Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи барқ боло рафт. Ҳукумат ба кадом ширкатҳо имтиёз дод?


Ширкати "Барқи тоҷик" ҷузъиёти қарори ҳукумат дар бораи боло бурдани нархи барқро нашр кард. Тибқи ин қарор, сар аз 1-уми феврали имсол нархи истифодаи барқ барои ҳама муштариён боло меравад, аммо ҳукумат ба баъзе корхонаву ширкатҳо имтиёз додааст.

Ҳамчунон, ки қаблан манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, нархи ҳар киловат барқ барои аҳолӣ аз 35,36 дирам ба 41,37 дирам зиёд шуд. То кунун 100 киловат-соат нерӯи барқ 35 сомонӣ мешуд, акнун каме бештар аз 41 сомонӣ хоҳад шуд.

Корхонаҳои буҷетӣ ҳам мисли аҳолӣ минбаъд барои ҳар киловат барқ ба ҷойи 35,36 дирам, 41,37 дирам пардохт мекунанд.

Нархи барқ барои корхонаҳои саноатӣ аз 80,90 дирам ба 94,65 дирам боло бурда шудааст. Дар ин миён мисли солҳои гузашта, ба баъзе корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла "Комбинати металлургии Тоҷикистон", "Талко", "Азот" ва корхонаи "Шаҳри ҳушманд"-и ҳукумати шаҳри Душанбе имтиёз дода шудааст.

Тибқи қарори ҳукумат, "Комбинати металлургии Тоҷикистон" барои ҳар киловат барқ 24,30 дирам месупорад. Соли гузашта ин корхона аз 1-уми май то 30-юми сентябр 14,19 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел мисли дигар корхонаҳои саноатӣ 80,90 дирам месупорид.

Комбинати металлургии Тоҷикистон тибқи ҳуҷҷатҳои Кумитаи андоз аз сӯйи "Фароз" таъсис ёфтааст. Намояндагони Комбинати металлургӣ борҳо гуфтаанд, ки ба "Фароз" ҳеч робита надоранд. "Фароз" ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, ки соли 2020 эълон кард, ки фаъолияти худро қатъ мекунад. Ҳарчанд таҳқиқоти журналистӣ нишон додаанд, ки ширкатҳои зертобеи "Фароз" ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

Нархи ҳар киловат барқ барои Корхонаи алюминии "Талко" ҳам 24,30 дирам муқаррар шудааст. Ин корхона то ҳол барои ҳар киловат барқ 20,77 дирам месупорид. "ТАЛКО" корхонаи давлатӣ аст ва яке аз калонтарин қарздорони барқ дар Тоҷикистон мебошад.

Корхонаи "Азот"
Корхонаи "Азот"

Бар асоси қарори ҳукумат, корхонаи "Азот" ҳам барқро бо нархи камтар аз дигар корхонаҳои саноатӣ мегирад. Барои ин корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ, ки моликаш маълум нест, ҳар киловат барқ 41,37 дирам муқаррар шудааст. Корхонаи нуриҳои "Азот"-ро соли 2022 ширкати "Осиё Кемикал" харид ва як сол баъд фаъол шуд. Номи соҳиби ширкате, ки "Азот"-ро харид, маълум нест ва дар борааш маълумоти зиёд ҳам вуҷуд надорад.

Корхонаи "Шаҳри ҳушманд", як ташкилоти зертобеи ҳукумати шаҳри Душанбе ҳам барқро бо нархи имтиёзии 41,37 дирам барои ҳар киловат мехарад. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе писари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст. Баъди шаҳрдори Душанбе таъйин шудани Рустами Эмомалӣ дар соли 2017, ба чандин корхонаҳои зертобеи ҳукумати шаҳр имтиёзҳои андозию гумрукӣ дода шуд.

Барои мактабҳои хусусӣ бошад нархи ҳар киловат барқ аз 60,70 дирам ба 71,02 дирам боло бурда шудааст.

Бори аввал ҳукумати Тоҷикистон барои нуқтаҳои барқдиҳии мошинҳо ҳам нархи алоҳида муқаррар кард. Минбаъд соҳибони ин нуқтаҳо мисли корхонаҳои саноатӣ барои ҳар киловат барқ 94,65 дирам месупоранд. Ронандагон дар моҳи ноябр ва декабри соли гузашта аз маҳдудият дар ин нуқтаҳои барқдиҳӣ шикоят карда буданд.

Ҳукумати Тоҷикистон бори охир моҳи апрели соли 2025 арзиши барқро зиёд карда буд.

Мақомот ҳадаф аз афзоиши нархи барқро ба рушди соҳаи энергетика ва расидан ба худкифоии ширкатҳои "Барқи тоҷик" ва Шабакаҳои интиқолу тақсими барқ рабт медиҳанд.

Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, об яке аз боигариҳои асосии кишвар аст ва чун бахши аъзами нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои обӣ тавлид мешавад, набояд нархи он бештар аз тавони молии мардум бошад.

Назари мардум дар бораи боло рафтани нархи барқ:

Аз моҳи оянда барои нерӯи барқ пули бештар медиҳед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:27 0:00

Нархи барқ дар шароите боло бурда мешавад, ки сокинони рустоҳои Тоҷикистон аз камбуди шадиди барқ азият мекашанд. Феълан беш аз 70 дарсади аҳолӣ дар шабонарӯз ба ҳисоби миёна то 6-7 соат барқ мегиранд.

XS
SM
MD
LG