Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвати оилаи Назарбоев ва айёшии наберааш дар Лондон


Нурсултон Назарбоев бо духтараш Дариға Назарбоева
Нурсултон Назарбоев бо духтараш Дариға Назарбоева

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури нахустини Қазоқистон, ки то ҳол ҳукумат зери назораташ аст, бо чанде аз аъзои хонаводааш дар чанд ҳафтаи гузашта қаҳрамони хабарҳое шуданд, ки бешак ба обрӯи хонавода латма мезанад.

Назарбоев баъд аз 27 соли ҳукумат дар Қазоқистони саршор аз захираҳои нафт моҳи марти имсол аз мақомаш истеъфо дод. Дар замони Шӯравӣ ҳам ду сол кишварашро раҳбарӣ кардааст.

Оҳангудози собиқ дар замони ҳокимияташ сарвати зиёдеро ҷамъ овардааст, ки дар бораи миқдори он фақат тахмин задан мумкин аст. Бар асоси гузорише, ки Metro news рӯзи 9-уми октябр нашр кард, ӯ дар яке аз хиёбонҳои шимолии Лондон – The Bishops Avenue, ки бо номи Қатори миллиардерҳо маъруф аст, як ҳавлии бузурге дорад.

Ба навиштаи расонаи интернетӣ, хонае, ки соли 2008 бо арзиши 65 миллион доллар харидаанд, яке аз гаронтарин хонаҳо дар Бритониё ба ҳисоб меравад ва он ба Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон тааллуқ дорад.

Ин хабар танҳо хабаре дар бораи хонаводаи Назарбоев набуд, ки ба навиштаи расонаҳо дар хориҷ моликият харидаанд. Аз ин пештар нашрияи швейтсариягии “Билан” рӯзи 21-уми август навишт, Динора духтари дувуми Назарбоев кохеро бо номи “Қалъаи Белериве” дар наздикии шаҳри Женева бо арзиши 63 миллион доллар харидааст. Дар ҳамин мақола омадааст, ки Динора дар Швейтсария соли 2009 бо арзиши 75 миллион доллар моликият харидааст.

Динора ҳамсари Тимур Қулибоев, яке аз тоҷирони сарватманди Қазоқистон аст. Маҷаллаи “Форбс” мегӯяд, ки ин тоҷир дар маҷмӯъ бо арзиши 3 миллиарду 400 миллион доллар сарват дорад.

Гузориш дар бораи хонаи боҳамашат дар хиёбони сарватмандони Лондонро барои он нашр кардаанд, ки соҳибони ин хона дар баробари чанд манзили дигари гарон дар хиёбон, онҳоро нигоҳубин намекунанд ва ин хонаҳо оҳиста-оҳиста ва ба таври ғамангезе ба хароба табдил мешаванд.

Ойсултон Назарбоев, набераи 28-солаи раҳбари нахустини Қазоқистон, рӯзи 18-уми октябр дар додгоҳ муҳокима шуд, чун рӯзи 3-юми июн ба айвони хонаи ҳаштутоқиаш дар меҳмонхона баромада ва таҳдид кардааст, ки худро ба поён меандозад. Ӯро бо иттиҳоми ба ҳам задани тартибот муҳокима кардаанд.

Ду рӯз баъд як зане ба пулис муроҷиат кард, ки марде мехоҳад, тавассути балкон ба хонаи ӯ дар маркази Лондон ворид шавад. Ин ҷавон ҳамон Ойсултон будааст, ки то ин замон ба хонаи ҳамсоя ворид шуда ва либосҳояшро шустааст, чун соҳиби хона дар дохили мошини ҷомашӯӣ баъзе аз либосҳои ӯро пайдо кардааст.

Вақти омадани пулис ба хона, Ойсултон ба ҳадде дасти афсари пулисро газидааст, ки ба зидди ӯ аз электрошокер истифода бурдаанд. Вакили дифои Ойсултон гуфтааст, нашъамандӣ сабаби чунин рафтор шудааст ва зоҳиран сабаби он ҳам ҳаст, ки ба хонаи 65 миллион долларрии бобояш намеравад ва онҷо зиндагӣ намекунад.

Додгоҳи Лондон Ойсултонро ба 18 моҳи шартии зиндон маҳкум кард, 1000 фунт ва ё 1300 доллар ҷарима баст ва амр дод, ки барои хароб кардани хонае, ки ба он ворид шудааст, 5 ҳазор фунт (6500 доллар) ҷуброн бипардозад.

Додгоҳ ба ӯ амр дод, ки 140 соат корҳои ҷамъиятии ройгон анҷом диҳад ва аз нашъамандӣ муолиҷа бигирад. Бино ба гузоришҳо, зоҳиран ӯ чанд сол мушкили мӯътодӣ доштааст.

Ойсултон писари Дариға, духтари калонии Нурсултон Назарбоев ва фарзанди Роҳат Алиев, домоди собиқ аст, ки ба гуфтаи додситонҳо, бераҳмона тиҷоратҳои сердаромадро дар Қазоқистон аз худ кард ва ба курсии падарарӯсаш чашм дӯхта буд. Ҷасади Роҳат Алиевро моҳи феврали соли 2015 дар утоқаш дар зиндон пайдо карданд ва гуфтанд, ки ӯ худкушӣ кардааст, аммо бисёриҳо ба ин фарзия шубҳа доранд.

Ҳамаи ин хабарҳо берун аз марзи Қазоқистон нашр шуд. Дар дохили кишвар Болат бародари хурдии раиси ҷумҳури собиқ бо баргузории маросими бошукӯҳи хатнаи писараш дар Чимкент дар рӯзи 17-уми октябр ҳаёҳуеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт.

Дар видеое, ки аз маросим бардоштаанд, дида мешавад, Болат Назарбоеви 66-сола бо чархбол ба маҳалли маросим меояд ва гурӯҳи бузурги маъмурони пулис ӯро ба ҷойи ҷашн меоранд. Дар видео намоён аст, маъмурони пулис ҷашни хатнасурро, ки садҳо нафар меҳмон дорад, посбонӣ мекунанд.

Дар бахше аз он дида мешавад, Болат ба нафаре барои кадом як кораш як бастаи долларро берун оварда ва саховатмандона инъом медиҳад.

Ҳарчанд касе манбаи азими сарвати Болатро намедонад, вале мушкили бузургтарро мебинанд ва он ҳам истифодаи ду чархбол ва маъмурони пулис барои манфиати хусусӣ.

Кӣ пули ҳамаи инро пардохт? Агар давлат бошад, пас, сӯистифодаи ошкори пули давлат аст. Бори аввал нест, ки дар бораи сарвати ҳайратовари Назарбоев ва зиндагии серхарҷи оилаи ӯ гузориш мешавад. Бо вуҷуди он ки Нурсултон Назарбоев ҳамчунон қудрати зиёдеро дар Қазоқистон дар даст дорад, дигар раиси ҷумҳур нест.

Чунин ғоратгариро шояд қазоқҳо тақрибан се даҳаи гузашта таҳаммул карданд, аммо эътирозҳо аз шароити иҷтимоиву сиёсӣ аз соли 2019 бо суръати чашмгире афзудаанд.

Хонаҳо бо арзиши миллионҳо доллар, хатнасур бо пули давлат, айёшии узви 29-солаи оилаи раиси ҷумҳури собиқ дар Лондон бешак норизоиятии мардум дар кишвари сарватманд аз нафту газро зиёдтар мекунад.

XS
SM
MD
LG