Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи Тоҷикистон дар парвандаи саркӯби уйғурҳои мусалмон дар Додгоҳи Гаага


Дар як шикоят ба номи Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои Гаага оид ба муҳокимаи Чин барои саркӯби мусалмонҳо, исми Тоҷикистон ба унвони кишваре ёд шудааст, ки бо дархости Пекин уйғурҳои чиниро аз қаламраваш истирдод мекунад. Ҳанӯз назари мақомоти тоҷик ба ин хабар нашр нашудааст.

Шикояти гурӯҳи ҳуқуқшиносони байналмилалӣ

Гуруҳи уйғурҳо дар хориҷи Чин аз болои Пекин ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар Гаага шикоят карда дархост намуданд, ки амалҳои ҳукумати ин кишвар дар заминаи "наслкушӣ" ва "ҷиноят алайҳи башарият" таҳқиқ шавад. Ин нахустин чунин як дархост аз додгоҳи байналмилалӣ аст, ки ҳизби марказии коммунисти Чинро дар саркӯби мусалмонони маҳаллӣ айбдор мекунад.

Дар аризаи ду созмони ҳомии ҳуқуқи уйғурҳои Чин дархост шудааст, ки қазияҳои бозпасгардонии ҳазорҳо уйғур аз роҳи ҳабси ғайриқонунӣ ва ё ихроҷи онҳо аз кишварҳои мисли Камбоҷаву Тоҷикистон таҳқиқ шавад. Нашрияи The New York Times менависад, ин мавзӯъ метавонад мавриди таваҷҷӯҳи зиёди байналмилалӣ шавад, чунки тавони ҳукумати Чинро барои таъсиргузорӣ болои мунаққидонаш дар берун аз марзҳои худ ба намоиш мегузорад.

Нашрияи амрикоӣ мегӯяд, аризаи гурӯҳи ҳуқуқшиносон иборат аз 80 саҳифа феҳристи беш аз 30 мақомдори чиниро ҳам нашр кардааст, ки масъули барномаи саркӯбҳои мусалмонҳо Чин мебошад. Солҳои охир сиёсати раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин мусалмонони ин кишварро дар вилояти Шинҷон ҳадаф қарор додааст. Ин мардум мавриди назорат, боздошт ва ба истилоҳ бозтарбияи иҷтимоиву сиёсӣ қарор мегиранд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар урдугоҳҳои ба истилоҳ бозтарбия ҷой додани тахминан як миллион уйғурҳову дигар мусалмонони Чин мавриди маҳкумияти ҷомеаи байналмилалӣ шудааст. Дар аризаи фаъолони ҳуқуқи уйғурҳо тақозо шудааст, ки адолат дар нисбати "қурбониёни наслкушӣ барқарор шавад" ва мақомот барои "ҷиноятҳои ҷангӣ посух диҳанд". Вале Чин ҳеҷ гоҳ қонуншиканӣ ва ё поймолкунии ҳуқуқи мусалмонҳои кишварро эътироф накардааст ва ин масъала суолҳоеро дар заминаи ин ки то куҷо даъвои фаъолон дар Гаага муваффақ мешавад, эҷод мекунад.

Родни Дикси, яке аз ҳуқуқшиносони муаллифи шикоят ба додгоҳи байналмилалӣ дар сӯҳбат бо The New York Times аз шаҳри Лондон гуфтааст, ки дар дархости онҳо тақозо шудааст, ки қонунмандии аъмоли ҳукумати Чин дар Камбоҷаву Тоҷикистон ҳам арзёбӣ шавад.

Диксон пеш аз парвоз ба Гаага ба нашрияи амрикоӣ гуфтааст, ки "ин парванда хеле муҳим аст, чунки давоми муддати тӯлонӣ буд, ки илоҷе барои ба ҷавобгарӣ кашидани Чин дар додгоҳи байналмилалӣ вуҷуд надорад". Ба гуфтаи ӯ, дар сурати узви Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳо будани кишваре мешавад онро ба ҷавобгарӣ кашид.

Камаш се ҳодисаи истирдоди уйғурҳо аз Душанбе дар соли 2019

Рӯзи 9-уми июл Радиои Озодӣ аз Вазорати корҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон дархост кард, ки мавқеи ҳукумати ин кишвар дар робита бо ин қазия шаҳр дода шавад, вале то замони нашри ин гузориш посухи мақомот дарёфт нашуд. Ҳамингуна масъулини Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳам Додситонии кулл дастрас набуданд.

Маълум нест, ки оё воқеан ҳам Тоҷикистон дар истирдоди фаъолони мусалмонтабор ба Чин ёриҳо кардааст ё на. Мақомот дар ин замина чизе намегӯянд.

Вале бино ба гузорише, аз августи соли 2019, Туркия камаш се шаҳрванди уйғуртабори Чинро, ки шиносномаҳои тоҷикӣ доштанд, ба Пекин истирдод кард. Радиои Осиёи Озод – як расонаи амрикоӣ хабар дод, ки ин афрод дар зодгоҳашон вилояти Шинҷон Уйғӯри ҳаммарз бо Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.

Зиннатгул Турсун ва ду духтари ӯ Ҳилол Шоҳинпур ва Бону Абдуллоро аввал аз шаҳри Истанбули Туркия ба Душанбе бурдаанд ва сипас онҳороафсарони пулиси Чин рӯзи 31-уми июл аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Урумчӣ интиқол додаанд. Ҷаннатгул Турсун, хоҳари Зиннатгул ба Радиои Осиёи Озод гуфтааст, ки Ҷаннатгул Турсун "хоҳари ӯро бо шавҳараш Абдулло Аҳмадов ва ду фарзандаш дар як маркази нигаҳдории муҳоҷирон дар Измир нигаҳ медоштаанд ва сипас онҳоро шаҳрванди Тоҷикистон эълон карда, бар хилофи хоҳишашон ба Тоҷикистон фиристодаанд."

Аз он ҷо ду мусофири тоҷик рӯзи 31-уми июн дар Фурудгоҳи Душанбе шоҳиди боздошти хоҳари ӯ аз тарафи пулиси Чин шудаанд. Дар гузориш омадааст, ки мусофирони тоҷик ҳамчунин 5 нафари дигар - чаҳор зан ва як марди уйғурро дидаанд ва эҳтимолан онҳоро низ ба Чин истирдод кардаанд. Маълум нест, ки сарнавишти ин нафарон чӣ шуд. Мақомот дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ин қазияро шарҳ надодаанд.

"Ҳатто Сафорати Туркия ба боздоштшуда дастрасӣ надошт"

Соли 2011 матбуот дар бораи як намоиши эътирозии ҳаштод фаъоли ҷомеаи уйғурҳо дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Анқара дар заминаи нопадидшавии се марди уйғури сокини Туркия хабар дод. Хабаргузории "Фергана" гуфт, ин эътироз аз он ҷо маншаъ гирифт, ки рӯзи 9-уми январи он сол дар Душанбе шаҳрванди уйғуртабори Туркия Аблимит Даватоглу ва рӯзи баъдаш ду уйғуртабори дигари шаҳрванди Чин - Комиджан Омироглу и Эмет Расиди боздошт шуданд.

Раиси Анҷумани таъсис ва ҳамкории Туркистони шимолӣ дар Туркия Ҳидоятулло Оғоҷон он замон гуфтааст, ки ҳамаи ин се марди уйғур "эҳтимолан таҳти фишори мақомоти Чин боздошт ва мавриди истирдод қарор гирифтаанд". Ӯ гуфтааст, ки даҳ сол пеш аз ин бародари Даватоғлу аз ҷониби мақомоти чинӣ дар ҷудоиталабӣ гунаҳгор ва қатл шудааст.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Дилрабо Самадова, ки дар як кори илмиаш дар робита бо ин қазия навиштааст, ки "бо вуҷуди ин ки Аблимит Даватоғлу даҳ сол аз ин пеш дар Чин боздошт шуда буд ва дар лаҳзаи боздошташ дар Тоҷикистон шаҳрвандии Туркияро дошт, Тоҷикистон ӯро бо дархости Чин бо ҳадафи экстрадитсия боздошт кард. Ҳатто Сафорати Туркия дар Тоҷикистон дар бораи ҳабси ӯ иттилое надошт ва ба Аблимит Даватоғлу дастрасӣ пайдо карда натавонист. Ин қазия ба матбуоти туркиву Осиёи Марказӣ роҳ ёфт".

Як ҳуқуқшинсони дигар мегӯянд, Тоҷикистон як узви Додгоҳи байналмилалии Гагаа аст ва ӯҳдадориҳои худ дар баробари ин додгоҳро бояд иҷро кунад. Чин яке аз шарикони муҳими стратегии сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад ва нисфе аз қарзи давлатии Тоҷикистон, ки 2 миллиарду 800 миллион долларо дар бар мегирад, марбути Ҷумҳурии Мардумии Чин аст.

Ҳамкориҳои ду кишвар ҳам бар пояи созишномаҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой танзим мешавад. Аз ҷумла, бар асоси Эъломияи СҲШ оид ба мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ аз соли 2001, истирдоди афроди мавриди ҷустуҷӯи ҷиноӣ дар кишварҳои узв як бахше аз ин ҳамкориҳо мебошад.

Як ҳуқуқшиноси тоҷик, ки равобити Чину Тоҷикистонро омӯхтааст, гуфт, "эъломияти СҲШ арзишҳои мисли ҳуқуқи башар ва замонати ҳимоят бар асоси ҳуқуқи башарро дар назар намегирад". Ин санад, ба гуфтаи ӯ, "ҷонибҳоро вазифадор намекунад, ки дар амри мубориза бо терроризм, ифротгарӣ ва ҷудоиталабӣ ҳуқуқи башар риоят шавад".

Дар Созишномаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин, ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос, "ҷиноятҳои мисли терроризм, ифротгарӣ ва ҷудоиталабӣ ба унвони ҷиноятҳои дорои табиати сиёсӣ эътироф намешаванд, аз ин хотир, имкон надорад, ки шахси муттаҳам дар ин ҷиноятҳо мавриди ҳимояти сиёсӣ қарор бигирад".

Помпео баъди нишасти "С5+1" – ба истирдоди уйғурҳо муқовимат кунед

Майк Помпео
Майк Помпео

Бо доғ шудани мавзӯи сарнавишти уйғурҳо дар Чин ва саркӯби онҳо аз ҷониби режими Пекин таҳти баҳонаи “мубориза бо терроризму ифротгарии динӣ”, сентябри порсол Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки уйғурҳоро ба Чин истирдод накунанд. Помпео рӯзи 22-юми сентябр баъд аз мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ –Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи нишасти "С5+1" гуфт, маъракаи мақомоти чинӣ ба зидди уйғурҳои Шинҷон бо терроризм иртибот надорад.

"Ин як кӯшиши аз байн бурдани эътиқод ва фарҳанги мусалмонони ин кишвар аст" ва аз кишварҳо хост, ки "ба тақозоҳои Чин дар бораи истирдоди уйғурҳо муқовимат нишон диҳанд."

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (14)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG