Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон дар интихоботи Маҷористон пирӯз шудаанд

Петр Мадяр, роҳбари ҳизби "Тиса", ки дар интихобот пирӯз шуд
Петр Мадяр, роҳбари ҳизби "Тиса", ки дар интихобот пирӯз шуд

Тибқи натиҷаҳои пешакии интихоботи порлумонӣ дар Маҷористон ё Венгрия, ҳизби мухолифи "Тиса" ғалаба ба даст овард. Ба ин тартиб, Виктор Орбан баъди 16 сол курсии нахуствазириро дар Маҷористон аз даст дод.

Петр Мадяр, роҳбари ҳизби "Тиса" шоми якшанбе навишт, Виктор Орбан ӯро ба ғалаба дар интихобот табрик кардааст. Худи Орбан ҳам дар ҳузури тарафдоронаш гуфт, натиҷаи интихоботро қабул мекунад ва ҳамчун ҳизби мухолиф дар хидмати ватанаш хоҳад буд.

Виктор Орбан дар ҳузури тарафдоронаш
Виктор Орбан дар ҳузури тарафдоронаш

"Натиҷаи интихобот барои мо дарднок, вале фаҳмо аст. Масъулият ва имконияти идораи кишвар ба мо дода нашуд. Ман ҳизби ғолибро табрик мекунам", - гуфт Орбан дар ҳузури тарафдоронаш.

Комиссияи марказии интихоботи Маҷористон баъди ҳисоби қариб ҳама баргаҳои раъй эълон кард, ки 53,6 дарсади раъйдиҳандагон ба тарафдори ҳизби "Тиса" ва 37,8 дарсад ба ҷонибдории ҳизби "Фидес" овоз доданд. Ба ин тартиб ҳизби "Тиса" аз 199 курсии порлумон 138 курсиро азхуд мекунад.

Петр Мадяри 45-сола, номзади муҳофизакор, аммо тарафдори Аврупо аст, ки ба мардуми кишвараш ваъдаи "тағйири низом"-ро додааст. Мадяр гуфтааст, дар аввалин сафари хориҷиаш ба Варшава, Вена ва Брюссел меравад.

Дар интихобот 78 дарсади шаҳрвандони ҳаққи раъй ширкат кардаанд, ки ҳадди ақал дар 20 ахир натиҷаи баландтарин аст.

Петр Мадяр, роҳбари ҳизби "Тиса" дар ҳузури тарафдронаш дар Будапешт гуфт, "мо ин корро анҷом додем".

Натиҷаҳои интихоботи порлумонии Маҷористон барои Аврупо ва ҳам Украина муҳим гуфта мешавад. Чун Виктор Орбан аз мухолифони расондани кумак ба Украина аст ва борҳо бо Киев вориди баҳсҳои лафзӣ шудааст. Аз ҷумла моҳи феврали имсол Маҷористон ва Словакия мухолифи тасдиқи бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русия шуданд. Мақомоти Венгрия ҳамчунин додани 90 миллиард евро қарзи Иттиҳоди Аврупоро ба Киев вето карданд.

Виктор Орбан, ки ҳатто бархе аз раҳбарони Аврупо ӯро "диктатор" хитоб мекунанд ва ҳамеша аз ҳомиёни Владимир Путин дар Иттиҳоди Аврупо будааст, аз пуштибонии Доналд Трамп ҳам бархӯрдор мебошад. Доналд Трамп ҳафтаи гузашта муовини худ Ҷей Ди Венсро барои эълони ҳимоят аз ӯ ба Маҷористон фиристода буд.

Орбани 62-сола, ки худ фаъолияти сиёсиашро аз оппозитсияи Маҷористон оғоз карда, замоне тарафдори демократияи ғарбӣ буд, ташаббускори истилоҳи "демократияи ғайрилибералӣ" аст. Навъе низоми ҳукмронӣ, ки дар он раҳбар пас аз пирӯзӣ дар интихобот рафта-рафта системаи назоратӣ дар кишварро заъиф мекунад ва озодиҳои шаҳрвандӣ ва фардиро коҳиш медиҳад.

Маҷористон бо 9,5 миллион аҳолӣ дар даврони зимомдории Виктор Орбан ба фақиртарин кишвари аврупоӣ табдил шудааст.

Иттиҳоди Аврупо Орбанро муттаҳам мекунад, ки ба таври систематикӣ мухолифони сиёсиро дар кишвар саркӯб карда, ба қонунмандӣ зарба задааст. Ба ақидаи бисёре аз коршиносон, "аксари аъзо"-и Иттиҳоди Аврупо аз рафтани Орбан "хушҳол хоҳанд шуд".

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG