Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи СҶТ: Мавридҳои гирифторӣ ба илтиҳоби шуш ва COVID-19 дар Тоҷикистон "андак зиёд шудааст"


Акс аз бойгонӣ

Аз шурӯи соли нави таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон як моҳ гузашт ва дар ин муддат сарусадо дар бораи афзоиши беморони COVID-19 ва, ҳамин тавр, фавти гирифторони “илтиҳоби шуш” ва коронавируси нав дар Тоҷикистон бештар шуд. Вале мақомот мегӯянд, рӯзона то 40 мавриди сирояти бемориро тасдиқ мекунанд ва омори ҷонбохтагон аз бемории ҳамагир дар тақрибан панҷ моҳ ба 73 нафар расидааст.

То куҷо шурӯи дарсҳо метавонист, ба афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба бемории ҳамагир сабаб шавад ва дар остонаи интихоботи моҳи оянда то куҷо Тоҷикистон барои баргузории маъракаи серҷамъият, вале аз нигоҳи беҳдоштӣ амн омода аст? Ба ин суолҳои Радиои Озодӣ Бахтигул Карриева, раҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон посух дод.

Радиои Озодӣ: Аз оғози таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон тақрибан як моҳ гузашт. Мо аз минтақаҳои гуногун, бахусус аз вилояти Суғд паёмҳое гирифтем, ки сирояти бемории COVID-19 дар миёни хонандагону устодон ва кормандони соҳаи маориф бештар шудааст. Оё дар ин бора иттилое доред? Лутфан, назари худро дар мавриди вазъияти ҳозира дар Суғд ва ба таври куллӣ дар кишвар бигӯед.

Бахтигул Карриева: Масъалаи аслӣ қарори боз кардани мактабҳо ё накардани онҳо нест, балки масъалаи чӣ гуна таъмин кардани бехатарӣ ва эминӣ дар мактабҳо аст. Яъне, таъмини дарку огаҳӣ аз хатарҳо ба сиҳати омма ва на фақат барои кӯдакон, балки хатар барои онҳое, ки бо кӯдакон дар иртибот ҳастанд ва ҳам дарки хатарҳо аз афзоиши вирус дар байни мардум. Мактабҳо набояд мисли як макони ҷудогона, балки як бахши умумии ҷомеа баррасӣ шаванд ва барои ҳамин хатари сироят дар мактабҳоро бояд дар миқёси васеъ шарҳ дод. Дар се ҳафтаи гузашта, мавридҳои илтиҳоби шуш ва мавридҳои собитшудаи COVID-19 андак зиёд шудааст. Ҳамроҳ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ системаи мудирияти назорат бар COVID-19 роҳандозӣ шудааст. Мутобиқ ба он мутахассисони баргузидаи фаннии дохилӣ вазъи мавҷуди COVID-19 дар кишварро назорат мекунанд.

Радиои Озодӣ: Оё дафтари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон риояи қоидаҳои беҳдоштиро дар муассисаҳои таълимӣ назорат мекунад?

Бахтигул Карриева: Қарор дар бораи эмин боз кардани мактабҳоро мақомоти маҳаллӣ қабул кардаанд. Онҳо бояд меъёрҳои дохилӣ ва ҳам дастуруламалҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Бунёди Ҳимоят аз Кӯдакони Созмони Милал ва дигар дастуруламалҳоро дар бораи сиҳатии омма бо назардошти COVID-19 ба инобат бигиранд. Ин масъулияти мақомоти миллӣ ва мақомоти маҳалҳо аст, ки иҷрои ин ё дастуруламалҳоро дар мактабҳо назорат кунанд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт омода аст, ки ба мақомот дар мутобиқ кардани меъёрҳо ба вазъи хос дар Тоҷикистон кумак расонад. Мутобиқ бо дастуруламалҳо ва мулоҳизаҳо дар бораи сиҳати омма ва чораҳои дигар бо назардошти COVID-19 дар муассисаҳои таълимӣ омӯзишҳо барои пешгирӣ ва назорати беморӣ дар саросари кишвар гузаронида шуд. Илова бар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дастуре бо қоидаҳои назорати вазъи эпидемиологӣ ва боло бурдани огаҳӣ дар байни кормандони мактабҳо ва волидон содир кард. Дар моҳи июл як гуруҳи кории муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Вазорати маориф ва илм, арзёбии фаврии омодагии мактабҳо барои соли нави таҳсилро анҷом доданд. Натиҷаҳои арзёбӣ дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва шарикони рушд пешниҳод карда шуд. Айни замон гуруҳи корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барнома дорад, ки иҷрои тадбирҳои андешидашуда ва вазъи мактабҳо баъди оғози мавсими нави таҳсилро назорат кунад.

Радиои Озодӣ: Дар ҳоли ҳозир вазъи озмоишгоҳҳо барои ташхиси COVID-19 дар Тоҷикистон чӣ гуна аст? Оё ҳама таҷҳизоти заруриро доранд?

Бахтигул Карриева: Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба кишварҳо тавсияҳо ва стандартҳои асосиро фароҳам мекунад, аммо Вазорати тандурустӣ масъули ташкил ва нигаҳдории зерсохторҳои озмоиши COVID-19 дар Тоҷикистон мебошад. Арзёбиҳо дар бораи озмоишгоҳҳои мавҷуди ташхиси COVID-19 ва ҳамчунин озмоишгоҳҳои эҳтимолии нав дар кишвар анҷом шуд ва натиҷаи арзёбиҳо бо мақомоти зидахл, донорҳо ва шарикон дар миён гузошта шуд. Фаъолияти гурӯҳи миллии фаннии озмоишӣ ин амалӣ кардани фаъолияти иловагӣ зери як барномаи қабулшуда барои тақвияти хадамоти озмоишгоҳии ташхиси COVID-19 дар кишвар мебошад. Дар оғози пандемияи фарогир ҳамагӣ як озмоишгоҳ барои ташхиси бемории ҳамагир вуҷуд дошт ва ҳоло 8 чунин озмоишгоҳ амал мекунанд. Аз ин ҳашт озмоишгоҳ чаҳортои он дар пойтахт – шаҳри Душанбе ва чаҳори дигар дар минтақаҳо ҷойгир мебошанд. Чандин тамринҳои миллӣ ва минтақавӣ барои кормандони озмоишгоҳҳо аз сӯи мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва GOARN (Global Outbreak Alert and Response Network) ироа шуд. Системаҳои озмоишии COVID-19 ва таҷҳизот аз тарафи ҳукумат, донорҳо ва шарикон тақсим карда шуданд. Дар назар аст, ки имконоти иловагӣ барои тақвияти ташхиси лаборатории коронавируси нав фароҳам карда шавад. Бинобар норасоии маводи лабораторӣ, ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон низ бо мушкили камбуди ин мавод рӯ ба рӯ ҳастанд.

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст. Интизор меравад, ки шумори зиёде аз мардум дар овоздиҳӣ иштирок кунанд. Дар робита бо таҳдиди афзоиши беморӣ дар давраи интихобот ба ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои хосе доред? Агар “ҳа”, чӣ тавсияҳо?

Бахтигул Карриева: Дар умум, дар ҳар ҷамъомад, аз ҷумла интихобот имкони густариши босуръати беморӣ ҳаст. Ҳамагуна тасмим барои баргузории маъракаи барномарезишуда бояд дар асоси арзёбии дақиқи хатарҳои мавҷуд дар Тоҷикистон ва тарзи мудирияти онҳо сурат гирад. Дар ин арзёбӣ бояд ҳама ҷонибҳои манфиатдор ва созмондиҳандагони маърака, аз ҷумла мақомоти тандурустӣ иштирок кунанд. Онҳо метавонанд хуб ташхис диҳанд, ки мизони “стресс” ба низоми тандурустии маҳаллӣ ва хадамоти ёрии таъҷилӣ чӣ гуна аст. Ва инки оё ин сатҳи “стресс” дар вазъияти ҳозира қобили қабул аст, ё не. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, интихоботро баргузор кунанд, бисёр муҳим аст, ки шустани дастон ва риояи фосилаи ҷисмонӣ таблиғ шавад. Ҳамчунин дар маконҳои умумӣ, ки илоҷи фосилагирии ҷисмонӣ нест, истифода аз ниқоби тиббӣ тавсия дода мешавад.

Радиои Озодӣ: Александр Семенов, муовини раиси пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии эпидемиологиву микробиологии ба номи Пастер дар шаҳри Санкт-Петербург, ки бо даъвати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз Тоҷикистон дидан кардааст, гуфт, авҷи беморӣ пушти сар шуда, вазъи олудашавӣ ба коронавирус “мӯътадил аст”. Оё метавонед ин гуфтаро тасдиқ кунед ва вазияти ҳозираи вобаста ба пандемияро шарҳ диҳед?

Бахтигул Карриева: Бино ба омори COVID-19, ки ба Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гузориш шудаст, Тоҷикистон дар моҳи май аз афзоиши қобили таваҷҷуҳи сирояти беморӣ хабар додааст. Ин омор баъдан аз моҳи июн кам шудааст. Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон дар моҳи гузашта рӯзона дар бораи 30-40 мавриди сирояти беморӣ гузориш додааст. Сирояти COVID-19 ҳанӯз дар кишвар иттифоқ меуфтад ва идомаи чораҳо барои пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир муҳим аст, то аз шахсони осебпазир ва низоми беҳдоштӣ муҳофизат шавад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG