кишоварзоне ҳастанд, ки аз забонашон ба манфиати номзадҳои тарафдори Русия тарифу тавсия садо медиҳад.
TikTok тасдиқ кардааст, ки 4500 матлаби нашршуда ва 100 ҳазор саҳифаҳои сохта, ки қоидаи истифода аз ин шабакаро вайрон карда, ба дурӯғпароканӣ, таҳқири интихобкунандагон бо истифода аз ҳуши маснӯъӣ машғул буданд, нобуд кардааст.