Тасмими оташбас пас аз он садо дод, ки дар ҳамлаҳои ахири Исроил ба Лубнон камаш панҷ нафар, аз ҷумла як рӯзноманигор, кушта шудаанд. Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт: “Онҳо розӣ шуданд, ки се ҳафтаи дигар оташбас кунанд. Ба гумонам, бе тирандозӣ оташбасро риоя мекунанд. Мебинем ва умедворем, ки риоя мешавад. Чунин хоҳад шуд, вале онҳо "Ҳизбуллоҳ" доранд, ки бояд дар борааш фикр кард."
Шохаи низомии «Ҳизбуллоҳ» дар Лубнонро ИМА террористӣ медонад ва бовар дорад, ки он аз ҷониби Эрон бо силоҳ таъмин мешавад. Ин гурӯҳ, ки қавтитар аз артиши Лубнон аст ва дар порлумони ин кишвар ҳам намоянда дорад, солҳо боз бо Исроил дар ҳоли ҷанг аст. Мақомоти расмии Лубнон на ҳамеша ба амалкардҳои ин гурӯҳ розӣ ҳастанд.
Доналд Трамп зоҳиран бо ишора ба ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки ИМА омода аст, ки ба Лубнон барои дифоъ аз худ дар баробари Ҳизбуллоҳ кумак кунад. Ӯ гуфтугӯи дипломатҳои Исроил ва Лубнонро "хеле хуб" номид.
Ин гурӯҳи таҳти ҳимояти Эрон бахше аз музокироти ду кишвар нест ва борҳо гуфтааст, ки ҳақ дорад, бо артиши Исроил муқовимат кунад.
Трамп умедворӣ кард, ки ба зудӣ раҳбарони аввали Лубнону Исроил ба ИМА хоҳанд омад ва эҳтимол дар соли ҷорӣ миёни ду кишвар созишномаи сулҳ имзо шавад.
Трамп гуфт: “Ба "Ҳизбуллоҳ" нигаред, зоҳиран онҷо ҳама якдилона муқобилаш ҳастанд. Аз ин рӯ, онҳо ҳарду дар ин маврид ҳамфикранд. Фикр мекунам, ки имкони хуби расидан ба сулҳ вуҷуд дорад.”
Мӯҳлати оташбас дар Лубнон бояд охири ин ҳафта ба поён мерасид. Ин оташбас, ки пас аз чанд рӯзи оташбас дар Эрон эълон шуд, ҷангро коҳиш дод, вале ҳамлаҳои Исроил ба минтақаҳое, ки гумон меравад, силоҳдорони Ҳизбуллоҳ ҷойгиранд, идома ёфт.
Низомиёни Исроил борҳо ба сокинони Лубнон ҳушдор додаанд, ки ба ин минтақаҳо ворид нашаванд. Лубнон гуфтааст, ки дар музокироти оянда аз Исроил хоҳад хост, ки артишашро аз ин кишвар берун кунад ва сокинони боздоштшудаи лубнонро раҳо кунад.
Исроил ба он талош дорад, ки "Ҳизбуллоҳ"-ро нобуд кунад, на ба берун кардани артиши худ аз Лубнон. Лубнон талош дорад, ки бо роҳи осоишта "Ҳизбуллоҳ"-ро бесилоҳ кунад.
Мақомоти Лубнон мегӯянд, аз замони ҳамлаи Исроил ба Лубнон аз 2-юми марти имсол ҳудуди 2500 нафар кушта шудаанд.
Гуфтугӯ