Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муқовимат"-и раҳбарони 40 идора бо коррупсия дар Тоҷикистон. Фасод кам мешавад?


Акнун роҳбарони 40 идораи давлативу созмони иҷтимоӣ зидди ришвахорӣ дар Тоҷикистон мубориза мебаранд. Онҳо дар Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия ҷамъ омада, зери роҳбарии сарвазири Тоҷикистон кор мекунанд. То охири моҳи октябри имсол шӯро бештар аз сӣ узв дошт, аз ҷумла, чаҳор ёвари президент, ду вакили порлумон, роҳбарони идораҳои қудратӣ, чаҳор вазир, раисони оҷонсиҳову хадамоти давлатӣ ва роҳбарони чанд созмони иҷтимоӣ.

Дар охири моҳи октябри имсол президенти Тоҷикистон роҳбарони чанд сохтори дигарро ба ин шӯро дохил кард: вазири маориф, вазири тандурустӣ, раиси Оҷонси инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, роҳбари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавриди шаффофият ва мубориза бо коррупсия.

Вуҷуди чунин шӯро ва шомил шудани роҳбарони сохторҳои нав дар мубориза бо фасоду ришвахорӣ чи натиҷа медиҳад? “Ин ба манфиати кор аст,” – гуфт ҷомеашинос Музаффар Олимов ва афзуд, “аъзои нав дар шӯро нуфузи ин ниҳодро бештар мекунанд.”

Шӯро соли 2010 таъсис шуда, дар ин муддат дар мубориза бо фасоду ришвахорӣ чӣ дастовардҳое доштааст, дар расонаҳо маълумоти кофӣ нест. Танҳо чанд дафъа расонаҳои давлатии Тоҷикистон аз баргузории ҷаласаҳои шӯро хабари кӯтоҳ нашр кардаанд.

Музаффар Олимов гуфт, бино ба пажуҳишҳои зиёде, ки дар дунё анҷом шудааст, ба тамом решакан кардани фасод ғайримумкин аст ва “шӯро ҳам наметавонад ин корро анҷом диҳад”. Ба гуфтаи вай, танҳо ислоҳоти идорӣ метавонад, сатҳи фасодро кам кунад.

Бо ин вуҷуд, Олимов афзуд, иштироки мансабдорону ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шӯро аз манфиат холӣ нест: “Чунки ҳамон нафароне, ки дар онҷо ширкат мекунанд, худ аз худ маълумот мегиранд; онҳо мефаҳманд, ки сабабҳои асосии дар ҳамин сатҳ будани вазъият дар чӣ аст.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Порагирӣ кам мешавад? Шӯрои муқовимат бо коррупсия васеъ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Вуҷуду кори шӯро дар ҳолест, ки Тоҷикистон, бино ба баҳогузории байнулмилалӣ, аз ҷиҳати ҷой доштани ришвахорӣ дар миёни 184 кишвар дар мақоми 164 қарор дорад. Созмони Шаффофияти Байнулмилал ё Transparency International дар гузашта гуфта буд, ки “коррупсия дар Тоҷикистон расм шудааст” ва “мақомот ислоҳоти бунёдӣ намегузаронанд”. Нигора Муқимӣ, як мансабдори Оҷонси мубориза бо коррупсия гуфта буд, арзёбиҳои созмони мазкур қобили эътироф нестанд.

Як назарпурсии Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки сокинон бештар маоши камро сабаби фасодкорӣ дар Тоҷикистон медонанд. Пурсидашудаҳо ҳамчунин гуфтанд, зидди фасод ҳам мансабдорон ва ҳам шаҳрвандони қаторӣ бояд мубориза баранд. Ин назар ҳам вуҷуд дошт, ки бештар онҳое даст ба фасод мезананд, ки имконияташро доранд, на шаҳрвандони қаторӣ.

“Ба фикрам, маошро зиёд кунанд. Маоше, ки ба зиндагии мардум расад. Ба харҷи оила ва дигар кору бор кофӣ бошад. Мисол, дар як моҳ барои як нафар дар Тоҷикистон аз 6 то 8 ҳазор сомонӣ мерасад,” – гуфт яке аз мусоҳибон.

Зани роҳгузаре афзуд, “мутаассифона, на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми дунё, дар бештари маврид онҳое даст ба фасод мезананд, ки курсинишин ҳастанд ва мақоми баланд доранд. Шаҳрвандони қаторӣ ба ҳар ҳоле мехоҳанд, дар шароити беҳтаре зиндагӣ кунанд, пешрафте дошта бошанд, кор кунанд, рушд кунанд. Барои фасодкорӣ ҳатман бояд ҷазои сахт дод. Онҳое ки фасодкорӣ мекунад, бо пул озод нашаванд, “тағобозӣ” накунанд.”

“Ба фикрам, ҳамаи ҷомеа бояд ба зидди фасод мубориза барад, на танҳо мақомоти давлатӣ,” – гуфт донишҷӯе.

Вазъи ҳозира нишон медиҳад, ки Шӯрои муқовимат бо коррупсия дар Тоҷикистон танҳо ба ном вуҷуд дорад ва пешгоми мубориза бо фасод нест. Дар баробари ин Шӯро, Оҷонси зиддифасод бо салоҳиятҳои бештар фаъолият дорад. Аммо дар бештар маврид онҳое бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт шуда, ҷазо мегиранд, ки мансабҳои поинтаре доранд ё муаллиму табиб ҳастанд.

XS
SM
MD
LG