Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Умаров: Корро аз боздиди зиндонҳо шурӯъ кардам


23 ноябр бо як қарори ҳукумат Умаров (аз чап) сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон таъин шуд. Дар акс аз рост - вазири адлия Рустами Шоҳмурод

Мансурҷон Умаров, сардори тозатаъини Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки корро дар мақоми нав аз боздиди зиндонҳо, аз ҷумла зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд шурӯъ мекунад.

Дар як сӯҳбати телефонии мухтасараш бо Радиои Озодӣ рӯзи 26 ноябр Мансурҷон Умаров, ки ҳамзамон муовини вазири адлия мебошад, гуфт, ки дар марҳилаи аввали кориаш ҳатман бо вазъи муассисаҳои ислоҳии кишвар ошно мешавад.

Оммавӣ нашудани иттилои дақиқ, албатта, ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Мо ҳатман мебинем, шояд ахбори расмӣ бошад ва агар имкон даст дод, дастрас мекунем

Мансурҷон Умаров рӯзи 23 ноябр бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба ин вазифа таъин шуд. Генерал-лейтенант Умаров 53 сол дошта, 8 соли охир дар мақоми муовини аввали раиси КДАМ ифои вазифа кардааст.

Дар вазифаи раиси зиндонҳо ӯ Иззатулло Шарифзодаи 64-соларо иваз кард, ки беш аз 12 сол дар ин мақом кор кардааст. Тағйирот дар сатҳи раҳбарияти раёсати зиндонҳо ду ҳафта баъди ошӯби пурқурбонӣ дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд рух дод. Мақомот гуфтанд, ки дар ҳодисаи шаби 7 ба 8 ноябр - 25 нафар, аз ҷумла 23 зиндонӣ ва ду зиндонбон кушта шуданд. Қазияро гурӯҳи вижаи додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ мекунад.

Манобеи ғайрирасмӣ шумори воқеии қурбониҳоро ба маротиб бештар мегӯянд.

"Оммавӣ нашудани иттилои дақиқ ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад"

Мансурҷон Умаров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт тасмим дорад, рӯзҳои наздик шахсан аз зиндони пурсарусадои рақами 3-и дар Хуҷанд дидан ва бо масъулину маҳбусони он суҳбати рубару анҷом диҳад. Ӯ дар бораи тасмимҳояш ҳамчун раҳбари нав гуфт, “агар дар доираи ваколатҳои мо, иҷозати суҳбату мулоқот бо масъулину маҳбусони зиндониён бошад, албатта мулоқотҳо анҷом медиҳам”. Умаров таъкид кард, ки дар вазифаи нав танҳо дар чаҳорчӯби қонун кор хоҳад кард: “Ҳамаи фаъолияти ман пурра дар доираи қонун сурат мегирад - қонун “Дар бораи иҷрои ҷазо” ки соли 2001 қабул шудааст,” - гуфт ӯ.

Зиндони рақами сеи Хуҷанд
Зиндони рақами сеи Хуҷанд

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Умаров пурсид, ки сабаби дар давоми ду ҳафтаи баъди ошӯби пурқурбонӣ хомӯш будани мақомот ва шарҳ надодани ҷузъиёти ин ҳодиса дар чист, гуфт, ҳарчанд дар бораи ин ҳодиса “маълумоти муфассал" надорад ва бо ин кор мақомоти додситонии кулл машғул аст, ба ин назар аст, ки “оммавӣ нашудани иттилои дақиқ, албатта, ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Мо ҳатман мебинем, шояд ахбори расмӣ бошад ва агар имкон даст дод, дастрас мекунем”.

Ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз пурсарусадотарин ҳодисаҳои чанд соли охир дар Тоҷикистон аст. Гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” чанд рӯз баъди ҳодиса иддао кард, ки ошӯбро як ҷангҷӯи ин созмон шурӯъ кард. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин, ки ҳафтаи гузашта дар Брюссел қарор дошт, дар посух ба саволи хабарнигорони хориҷӣ гуфт, ки воқеан ҳам аксари ошӯбгарон аз зиндониҳое буданд, ки бо ҷурми узвият дар гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ", "Ансоруллоҳ", "Ҷундуллоҳ" ва Ҷунбиши исломии Узбекистон маҳкум шуданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ошӯбгарон фирор аз зиндон буд.

Иззатулло Шарифзода: "Ман ҷавон ва пурэнержӣ ҳастам"

Иззатулло Шарифзода, роҳбари барканоршудаи зиндонҳои Тоҷикистон гуфт, феълан дар бораи фаъолияти минбаъдааш фикр дорад. Шарифзодаро охири ҳафтаи гузашта "ба далели бознишаста шудан" аз мақом барканор карданд. Иззатулло Шарифзода дар аввалин вокунишаш баъди барканорӣ гуфт, феълан дар бораи нақшаҳои ояндааш фикр дорад. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ, ки ният дорад, ки дар канори наберагон даврони пирӣ ронад афзуд, "фикр мекунам, ки ҳоло ман ҷавон ва пурэнержӣ ҳастам. Ҳоло мебинем."

Сардори барканоршудаи зиндонҳои Тоҷикистон нахост аз ин бештар сӯҳбат кунад. Иззатулло Шарифзода танҳо мақоми идораи зиндонҳо нест, ки дар пайи ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз курсии худ маҳрум шуд. Пеш аз ин, рӯзи 15-уми ноябр Файзулло Сафарзода, раиси зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд ҳамроҳ бо шаш зердасташ дастгир ва дастикам барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуданд. Мақомоти додситонӣ то ҳол ин қазияро шарҳ намедиҳанд.

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен мегӯяд, натиҷаи чандин мониторинги ин ниҳод бо созмонҳои ғайридавлатӣ ва Эътилофи зидди шиканҷа нишон дод, ки "вазъ дар зиндонҳо чандон бад нест". Ӯ рӯзи 26-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷандро таҳқиқи гуруҳи корӣ муайян мекунад. Вай хомӯшии мақомотро дар бораи ин ҳодиса, ба "риояи сирри тафтишот" рабт дод. Ализода аз мақом барканор шудани Изаттулло Шарифзодаро ба синну сол ва нафақа рабт дода таъини Мансурҷон Умаровро ба ҳайси раҳбари зиндонҳои Тоҷикистон "ба унвони як кадри ҷавон ва аммо собиқадор дар соҳаи мақомоти қудратӣ" муҳим арзёбӣ кард.

Коршиносон: Низоми зиндонҳо ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад

Дар ҳамин ҳол, коршиносону нозирон дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳодисаи зиндони Хуҷанд вуҷуди мушкилро дар зиндонҳои кишвар ба намоиш гузошт, ки зарурати роҳандозии ислоҳоти сареъро тақозо мекунад. Аз ҷумла, бархе ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова ба зарурати гуманизатсияи низоми зиндонҳо таъкид мекунанд, ки ҳадафаш тарбия, на муҷозоти ҷинояткорон мебошад.

Абдумалик Қодиров, як таҳлилгари тоҷик мегӯяд, тирборон кардани ошӯбгарон дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд бозгӯи он буд, ки низоми зиндонҳои Тоҷикистон имкони бо роҳи ғайризӯрӣ пахш кардани ошӯб дар маҳбасҳоро надорад. Як сабаби барканории раҳбари собиқи зиндонҳоро ин таҳлилгари тоҷик ба зиёд расонаӣ шудани хабари ошӯб рабт медиҳад ва мегӯяд, дар акси ҳол ин ҳодиса дар дохил ҳал шуда шояд бо танҳо барканории раҳбари зиндони Хуҷанд анҷом меёфт. Вай гуфт, интиқоди шадиди мухолифини сиёсӣ дар хориҷи кишвар ва то сатҳи байналмилалӣ матраҳ кардани қазия, таваҷҷӯҳи сохторҳои дипломатии ғарбӣ ва тақозои аз роҳи қонунӣ ҳал шудани қазия боиси тасмимгириҳои ахири ҳукумат шуд. Абдумалик Қодиров мегӯяд, ҳоло ҳукумат бо таъини раҳбари нав мехоҳад воқеан ба ин сохтор як тағйирот ворид кунад. Ин таҳлилгари тоҷик гуфт:

«Умаров як нафари зиёиву босавод ва барои матубот дастрас аст. Ва ӯ аз камтарин кадрҳое буд, ки дар чунин ҳолат ба дарди хукумат мехӯрд ва аз ӯ истифода карданд».

Аммо Қодиров мегӯяд, набояд ин тағйирот барои поён додани танҳо як ҳодиса сурат бигирад ва бо қиссаи зиндони Хуҷанд анҷом ёбад. Балки ҳукумат бояд сари он кор кунад, ки дар низоми зиндонҳои кишвар тағйироти куллӣ ба амал биёяд ва ба ин васила имиҷашро дар сатҳи байнулмилалӣ ва обрӯяшро назди мардум барқарор кунад.​

Гулнора Амиршоева, хабарнигор ва сардабири нашрияи "Вечерка", ки чанд ҳафта пеш аз зиндони занонаи Норак дидан кардааст, мушкили маҳбасҳои Тоҷикистонро ба раҳбарони ин муассисаҳои ислоҳӣ рабт медиҳад. Вай мегӯяд, борҳо шунидааст, ки раҳбари ҳамакнун собиқи зиндони рақами 3-и Хуҷанд бо маҳбусон "муносибати сард" дошт ва онҳоро “азият” мекард. Ба гуфтаи ин хабарнигор, як омили дигари сар задани ошӯб дар зиндон - якҷоя нигаҳдорӣ шудани маҳбусони маҳкумшуда бо ҷурми терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткорҳои дигар мебошад.

Амиршоева мегӯяд, танҳо дар сурати тағйири куллӣ дар низоми зиндонҳо мешавад ба як ислоҳоти воқеӣ даст ёфт.

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG