Дар чанд ҷумла
Нахуствазири Канада ба баргузории интихобот даъват кард
Дар Канада рӯзи 28 апрел интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Дар ин бора рӯзи якшанбе нахуствазири нави ин кишвар Марк Карни хабар дод.
Ҳанӯз моҳи январ нахуствазири пешин Ҷастин Трюдо дар бораи зарурати барпо шудани интихобот бо сабаби ба истеъфо рафтани ӯ гуфта буд.
Карни рӯзи 10 март раиси нави ҳизби ҳокими Либералии Канада интихоб шуд ва дар натиҷа Трюдоро дар мақоми нахуствазирӣ иваз кард.
Карни, ки рӯзи якшанбе дар бораи зарурати интихобот сӯҳбат мекард, гуфт, ӯ барои мақоми нахуствазирӣ мубориза мебарад, чунки дар шароити муқобила бо маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп ӯ ба “салоҳиятҳои қавӣ” эҳтиёҷ дорад.
Ӯ раҳбари Амрикоро дар талоши “хароб кардани Канада” ба хотири “ба даст овардани Амрико” муттаҳам кард. Карни рафтори мақомоти амрикоиро “ноодилона” ва “таҳдид ба истиқлолияти Канада” ва вазъи баамаломадаро “бӯҳрони ҷиддитарин ба зиндагии мо” номид.
Манзури ӯ ҷорӣ шудани тарруфаҳои гумрукии ИМА ба маҳсулоти Канада аст ва ҳам иддаоҳои Трамп дар бораи ин ки ин кишвар метавонад “аёлати 51-уми Амрико” шавад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Иттиҳоди Аврупо ду корхонаи Узбекистонро таҳрим кард
Ба таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, ки Русияро барои ҷангаш зидди Украина ҷазо медиҳад, ин навбат ду корхонаи истеҳсолӣ аз Узбекистон ҳам шомил шуданд.
Инҳо – Корхонаи кимиёии Фарғона ва корхонаи Raw Materials Cellulose воқеъ дар Ҷиззах мебошанд. Дар ин бора сомонаи Комиссиюни Аврупо хабар додааст.
Дар матни бастаи 20-уми таҳримҳо омадааст, ки корхонаи кимиёии Фарғона ба корхонаҳои борути Перм ва Қазон ва Raw Materials Cellulose ба корхонаи борути Тамбови Русия маҳсулот таъмин мекарданд.
Ба муассисаҳои аврупоӣ ҳамакнун ҳама гуна додугирифту ҳамкориҳо бо ин ду корхона манъ мебошад. Аз ин пеш ин ду корхона мавриди таҳримҳои Бритониё ва Украина қарор гирифта буданд.
Дирӯз дар бораи таҳрим шудани як ширкате аз Қазоқистон ва чанд муассисаи молӣб аз Қирғизистон ҳам маълум шуд.
Иттиҳоди Аврупо додугирифтҳо бо «Керемет банк» ва «Капитал банк»-ро манъ кард. Ин ду муассиса соли 2025 ҳам мавриди маҳдудиятҳои Бритониё қарор гирифтанд. Дар Брюссел ба ин боваранд, ки ин бонкҳо барои давр задани таҳримҳои зидди Русия, аз ҷумла барои ирсоли паёмҳои пулӣ тавассути низоми СПФС мусоидат мекарданд. Ин низом аз соли 2024 мавриди таҳрим аст.
Ба иловаи ин, ташкилоти қирғизистонии A7A5 ҳам, ки мудирияташ дар ихтиёри биржа ё бозори асъор буда, бо пули рақамии стейблкоин тиҷорат мекунад, мавриди таҳрим қарор дода шуд. Ин пули рақамӣ ба рубли русӣ пайванд дода шудааст. Он соли 2025 пайдо шуд ва барои содда кардани пардохтҳо бо кишварҳо истифода мешавад. Дар Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, ин василаҳоро метавонанд барои давр задани таҳримҳо истифода кунанд.
Аз Қазоқистон ширкати воқеъ дар Алмати бо номи United Trading Group таҳрим шудааст. Он соли 2022, баъди шурӯи ҷанги Русия дар хоки Украина таъсис ёфт. Бино ба маълумот аз манбаъҳои боз, ширкат як коргар дорад ва дар чор сол беш аз 111 миллион танга андоз супурдааст. Маоши коргар дар сатҳи 85 ҳазор танга мондааст. Муассиси ин корхона Алимҷон Беков ҳам таҳрим шудааст. Дар Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, ширкат метавонист ба Русия барои ҳадафҳои саноатӣ дар интиқоли гидрогени хлорид тавассути қаламрави Қазоқистон мусоидат кунад.
Дар ҳамин қарораш Иттиҳоди Аврупо се бонки Тоҷикистонро, ки давоми ним соли охир барои кӯмаки ғайримустақимашон ба ҷанги Русия дар Украина таҳти таҳрим қарор дода буд, аз феҳрасти "сиёҳ" берун кардааст.
Ҳамлаи бесобиқаи бесарнишинҳо ба Екатеринбург
Волии Свердловски Русия Денис Паслер гуфт, субҳи 25-уми апрел бесарнишинҳои украинӣ ба шаҳри Екатеринбург ҳамла карданд, дар натиҷа, як бинои истиқоматии баландошёна осеб дидааст. Паслер гуфт, шаш нафар барои ёрии тиббӣ муроҷиат карданд. Аксари онҳо аз дуди оташ заҳролуд шудаанд.
Радио Свобода менависад, ин бино муассисаи истиқоматии "Тринити" дар маркази шаҳр мебошад. Ҳамлаи асосӣ ба қисмати болоии бино - аз ошёнаҳои 25 то 30-юмро фаро гирифтааст. Сокинони маҳаллӣ навиштанд, ки садои аввалин таркишҳоро соатҳои 7-и субҳ шуниданд.
Нашрияи Е1 аз забони сокинони маҳаллӣ навиштааст, ки на пеш аз ин ҳамла ва на баъди он ҳеҷ огаҳие дар бораи хатари ҳамлаҳои бесарнишинҳо ба онҳо дода нашуд. Баъзе ширкатҳои мобилӣ чунин огаҳиро хеле дер баъди ҳамла фиристоданд.
Ин аввалин бор аст, ки дар ҳудуди вилояти Свердловски Русия ҳамлае сурат мегирад. Екатеринбург дар фосилаи 2 ҳазор км дуртар аз сарҳади Украина ҷойгир мебошад.
Дар вазорати дифои Русия гуфтанд, ки дар шаби гузашта дар фазои минтақаҳои ин кишвар ва Қрими ишғолшуда 127 паҳподи украинӣ маълум ва безарар гардонида шуд. Дар фурудгоҳҳои Екатеринбург, Челябинск, Перм, Волгоград ва Краснодар маҳдудияти парвоз амал мекард.
Дидори гумрукчиёни Тоҷикистону Узбекистон як моҳ баъди шикоят аз набуди иҷозаи убур
Ҳафтаи ҷорӣ дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон мулоқоти миёни мақомоти гумруки давлатии ин ду кишвар бо мақсади баррасии роҳҳои осон кардани ҳаракати молу маҳсулот ва нақлиёт баррасӣ шуд.
Рӯзи 23 апрел сомонаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон навишт, мулоқот дар рӯбарӯи гузаргоҳи Саразми Тоҷикистон, дар марзи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд бо ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент барпо шуд.
Ҳайатҳоро муовини якуми сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Азим Турсунзода ва муовини раиси Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ӯзбекистон Нодир Мӯсомуҳаммадов намояндагӣ карданд.
Бино ба ин хабар, “ҷонибҳо масъалаҳои боз ҳам осон намудани ҳаракати молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ, такмили фаъолияти нуқтаҳои гузаргоҳ ва таҳкими ҳамкории байниидоравиро муҳокима карданд”.
Дар ин мулоқот инчунин дар бораи роҳҳои рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ сӯҳбат шуда, Тоҷикистон “низоми шиносоӣ ва барасмиятдарории воситаҳои нақлиёт — VIN.TJ-ро, ки аз 16 марти соли 2026 мавриди истифода қарор гирифтааст, муаррифӣ намуд”.
Ҷузъиёте аз ин беш дода намешавад ва ҳам маълум нест, то куҷо дар ин нишаст шикояти як моҳ пеши ронандагони мошинҳои боркаш баррасӣ шудааст.
Радиои Озодӣ поёни моҳи март аз забони гурӯҳи ронандагони мошинҳои борбар хабар дод, ки давоми ду ҳафта дар гузаргоҳи гумрукии "Дӯстӣ" миёни шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон ва Сариосиёи вилояти Сурхандарёи Узбекистон барои дарёфти иҷозаи убури марз навбат истодаанд.
Бархе аз ронандагон як сабабро дар гарон ва хурд будани истгоҳи гузаргоҳи гумрукӣ медонанд. Ба иддаои онҳо, барои зудтар гузаштан аз марз аз ронандагони мошинҳои боркаш ҳудуди 200 доллар талаб мешавад.
Дар гузашта соҳибкорони узбекистонӣ ҳам шикоят карда буданд, ки маъмурини гумруки Тоҷикистон маҳсулотро бо таъхир ҳуҷҷатгузорӣ карда, барои воридоти он монеагузорӣ мекунанд.
Вале ба ин шикоятҳо то ҳол мақомоти гумруки Тоҷикистон ҳеҷ вокунише нишон надоданд.
Ин шикояти ронандагонро Радиои Озодӣ рӯзи 31 март нашр кард:
"Як рӯз не, як рӯз модаратро мекушам". Боздошти сокини Зафаробод барои таҳдиди куштор
ВКД Тоҷикистон аз боздошти марде бо гумони таҳдиди куштори ҳамсараш хабар дод. Дар иттилоия аз ду мавриди таҳдиди марди 50-солаи сокини ноҳияи Зафаробод ба ҳамсари 53-солааш чун асос барои боздошти гумонбар ва оғози парвандаи ҷиноӣ ёдовар шудаанд.
Ҳувияти ин хонавода ошкор намешавад, танҳо таъкид шудааст, ки ин мард «соли 2012 бо қисми 2 моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст». Назари ӯ ба ин парванда маълум нест.
Сомонаи вазорат менависад, ки ҳолати аввали таҳдид ба куштор моҳи ноябри порсол дар хона бо истифода аз корди ошхона рӯй додааст ва духтари 24-солаи онҳо аз фоҷеа пешгирӣ кардааст. Мавриди дигар 7-уми апрел рух додааст ва дар он ҳодиса мард ҳамсарашро бераҳмона латукӯб кардааст.
Рӯзи баъд, бино бар ин хабар, «тахминан соати 10:00 дар ҳолати мастӣ тариқи телефони мобилӣ ба духтараш ҷавонзани 24-сола занг зада гуфтааст, ки «модарро огоҳ кун ки як рӯз не як рӯз ман модаратро кушта, баъдан паси панҷара менишинам», ки ҳамсараш аз чунин суханҳо хабардор шуда, зери тарсу ҳарос қарор гирифтааст».
Бар асоси ин таҳдидҳо, мардро боздошт ва аз рӯи иттиҳоми «Моддаи 120. Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ» парванда боз карданд.
Ин ҳодисаи нодири таҳдид ба куштани як шавҳар ба ҳамсар нест, ки расонаӣ мешавад, вале феълан омори дақиқи чунин ҳолатҳо дар даст нест. Дар ҳодисаҳои зиёде занҳо таҳдид ба кушторро аз ҷониби шавҳарони худ ба сохторҳои ҳифзи қонун хабар намедиҳанд ва дар натиҷа, қурбонии фоҷеа мешаванд.
Ҳуқуқшиносон таъкид мекунанд, ки таҳдид ба куштор ҷиноят аст ва бояд сари вақт ба мақомот хабар дода шавад.
Мақомоти Кумитаи кор бо занон мегӯянд, дар Тоҷикистон мавридҳои зӯроварӣ ва ҷинояткорӣ алайҳи занон зиёд мешавад. Бино ба иттилои ин ниҳод, дар нимсолаи аввали соли 2025 нисбати занон ва духтарони ноболиғ беш аз 900 ҷиноят содир шудааст.
Дақиқ нест, ки чанд ҳолати он ба куштори занон вобаста аст, аммо мақомоти интизомӣ пайваста аз марги занон бо дасти шавҳаронашон дар пайи муноқишаҳои оилавӣ гузориш медиҳанд.
Табодули асирон миёни Украина ва Русия
Рӯзи 24 апрел Русия ва Украина табодули зиндониҳоро анҷом доданд. Аз ҳар кишвар 193 маҳбуси низомӣ ба ватанаш супурда шуд.
Дар ин бора рӯзи ҷумъа тақрибан дар як вақт президенти Украина Владимир Зеленский ва вазорати мудофеаи Русия хабар доданд.
Вазорат гуфт, дар миёнҷигии ин табодул Имороти Муттаҳидаи Араб ва ИМА иштирок карданд. Дар хабар гуфта шуд, ки мубодилаи асирон дар хоки Беларус гузашт ва низомиёни рус ҳоло дар хоки он кишвар мебошанд.
Зеленский гуфт, ки дар миёни асирони озодшуда низомиёни Горди миллӣ, марзбонҳо, ходимони полис мебошанд, дар миёни онҳо нафарони маъюб ҳастанд ва ҳам онҳое, ки зиддашон дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бо вуҷуди ин ки музокироти расмӣ барои хатми ҷанг ҷараён надорад, ду кишвар табодули зиндониҳоро идома медиҳанд. Аз ин пеш рӯзи 11 апрел табодули охири асирон барпо шуда буд. Дар маҷмӯъ то ҳол беш 20 чунин маврид анҷом шудааст.
CNN: Уиткофф ва Кушнер барои музокира бо Эрон ба Исломобод рафтанд
Фиристодаи вижаи президенти ИМА Стив Уиткофф ва мушовири Доналд Трамп Ҷаред Кушнер ба Исломобод мераванд, то дар музокироти эҳтимолӣ бо вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ иштирок кунанд. Дар ин бора CNN бо такя ба манбаъҳои худ хабар медиҳад.
Муовини президент Ҷей Ди Венс, ки дар мулоқоти пешина бо мақомоти Теҳрон раҳбари ҳайати амрикоӣ буд, феълан нияти сафар надорад, чун раиси маҷлиси Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф дар ин муколама иштирок намекунад. Айни замон, дар сурати пешрафт дар музокираҳо Венс барои сафар ба Покистон омода мебошад.
Ароқчӣ ҳам дар доираи як сафари дипломатӣ дар баробари Покистон ният дорад ба Русия ва Уммон ҳам парвоз кунад. Ароқчӣ дар шабакаи Х навишт: “Мақсади сафарҳои ман ҳамоҳангии танготанги масоили ҳамкориҳои дуҷониба бо ҳампаймонҳои мо ва ҳам машварат дар робита бо ҳодисаҳо дар минтақа мебошад. Ҳамсояҳои мо дар авлавияти мо қарор доранд”.
Бино ба маълумоти пешакӣ, дар Исломобод дипломати аршади эронӣ мавқеи кишварашро дар заминаи идомаи музокирот бо ИМА матраҳ мекунад. Дар Покистон як ҳайати амрикоӣ қарор дорад, ки бо корҳои ёридиҳанда машғул аст ва салоҳияти пешбурди музокиротро надорад.
Хабаргузории эронии Тасним гуфт, ки дар доираи сафари Ароқчӣ ба Исломобод ҳеҷ музокироте бо намояндагони Амрико дар назар гирифта нашудааст.
Эрон мисли гузашта талаб дорад, ки муҳосираи бандарҳояш хотима ёбад ва ин пешшарти асосии идомаи музокирот мебошад. Дар матбуот гузоришҳое нашр шуд, ки шояд Қолибоф аз тими музокиракунанда хориҷ карда мешавад. Бино ба иттилои манобеи исроиливу мухолифони Эрон, эҳтимолан ихтилофе бо намояндагони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва нокомӣ бар сари пешниҳоди бозкушоии қисме аз гузаргоҳи Ҳурмуз барои киштиҳо пеш омадааст.
Матбуоти расмии эронӣ хабарҳо дар бораи истеъфои Қолибофро рад карда гуфтанд, ки ӯ корашро дар Маҷлис идома медиҳад ва ҳайати тими музокиротӣ ҳанӯз пурра таъин нашудааст.
Мизони маҳбубияти Путин ҳафтаи ҳафтум аст поин меравад
Ҳафтаи ҳафтум паиҳам маҳбубияти президенти Русия Владимир Путин поин меравад.
Дар ин бора нишондодҳои Маркази омӯзиши афкори умум дар Русия (ВЦИОМ) гувоҳӣ медиҳад, ки рӯзи 24 апрел нашр шуд. Бар асоси таҳқиқоти охир, мизони қаноатмандӣ аз Путин 1,1% кам шуда, 65,5%-ро ташкил додааст. Ин яке аз поинтарин нишондодҳо дар давоми чор соли баъди шурӯи ҷанги Русия дар хоки Украина мебошад. Дар муқоиса, моҳи феврали соли 2026 мизони пуштибонӣ аз Путин 74 дарсадро ташкил дода буд.
Ҳамингуна сатҳи эътимод ба ӯ ҳам поин меравад. Ин навбат 71% дар Русия гуфтаанд, ки ба Путин бовар мекунанд ва ин 1% камтар назар ба як ҳафта пеш будааст. Дар ин байн мизони маҳбубияти ҳизби ҳокими «Единая Россия» каме боло рафтааст.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории «Агентство» мегӯяд, натиҷаҳои ВЦИОМ ду соат дертар аз замони маъмулии нашраш чоп шуд.
Як хадамоти назарсанҷии дигаре бо номи ФОМ сатҳи пуштибонӣ аз президентро 74% нишон додааст, ки он ба арқоми ҳафтаи гузаштааш монанд аст, вале боз ҳам яке аз поинтарин дар чор соли охир дониста мешавад.
Марказҳои назархоҳӣ сабаби поин омадани мизони маҳбубиятро шарҳ надодаанд. Бархе сабабҳои мухталифро баҳона меоранд ва маҳдудияти интернет яке аз манбаъҳои норизоияти асосӣ мебошад. Моҷарои атрофи изҳороти блогер Виктория Боня, ки гуфт, миёни ҳукумат ва ҷомеа «як шикофе» вуҷуд дорад, ҳамчунин баҳси зиёде эҷод кард.
Иттиҳоди Аврупо чанд ташкилот аз Қирғизистон ва Қазоқистонро таҳрим кард
Иттиҳоди Аврупо бастаи 20-уми таҳримҳоро қабул кард, ки ба он ширкате аз Қазоқистон ва бори аввал ба таври мустақим муассисаҳои Қирғизистон ҳам шомил шуданд.
Дар мисоли Қирғизистон маҳдудият соҳаи молиро фаро гирифт: Иттиҳоди Аврупо додугирифтҳо бо «Керемет банк» ва «Капитал банк»-ро манъ кард. Ин ду муассиса соли 2025 ҳам мавриди маҳдудиятҳои Бритониё қарор гирифтанд. Дар Брюссел ба ин боваранд, ки ин бонкҳо барои давр задани таҳримҳои зидди Русия, аз ҷумла барои ирсоли паёмҳои пулӣ тавассути низоми СПФС мусоидат мекарданд. Ин низом аз соли 2024 мавриди таҳрим аст.
Ин ба он маъност, ки ширкатҳои аврупоӣ ва бонкҳо ҳақ надоранд бо ин ташкилот амалиёте барпо кунанд, истисно танҳо марбут ба пардохтҳои гуманитарӣ мешавад.
Ба иловаи ин, ташкилоти қирғизистонии A7A5 ҳам, ки мудирияташ дар ихтиёри биржа ё бозори асъор буда, бо пули рақамии стейблкоин тиҷорат мекунад, мавриди таҳрим қарор дода шуд. Ин пули рақамӣ ба рубли русӣ пайванд дода шудааст. Он соли 2025 пайдо шуд ва барои содда кардани пардохтҳо бо кишварҳо истифода мешавад. Дар Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, ин василаҳоро метавонанд барои давр задани таҳримҳо истифода кунанд.
Ҳанӯз мақомот дар Қирғизистон ба ин қарор вокуниш накардаанд.
Дар маҷмӯъ дар доираи бастаи нави таҳримҳои зидди Русия 120 шахси ҷудогона ва ҳам 16 ташкилот аз кишварҳои сеюм таҳрим шудаанд.
Аз Қазоқистон ширкати воқеъ дар Алмати бо номи United Trading Group таҳрим шудааст. Он соли 2022, баъди шурӯи ҷанги Русия дар хоки Украина таъсис ёфт. Бино ба маълумот аз манбаъҳои боз, ширкат як коргар дорад ва дар чор сол беш аз 111 миллион танга андоз супурдааст. Маоши коргар дар сатҳи 85 ҳазор танга мондааст. Муассиси ин корхона Алимҷон Беков ҳам таҳрим шудааст. Дар Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, ширкат метавонист ба Русия барои ҳадафҳои саноатӣ дар интиқоли гидрогени хлорид тавассути қаламрави Қазоқистон мусоидат кунад. Ҳанӯз вокуниши ин соҳибкор ба қарори Аврупо маълум нест.
Бастаи 20-уми таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо бахше аз сиёсати васеи фишор ба Русия барои ҷангаш дар хоки Украина мебошад.
Дар ҳамин қарораш Иттиҳоди Аврупо се бонки Тоҷикистонро, ки давоми ним соли охир барои кӯмаки ғайримустақимашон ба ҷанги Русия дар Украина таҳти таҳрим қарор дода буд, аз феҳрасти "сиёҳ" берун кардааст.
Агрегати ҳафтуми нирӯгоҳи Норакро бозсозӣ карданд
Дар Тоҷикистон таҷдиди яке аз агрегатҳои нерӯгоҳи асосии кишварро ба поён расонданд, ки ба гуфтаи мақомот, ба афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ мусоидат мекунад.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 24-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки расми ба кор андохтани агрегати 7-уми нерӯгоҳи Норак, ки дар солҳои дароз фарсуда шуда буд, бо ҳузури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Тармими агрегат ду солро дар бар гирифта ва барои он тақрибан 40 миллион евро харҷ шудааст. Дар баёния омадааст, ки акнун тавоноии агрегат афзоиш ёфтааст ва он метавонад дар як шабонарӯз то 8 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намояд.
Навсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки ҳоло таъминкунандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон аст, соли 2019 оғоз ёфт ва то кунун се чархаи онро иваз кардаанд.
Дар маҷмӯъ барои навсозии он, ки то соли 2023 идома меёбад, ба гуфтаи мақомот, 750 миллион доллар харҷ мешавад. Нерӯгоҳи Норак айни замон бо тавоноии 3 ҳазор мегават бузургтарин нерӯгоҳи барқи Тоҷикистон ба шумор меравад, вале ҳамроҳ бо даҳҳо нерӯгоҳи миёнаву хурди дигар қодир ба таъмини кишвар бо нерӯи барқи кофӣ нест.
Ҳар сол сар аз тирамоҳ то баҳор бисёре аз мардуми Тоҷикистон нерӯи барқи кофӣ надоранд ва ҳукумат ҳамеша барои нотавонӣ дар таъмини ин ниёзи асосии мардум танқид мешавад.
Хушдоманро барои "ба худкушӣ расонидани арӯс" дастгир карданд
Мақомоти интизомии Тоҷикистон як модари 44-соларо барои то ба худкушӣ расонидани арӯси хонавода дастгир кардаанд, ки аломати дигаре аз ҳамчунон зиёд мондани зӯроварӣ ба зан кишвар дониста мешавад.
Вазорати умури дохилӣ рӯзи 23-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ба сабаби ҷабру зулми пайвастаи ин зан, келини 21-солаи онҳо рӯзи 2-уми апрел худро ба рӯдхонаи Зарафшон андохта, худкушӣ кардааст. Дар баёния омадааст, “гумонбаршаванда аз моҳи декабри соли 2023 то инҷониб нисбати келинаш ҷавонзани 21-сола сокини ноҳияи Айнӣ муомилаи бераҳмона ва мунтазами шаъну эътиборашро паст задааст, ки аз ҷабру зулми хушдоманаш ҷабрдида 2-юми апрели соли 2025, дар деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ худро ба дарёи «Зарафшон» андохтааст.“
Исми зани гумонбар ваё мавқеи ӯ ба ин ҷиноят нашр намешавад ва маълум нест, то куҷо ӯ воқеан ҳам худро гунаҳгор ҳисоб мекунад.
ВКД мегӯяд, ба зидди ин зан бо иттиҳоми “расондан ба худкушӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва дар сурати исбот шудани гуноҳ мумкин аст, ӯро аз 3 то ба 8 соли зиндон маҳкум кунанд.
Ба иттилои Камитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, соли 2025 беш аз дусад зан дар Тоҷикистон қасд ба ҷони худ карда, бархе аз ҳаёт маҳрум ва чанде аз сӯйи наздикон наҷот дода шудаанд. Мақомоти ин ниҳод ин оморро ташвишовар ва ҳамзамон ҳосили хушунат ё зургӯйӣ дар оилаҳо меноманд.
Як таҳқиқи тозаи парвандаҳои худкушӣ мегӯяд, тақрибан 25 дарсади худкушиҳо бо айби занон рух медиҳанд. Онҳо бо муносибати бераҳмона ва мунтазам паст задани шаъну эътибори инсон, сабаби қасди ҷони худ кардани касе, масалан, келини хонавода мешудаанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро пайваста танқид мекунанд, ки барои ҷилавгирӣ аз зӯроварӣ ба занону духтарон талоши кофӣ ба харҷ намедиҳанд.
Баъди шикоят ба мақомот волидон духтарро ба ҷавони дӯстдоштааш ба шавҳар доданд
Як ҷавони тоҷик бо муроҷиат ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз он шикоят кардааст, ки волидони духтари дӯстдоштааш ин фарзандашонро иҷборан ба каси дигар ба шавҳар додан мехоҳанд.
Вай гуфтааст, мехост бо духтар оила бунёд кунад, вале наздикони духтар зидданд. Ин ҳолатро омбудсмени тоҷик дар гузориши махсуси худ оид ба “Вазъи риояи ҳуқуқ, баробарӣ ва барҳам додани ҳама навъҳои табъиз” нақл кардааст.
Дар гузориш, ки соли равон нашр шуд, омадааст, ваколатдор бо ҷалби кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо волидони духтар сӯҳбат ва онҳоро аз "паёмадҳои қонунии нақзи баробарҳуқуқии шаҳрвандон" огоҳ кардаанд. Баъд аз дахолати мақомот, ҷавон бо дӯхтари дӯстдоштааш издивоҷ кардааст.
Назари волидони духтар маълум нест. Омбудсмени тоҷик дар пай аз монеагузории шахсони сеюм ба издивоҷи занону мардоне, ки ба синни никоҳӣ расидаанд, нигаронӣ кардааст.
Дар гузориш омадааст, ки ҳарчанд тибқи сарқонун, мардону занон дар ин син ҳаққи интихобу издивоҷи озодро доранд, аммо ба гуфтаи ӯ, гоҳе шахсони саввум дар ин маврид қонунро зери по мекунанд.
Дар маҷмӯъ дар соли гузашта 15 нафар ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз табъиз ва нобаробарӣ шикоят кардаанд.
Тоҷикистон мехоҳад, ду миллиард дарахт нишонад
Дар Тоҷикистон мехоҳанд, то соли 2040 ҳудуди 2 млрд дарахт нишонанд. Дар ин бора Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон рӯзи 23 апрел дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар Саммити минтақаии экологӣ, хабар дод.
Вай гуфт, пиряхҳо дар Тоҷикистон бо суръат об мешаванд, ҳаво гармтар ва олудатар мешавад, хушкӣ бештар мегардад. Барои пешгирӣ аз оқибатҳои ин тағйирёбӣ, дар Тоҷикистон ин теъдод дарахтро менишонанд.
Мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар нишасти Остона гуфтанд, нишондани дарахт аз соли 2024 шуруъ шудааст ва то соли 2040 идома хоҳад кард.
Дар нишасти минтақавӣ, ки дар шаҳри Остона 22 апрел шуруъ шуда ва имрӯз, 24 апрел ба поён мерасад, раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои ҳифзи муҳити зисти минтақавиву байналхалқӣ ва коршиносон ширкат карданд.
Дар ин нишаст масоили ташкили сиёсати муштарак барои ҳифзи муҳити зист, истифодаи босамари об ва муҳофизати олами набототу ҳайвоноти минтақа баррасӣ шуд.
Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон дар чанд соли гузашта сари тақсими об дар минтақа баҳсҳои зиёде доштанд.
Агарчӣ баҳсҳо фурӯ нишастаанд, вале ихтилофоти назар боқӣ мондааст ва аз тарафи дигар, сиёсатҳои худи ҳукуматҳо мушкилоти зиёди зистмуҳитӣ, аз қабили норасоии об, табоҳшавии замин, коҳиши ҷангалзорҳоро ба вуҷуд овардааст.
144 низомии рус аз хидмат фирор карда, ба куштор даст задаанд
Аз оғози ҷанги Русия бо Украина дастикам 144 низомии рус аз хидмат фирор карда, ба куштор даст задаанд. Дар ин бора тарҳи "Север.Реалии"-и Бахши русии Радиои Озодӣ бо такя ба омори додгоҳҳои Русия хабар додааст.
Бино ба ин оморҳо, соли 2024 бисту шаш сарбоз ва соли 2025 аллакай 86 сарбози рус баъд аз фирор аз артиш ба куштор айбдор шудаанд. Гунаҳкоронро аз 8 то 13 сол ба маҳкум ба зиндон карданд.
Аз ин пеш лоиҳаи OSINT- Frontelligence Insight гузориш дода буд, ки мизони фирор аз артиши Русия дар соли 2025 ба фарқ аз соли пеш ду маротиб бештар шудааст.
Сокинони зиёде дар минтақаҳои ин кишвар ҳам аз афзоиши куштору ҷиноятҳои вазнин шикоят мекунанд.
Ба гуфтаи сокинон, ҷинояткорӣ маҳз пас аз баргаштани иштирокчиёни ҷанг аз Украина ба шаҳру деҳоти онҳо авҷ гирифтааст.
Мақомоти тоҷик ба муҳоҷирон дар фурудгоҳ машварат медиҳанд
Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе мақомот бо муҳоҷирони баргашта аз Русия ва онҳое, ки азми сафар ба ин кишварро доранд, суҳбату мулоқот мегузаронанд.
Бинои ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ҳадаф аз ин сӯҳбатҳо, ки акнун ҳамарӯза доир мешаванд, ҷалби муҳоҷирони баргашта ба ҷойҳои кори холӣ ва ба марказҳои касбу забономӯзӣ дар дохили кишвар будааст.
Ҳамчунин ба онҳое, ки роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд, машварат дода мешавад, ки барои гузаштан аз санҷиши шадид дар Русия, омодагии ҷиддӣ бинанд.
Намояндагони Хадамот дар фурудгоҳ ҳамчунин ба муҳоҷирон таъкид мекунанд, ки пеш аз сафар дақиқ кунанд, ки оё ҳаққи вуруд ба Русияро доранд ё на.
Барои ин ба таъкиди Хадамот, муҳоҷирон бояд ба намояндагии "Хадамоти шиносномавию раводид"-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе муроҷиат кунанд.
Ба муҳоҷирон ҳамчунин дар бораи қоидаву қонунҳои нави Русия маълумот дода мешавад.
Ин сӯҳбатҳо ва даъвати ҷавонон ба кор дар дохили кишвар дар ҳолест, ки муҳоҷирон борҳо гуфтаанд, ки ба далели маоши кам дар кишвар, маҷбуранд дар ҳар шароит роҳи муҳоҷиратро пеш гиранд.
Кушта шудани як хабарнигори лубнонӣ дар ҳамлаи Исроил
Нерӯҳои имдодрасони Лубнон эълон карданд, ки ҷасади Омол Халил, хабарнигори лубнонӣ, ки дар пайи як ҳамлаи ҳавоии Исроил дар ҷануби ин кишвар кушта шуда буд, рӯзи чаҳоршанбе, 22 апрел аз зери вайронаҳо берун кашида шуд.
Дафтари расонаҳои Созмони дифои шаҳрвандии Лубнон эълон кард, имдодгарон "муваффақ шуданд ҷасади Омол Халил, хабарнигори кушташударо, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ дар хонае дар шаҳри Ат-Тайри ҷон бохта буд, пайдо кунанд".
Рӯзномаи лубнонии Ал-Ахбор , ки ин хабарнигор барои он кор мекард, кушта шудани ӯро тасдиқ кардааст.
Вазорати иттилораъсони Лубнон низ бо тасдиқи хабари кушта шудани Омол Халил гуфт, ки ӯ дар ҳоли таҳияи гузориш аз минтақаҳои ҷанубӣ буд, ки "ҳадафи ҳамлаи артиши Исроил" қарор гирифт ва кушта шуд.
Онҳо ин ҳамларо нақзи қонунҳои байналмилалӣ донистанд.
Пештар мақомҳои лубнонӣ гуфта буданд, як гурӯҳи имдодрасон, ки ба гуфтаи Вазорати тандурустии ин кишвар, бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва нишони Салиби Сурх, дар ҳоли талош барои интиқоли ду хабарнигор аз маҳали ҳамлаи ҳавоии Исроил буданд, ҳадафи "оташи барқасдона"-и артиши Исроил қарор гирифтанд.
Артиши Исроил ҳадаф қарор додани рӯзноманигоронро рад карда, монеи ҷустуҷӯи гурӯҳҳои имдодӣ дар минтақа шудааст. Артиши Исроил ҳамчунин дар вокуниш гуфтааст, ки "ин ҳодисаро баррасӣ мекунад".