Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурулло Алиев дар мусобиқоти UFC дар Қатар пирӯз шуд


Акси Нурулло Алиев, размикори тоҷик аз бойгонӣ
Акси Нурулло Алиев, размикори тоҷик аз бойгонӣ

Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC Fight Night 265, ки шаби 22-уми ноябр дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор шуд, дар вазни нимасабук бар Шакеме Рок аз Британияи Кабир ғалаба кард.

Аз рӯи натиҷаҳои се раунд бо қарори якдилонаи доварон размикори 26-солаи тоҷик пирӯз дониста шуд.

Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (Ultimate Fighting Championship - Қаҳрамонии мутлақи якҳарба) дохил шуда, то имрӯз шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи 11 қувваозмоӣ дар ММА, аз он ҷумла сетоаш дар UFC, дастболо шудааст.

Рақиби размикори тоҷик Шакеме Роки 32-сола аз 14 рақобати худ дар 12-тоаш пирӯз шуда, яктоашро бохтааст ва яктоашро мусовӣ кардааст. Рақобати ӯ бо Нурулло Алиев дар мусобиқоти UFC аввалин буд.

Нурулло Алиев дар нахустин рақобаташ дар мусобиқоти "UFC Vegas 70" 25-уми феврали соли 2023 дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА Рафаэл Алвеси бразилиро бо тасмими доварон шикаст дода буд.

Ин размикори тоҷик дар мусобиқоти UFC Fight Night 249, ки 12-уми январи имсол дар шаҳри Лас-Вегаси ИМА баргузор шуд, Ҷо Солекии амрикоиро бо қарори якдилонаи доварон мағлуб кард.

Ёдовар мешавем, Нурулло Алиев аз соли 2018 дар муҳорибаҳои размии омехта ширкат меварзад. Ӯ моҳи сентябри соли 2022 дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта дар доираи мусобиқоти интихобии Dana White's Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC ва AMC Fight Nights иштирок мекард.

Нурулло Алиев, ки 16-уми октябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи панкратион мебошад. Алиев дар мусобиқоти UFC бо лақаби Tajik Eagle (“Уқоби тоҷик”) маъруф аст.

Ҳоло дар UFC Тоҷикистонро ба ғайр аз Нурулло Алиев, боз се размикор намояндагӣ мекунанд.

Муҳаммад Наимов, размикори 31-солаи тоҷик, ки аз соли 2018 дар муҳорибаҳои омехта (ММА) ширкат меварзад, ҳамагӣ 16 рақобат анҷом дода, дар 13-тоаш пирӯз шудаст. Вай дар UFC шаш рақобат карда, дар панҷтоаш ғолиб омадааст.

Муин Ғафуров, размикори 28-солаи тоҷик, дар ММА ҳамагӣ 26 қувваозмоӣ анҷом дода, дар 20-тоаш пирӯз шудааст, аз он ҷумла дар UFC аз чаҳор рақобат дар дутоаш ғалаба кардааст.

Лоиқ Раҷабов, размикори 33-солаи тоҷик, ки дар муҳорибаҳои омехта (ММА) аз соли 2012 ширкат мекунад, аз 25 рақобат дар 18-тоаш пирӯз шудааст. Аз ҷумла, дар UFC вай дар ду рақобати худ дастболо шуда, дар дутоаш шикаст хӯрдааст.

Аммо ҳеч яке аз размикорони тоҷик то ҳол ба рӯйхати ҳадди ақал 15 варзишгари беҳтарин дар вазни худ шомил нашудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG