Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Академик Мӯсо Диноршоевро дар оромгоҳи Лучоб дафн карданд. ВИДЕО, АКС


Мӯсо Диноршоев

Мӯсо Диноршоев, файласуфи маъруфи тоҷикро, ки рӯзи 29-уми сентябр дар 86-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Маросими видоъ бо ӯ дар наздикии хонааш дар маҳаллаи "километри 7-ум" баргузор шуд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ марги Мӯсо Диноршоевро "талафоти бузург ба ими тоҷик" номид.

Абдуҷаббор Раҳмонзода
Абдуҷаббор Раҳмонзода

Ӯ гуфт: "Муаллифи даҳҳо рисолаи таҳқиқотӣ ва садҳо мақола буданд. Аз шахсиятҳое буданд, ки дар тарҷумаи осори Абуалӣ ибни Сино ва файласуфони дигар нақши бузург доштанд. Мактаби бузургу шоистае, ки доштанд, абадӣ барои шогирдон мемонад ва онҳо мактаби ӯро идома мебахшанд. Илми фалсафа маҳз тавассути ӯ рушд кард."

Акбари Турсон, донишманди тоҷик, гуфт, ҳарчанд бахши кори Мӯсо Диноршоев фалсафа буд, ба соҳаҳои дигар низ таваҷҷӯҳ дошт ва мавриди таҳлил қарор медод.

Акбари Турсон
Акбари Турсон

"Пеш аз ҳама инсонгарӣ доштанд. Шогирдони зиёдеро тарбия намуданд, ки аз хизматҳои бузурги ӯ аст. Китобҳои хуби таълимиву таҳқиқӣ навиштаанд. Меарзад, бо афсӯс бигӯем, ки як олими забардаст аз байни мо рафт", -- афзуд ӯ.

Мӯсо Диноршоев 7-уми ноябри соли 1934 ба дунё омада, доктори илмҳои фалсафа, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино буд.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, солҳо дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон кор кард ва то мақоми мудири Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва муовини президенти Академия расид. Фарзанди ӯ Зарина Диноршоева ҳам аз пайи падар рафта, рисолаи докториашро дар фалсафа дифоъ кардааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Даргузашти академик Мӯсо Диноршоев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Аксҳои бештар аз маросими видоъ ва дафни Диноршоев:

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG