Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки баъди манъи худоиҳои серхарҷи маросими азодорӣ, сокинони Тоҷикистон 31 миллион сомонӣ маблағҳои худро сарфа кардаанд.

Мақомот мегӯянд, ин сарфакароӣ аз ҳисоби забҳ нашудани чорво, харҷи орду равған, меваю ширинӣ ва маҳсулоти дигари ғизоӣ ба даст омадааст. Тағйирот ба Қонуни танзими ҷашну маросимҳои Тоҷикистон, ки августи соли 2017 тасвиб шуд, пешниҳоди ғизоро дар мотамхонаҳо мамнуъ кард. Ҳадафи он ҷилавгирӣ аз бебизоат шудани хонаводаҳо гуфта мешуд.

Азизуллоҳ Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ки рӯзи 5 феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе аз сарфа шудани

Яъне, дар ин ҷо шакли пешниҳод намудани хайру саховат аз болои дастархон, ба шакли дигар ба хотири обод кардани кишвар, ватан равона шуда истодааст

миллионҳо доллари мардум гузориш медод, гуфт, аз сокинон даъват мекунад, ин маблағҳоро барои ободкории маҳаллаҳои худ ва кӯмак ба арсаи маориф сарф кунанд. Бино ба маълумоти Кумитаи дин, дар як соли ахир беш 7 ҳазор сокини кишвар “ба маъракаҳои дастаҷамъонаи хайриявӣ” ҷалб шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҷалби шаҳрвандон барои саҳмгузорӣ дар ҷашну маъракаҳои умумӣ, таъмири мактабу пулу роҳҳои маҳалла таҷрибаи хуб андӯхтаанд. Барои намуна сар аз соли 2010 ба хоҳишмандони зиёрати Хонаи Худо “тавсия” мешавад, ки қабл аз сафар ба ҳаҷ ягон ободкорӣ кунанд.

"Шеваи додани хайру садақот тағйир кардааст"

Тоҷикистон як кишвари мусалмоннишин буда, аксари аҳолияш дуову хайру худоиро барои оромиши рӯҳи гузаштагон муҳим мешуморад. Мақомот мегӯянд, мардум агар хайр кардан мехоҳанд, ғизоро ба сағирахона диҳанд, савобаш бештар аст ва роҳеро бунёд кунанд, ки худашон аз он убур мекунанд. Азизуллоҳ Мирзозода, муовини раиси кумитаи дин гуфт, ки бо тавсияи мақомоти ин кумита дар маҳалҳо шеваи анъанавии маросими хайру садақоти сокинон тағйир ёфтааст:

"Аз тарафи масъулон, махсусан мо, ваколатдорон, ба шаҳрвандон тавсия медиҳем, барои обод намудани маҳалли зист, барои дастгирии соҳаи маориф, мактаб, сохтани ягон иншооте, ки барои хоҷагии халқ зарураманд ҳастанд. Яъне, дар ин ҷо шакли пешниҳод намудани хайру саховат аз болои дастархон, ба шакли дигар ба хотири обод кардани кишвар, ватан равона шуда истодааст."

Ин мақомдор мегӯяд, ҳанӯз ҳам афроде ҳастанд, ки дар баргузории ҷашну маросимҳо ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Ба гуфтаи Азизуллоҳ Мирзозода, “дар нимсолаи дувуми соли гузашта дар мавриди риояи қонуни танзими ҷашну маросимҳо 68 мавриди нақзи муқаррароти он ошкор шудааст. Ҷаноби Мирзозода хабар дод, ки дар миёни вайронкунандаҳои муқаррароти ин қонун 13 корманди давлатӣ, 30 соҳибкор, 6 пизишк ва ҳатто як нафар имомхатиби масҷид ҳам будааст.

Кори хайр ба ҷои дастурхони азо
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:38 0:00

Роҳ ба ҷои "худоӣ"

Абдуманнон Насриддинов ду моҳ қабл бародари 47-солаи худро аз даст дод ва то ҳол манзили додараш мотамхона аст. Аз бародари ӯ чор фарзанд мондааст. Ҳамарӯза хешовандону дӯстони зиёди марҳум барои изҳори тасаллият меҳмони хонаводааш мешаванд. Тибқи расму ойинҳои гузашта, наздикони ин хонавода бояд маросимҳои 3, 7, 40 ва соли фавтро баргузор мекарданд.

Аммо аз тирамоҳи соли гузашта тибқи тағйирот дар қонуни ҷашну маросимҳои Тоҷикистон додани ғизо ба меҳмонони чунин маросимҳо манъ шудааст. Абдуманнон Насриддинов рӯзи 5-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки вай тӯли ин рӯзҳо ба қабули меҳмонон машғул аст ва меҳмонҳо зимни ташриф ба ҳавлии бародараш танҳо дуо мехонанд ва дигар интизор пешниҳоди ғизо нестанд.

Вай гуфт: "Дар хонавода машварат кардем, ки маблағи сарфмешуда дар ин маросимҳоро ба кори хайри дигаре истифода кунем. Мехоҳем роҳи назди ҳавлии бародарамро бозсозӣ карда, ба хонандаҳои мактаби ҳамон маҳалла кӯмак бирасонем. Ҳоло тибқи қонун додани ғизо дар маросимҳои азодорӣ манъ шудааст ва ба ин хотир ҳамаи меҳмонон омада, танҳо фотиҳа мехонанду мераванд."

"Азодории бидуни ғизо дар дигар ҷойҳо низ роиҷ аст"

Равшан Раҳмонӣ, мардушиноси тоҷик 5-уми феврал дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки таҷрибаи бидуни пешниҳоди ғизо баргузор кардани маросимҳои азодорӣ дар кишварҳои ҳамсоя, бавижа, дар Афғонистони ҳамсоя ҳам роиҷ аст.

Ӯ гуфт, “хушбахтона одати бидуни ғизо баргузор кардани маросимҳои азодорӣ дар Тоҷикистон низ роиҷ мешавад. Дар чанд маросиме, ки ҳузур доштам, медидам, ки ғизо ва ҳатто чой танҳо ба нафароне пешниҳод мешуд, ки барои изҳори тасаллият аз роҳи дур омадаанд. Мардум дарк мекунанд, ки беҳтар аст маблағи сарфмешударо барои ободии қабристон ё кори дигари хайр сарф кунанд”.

Вале на ҳама сокинон бо чунин тағйирот дар қонун розӣ ҳастанд. Онҳое, ки расму русуми гузаштаро эҳтиром мекунанд, мегӯянд, бидуни дастурхон пешвоз ва гусел кардани меҳмон ғайримаъмулӣ аст ва гӯё камоли беэҳтиромӣ ба арвоҳи шахси гузашта ва меҳмонони ёди ӯ карда мебошад.

Хонум Зебуннисо, ки моҳи ноябр дар маросими "бечою нони" як ҳамсояи деринааш иштирок кардааст, гуфт, аз сӯе ба хотири бедастурхон гузаштани маросими 40-и ҳамсояаш ҳузури ӯву дигарҳо дар маъракахона хеле кӯтоҳ буд. Вале бидуни дастурхон барпо шудани маъракаи бонуи кӯҳансоле, ки 30 сол бо вай "ҳаққу ҳамсоя" буданд, "барояш сахт расид". Хонум Зебуннисо гуфт, агар шахс бихоҳад, ки кори хайре барои ҷомеа анҷом диҳад, ин кор бояд аз рӯи хоҳишу фаросати худи ӯ анҷом шавад, на ба хотири гузориш додан ба мақомоту комиссиюни танзим.

Талаботи шадиди қонуни танзим

Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон 10 соли қабл таҳия ва мавриди иҷро қарор гирифта буд. Чаҳор моҳи пеш бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба чанд банди ин қонун, масъулият ва ҷазо барои риоят накардани талаботи ин қонун шадид карда шуд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки қонуни танзими маросими миллӣ дар тӯли даҳ соли гузашта 18 миллиард сомонии мардумро сарфа карда ва якуним миллион чорворо аз забҳ шудан раҳондааст. Дар як ҳамоиши бахшида ба 10-умин солгарди қабули Қонуни танзим гуфта шуд, ки даҳ сол пеш сатҳи камбизоатӣ дар кишвар 70 дарсад буд ва ҳоло ин рақам то 30 дарсад коҳиш ёфтааст.

Вале бо ин вуҷуд, ин қонуни танзим яке аз пурбаҳстарин санадҳои ҳуқуқии кишвар боқӣ мемонад ва мухолифони он аз маҳдуд шудани имкониятҳои шаҳрвандиву инсонии худ дар амри ташкили маросимҳои шодиву ғами худ интиқод мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG