Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар миёни латукӯбшудаҳои боздоштгоҳи Томск. САДО


Ҳадди аққал як нафари латукӯбшуда дар маркази нигаҳдошти муваққатии хориҷиҳо дар шаҳри Томск шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Аризаи шикоятии ин мард ва ҳамсари руси ӯ рӯзи 17 апрел ба дасти Кумитаи тафтишот дар вилояти Томски Русия ворид шудааст. Таҳқиқи ин шикоят ва ҳам ҳодисаи латукӯби шадиди муҳоҷирон дар ин муассиса шурӯъ шудааст.

Дар маркази нигоҳдории муваққатии хориҷиҳо дар шаҳри Томски Русия рӯзи 12 апрел ҳадди ақал 13 боздоштшуда мавриди латту кӯби шадиди нирӯҳои ОМОН ё гурӯҳи таъиноти махсуси "Росгвардия" қарор гирифтанд. Аксари онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ буда эҳтимолан як нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон аст. Дар паи латукӯби гурӯҳи боздоштшудаҳо як ҷабрдида ба бемористон интиқол ёфт.

Елена Лебедева, як масъули равобит бо ҷомеаи Кумитаи тафтишоти вилояти Томск рӯзи 18 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба унвонии онҳо ду аризаи шикоятӣ - яке аз марти тоҷики латукӯбшуда ва дигаре аз номи ҳамсари шаҳрванди Русияи ӯ ворид шудааст. Вай гуфт, ки ин мард, ки номаш ифшо намешавад, баъди анҷоми мӯҳлати ҷазо дар зиндони маҳаллӣ бо сабаби мушкил дар санадҳояш ба маркази муваққатии нигаҳдошти хориҷиҳо интиқол дода шуд. Ба ӯ депортатсия таҳдид мекунад. Ҷузъиёти дигари ин шикоят фош намешавад. "Ҳамин аниқ аст, ки таҳқиқ аз дирӯз шурӯъ шуда", гуфт Лебедева.

лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:04:25 0:00
Линки мустақим

Дар бораи ин ҳодиса бори нахуст Комиссияи назорати ҷамъиятӣ -- як ташаккули нозири риояи ҳуқуқи башар дар муассисаҳои ислоҳотиву боздоштгоҳҳо хабар дод. Александр Палтусов, узви ин комиссия, дар сӯҳбат бо матбуоти Томск рӯзи 17-уми апрел гуфт, ба боздоштгоҳи муҳоҷирон рафта, танҳо баъди 40 дақиқа иҷозат гирифт, ки бо ҷабрдидаҳо сӯҳбат кунад.

Русия макони аслии кору даромади беш аз 10 миллион муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва ҳодисаҳои боздошту муҷозот, бадрафториву поймолкунии ҳуқуқи онҳо кам нест.

Вай гуфт, дар ҳодисаи рӯзи панҷшанбеи гузашта нирӯҳои ОМОН вориди ду утоқи нигаҳдории хориҷиҳо шуда, ҳамаро шадидан латту кӯб карданд. Палтусов аз қавли ҷабрдидаҳо гуфт, ин саҳнаро раиси маркази нигаҳдорӣ ё боздоштгоҳи муваққатӣ ҳам назорат мекард. Маъмурияти боздоштгоҳ сабаби даъвати ОМОН ва латту кӯби муҳоҷиронро шарҳ намедиҳад. Вале дафтари матбуоти "Росгвардия" ҳодисаи латту кӯби боздоштшудаҳоро рад кардааст.

Вале хабари латту кӯб шудани муҳоҷиронро рӯзи 17-уми апрел ваколатдори ҳуқуқи башари вилояти Томск тасдиқ кардааст. Омбудсмен Елена Корташова рӯзи 16-уми апрел аз маркази нигаҳдории муваққатии хориҷиҳо дидан карда, навишт, шикояти латту кӯб шудани муҳоҷирон қисман тасдиқи худро пайдо кард.

Ӯ мегӯяд, "расонидани осеби шадиди ҷисмонӣ нақзи бисёр дағалонаи ҳуқуқи инсон аст”. Аризаи таҳқиқи ин ҳодиса ба Кумитаи тафтишоти вилояти Томск ирсол шуда, аз мақомот тақозо шудааст, ки ҳодисаро таҳқиқ ва ба амалкарди ходимони ҳифзи қонун баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Корташова тақозо кардааст, таҳқиқи ҳодисаи латту кӯби боздоштшудаҳо билофосила анҷом шавад, чунки бархе шоҳидону ҷабрдидаҳоро аз қаламрави ин кишвар бо сабаби нақзи муқаррароти будубош дар Русия ба ватан хориҷ мекунанд.

Ҷамъияти тоҷикони Томск: мешавад аз ҳар гуна низоъ пешгирӣ кард

Рӯзи 17-уми апрел раиси ҷамъияти тоҷикони Томск Сайфуллоҳ Исматуллоев ба маркази нигоҳдории муваққатии хориҷиҳо рафта, бо раҳбари ин муассиса мавзӯи латту кӯби муҳоҷиронро матраҳ кард. Исматуллоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки раҳбари муассиса аз шарҳи ҷузъиёти моҷаро худдорӣ кард.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бар асоси маълумоти ӯ, дар ин марказ феълан 3 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Ҳамаи онҳо баъди анҷоми мӯҳлати зиндон барои содир кардани ҷиноятҳои мухталиф бо сабаби мушкил дар санадҳояшон ба ин муассисаи муваққатӣ интиқол ёфтаанд. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи инки то куҷо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дар миёни ҷабрдидаҳо ё латту кӯбшудаҳо буданд, Сайфуллоҳ Исматуллоев гуфт, "раиси муассиса нахост инро ошкор кунад".

Вале аз рӯи мазмуни умумии сӯҳбатҳо эҳсос шуд, ки аксари ҷабрдидаҳо шаҳрвандони Узбекистон будаанд. Вай гуфт, баъди сӯҳбат бо раиси муассисаи нигоҳдории муваққатӣ раиси ҷамъияти тоҷикон ва ҳам қирғизҳои Томск ба онҳо пешниҳод карданд, ки ба хотири роҳ надодан ба низоъ ва қонуншиканӣ дар ҳаққи боздоштшудаҳо, намояндагони диаспораҳои миллӣ даъват шаванд.

Сайфуллоҳ Исматуллоев гуфт, дар Томск, ки як шаҳри начандон бузурге дар Сибири Русия мебошад, шумори муҳоҷирони тоҷик зиёд нест. Ба гуфтаи ӯ, дар ин қаламрав шумораи корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ зиёд нест, аз ин рӯ аксар тоҷикон -- донишҷӯёнанд. Ба гуфтаи Сайфуллоҳ Исматуллоев, беш аз 300 ҷавони муқими Томск асосан дар донишгоҳҳои маҳаллӣ ва бештар дар риштаҳои тиб, омӯзгорӣ ва ҳам донишгоҳи политехникӣ таҳсил мекунанд.

Марказе барои нигаҳдошти 32 нафар

Маркази нигаҳдошти муваққатии шаҳрвандони хориҷии Томск барои 32 нафар бунёд шуда, зери назари вазорати дохила мебошад. Имрӯзҳо, ба иттилои омбудсмен, дар ин муассиса 26 нафар, ҳама мардҳои хориҷӣ ва аксар бидуни санад ба сар мебаранд. Дар гузашта ин муассисаро хадамоти муҳоҷират назорат мекард.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Константин Бекетов, як узви Комиссияи назорати ҷамъиятӣ мегӯяд, ин марказ шароити хуб ва таъмиршуади нигаҳдошт дорад, вале вазифаву салоҳиятҳои он аз оғоз дуруст нест ва метавонад мояи бурузи низоъ шавад. Вай гуфт, ин ки дар муассиса кадом ихтилофе сар задааст, ба нигаҳдошти тӯлонии собиқ зиндониҳо ва асабонияти мардум рабт дошта бошад.

Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 17 апрел гуфт, "ин ҳолат аз оғоз аблаҳона ва ваҳшиёна аст. Агар як хориҷӣ дар хоки Русия ҷиноят содир кард, ӯ ба муассисаи ислоҳӣ меравад ва баъди анҷоми мӯҳлати ҷазо, ӯро ба маркази нигаҳдошти муваққатӣ ҷой мекунанд. Ин дар ҳолате рух медиҳад, ки агар шахс бо сададҳояш мушкил дошта бошад. Дар ин ҷо шахсро вобаста ба ҳалли мушкилаш аз як моҳ то ду сол нигоҳ медоранд. Чаро ҳолати онҳо бад аст. Чунки онҳо аз ин пеш дар зиндон буданду аллакай барои ҷинояти содиркардаашон ҷавоб доданд. Баъди ин дубора ба як муассисаи баста мебаранду бо ин сабаб ки сари вақт онҳоро депортатсия карда наметавонанд, дар ин ҷо нигоҳ медоранд”.

Як моҷарои дигаре бо ширкати муҳоҷирон ва ҳам саркӯби онҳо аз ҷониби полис моҳи январ ҳам дар ин муассиса рух дод ва ба гуфтаи Бекетов, решааш ҳам дар ҳамин асабонияту нороҳатии мардум аст, ки ояндаашон муддатҳо норӯшан боқӣ мемонад.

"Сохторҳо мафиатдор нестанд, ки ҳақиқат ошкор шавад"

Як фаъоли дигари ҳуқуқи башар дар Томск мегӯяд, аксар вақт мояи нороҳатии боздоштшудаҳо – васоили ғизохӯрии пластикӣ, ҳамеша баста будани дарҳои утоқҳо ва набуди ҳақи ҳаракати озод ва мушкили дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ аст. Геннадий Постников, раиси Шӯрои комиссияҳои назорати ҷамъиятии Томск мегӯяд, бовар надорад, ки қазияи латукӯби муҳоҷирон аз ҷониби Кумитаи тафтишот мунсифона ва ҳамаҷониба таҳқиқ мешавад.

“Вақте одамонро мезананд, вазифаи полис ин нест, ки мунтазири шикояти ҷабрдидаҳо бишинад. Балки бояд мустақилона ба маҳалли ҳодиса рафта, вазъро арзёбӣ кунад. Агар Кумитаи тафтишот то ҳозир ин корро накарда бошад, пас бад аст. Чунки кӣ мехоҳад, ки дар хонаи касе ҳодисае шаваду боз барои рӯй додани он туро муҷозот кунанд?” Вай гуфт, сохторҳои ҳифзи қонун ва дигар муассисаҳои давлатӣ манфиатдор нестанд, ки тамоми ҳақиқат рӯи об барояд.

Русия макони аслии кору даромади беш аз 10 миллион муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва ҳодисаҳои боздошту муҷозот, бадрафториву поймолкунии ҳуқуқи онҳо кам нест. Фаъолон мегӯянд, аз мавқеи заифи ҳуқуқии хориҷиҳо сӯистифода мекунад ва аз поймол кардани ҳуқуқи онҳо намеҳаросад. Чунки дар ниҳояти амр кам андар кам мешавад, ки додгоҳ дар ҳодисае на шаҳрванди хориҷӣ, балки як корманди ҳифзи қонунро гунаҳкор кунад.

XS
SM
MD
LG