Рӯзи 11-уми июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи солонаи саҳмдорони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" баргузор шуд, ки азимтарин иншооти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар айни замон суолҳое дар бораи харҷи сохтмон ва ҳам пардохти ҷуброн ба онҳое, ки хонаву заминҳояшон зери об мемонад, зиёдтар мешавад.
Номуайянӣ
Хонадони Муқим Ҳасанов, сокини 75-солаи деҳаи Ҳакимии ноҳияи Нуробод, қарор аст, хонаеро, ки чанд насл ин ҷо зистааст, тарк кунад. Бо бунёди обанбори "Роғун" деҳаи онҳо зери об хоҳад монд. Барои Муқим Ҳасанов ва ҳамсояҳояш дар деҳаи Себистони ноҳияи Файзобод замин додаанд, аммо ӯ мегӯяд, мақомот барои бунёди манзил ҳанӯз кумак накарданд ва ҷубронпулии хонаву боғҳояшон низ беқурб гаштааст.
"Мо ҳоло ягон сомонӣ нагирифтем. Бо пули нафақа хона бино карда намешавад. Дуюм. Замоне ки хонаҳои моро ба ҳисоб гирифтанду маблағ ҷудо карданд, ин қадар гаронӣ набуд. Як тахта пештар 50 сомонӣ меистод, ҳоло 150 сомонӣ аст. Хуб мешуд, маблағҳоро зиёд кунанд ва мувофиқи ҳамин шароит ба мардум пул диҳанд," – афзуд ӯ.
Ин мусоҳиби мо мегӯяд, барои ҳалли мушкили худ ба шаҳри Душанбе, ба "Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Роғун" омад, вале касе ба ҳузур напазируфт.
Дар ин идора дар суҳбати бидуни сабт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, замоне ки ин мард омад, дар назди раҳбарашон меҳмон буд. Ҳамзамон таъкид намуданд, ки барои шунидани арзу шикояти сокинон дар назди дари бино қуттии махсус гузоштаанд.
Занбӯрпарварӣ, чорводорӣ ва кишти картошка манбаи асосии даромаду зиндагии сокинон дар деҳаи Ҳакимии ноҳияи Нурообод будааст. Муқим Ҳасанов мегӯяд, зарурати бунёди нерӯгоҳу муҳоҷир шуданашонро ба ҷойи дигар дарк мекунанд, вале бетаваҷҷӯҳии мақомот барои кӯчидану идомаи зиндагӣ дар ҷойи нав онҳоро нигарон кардааст.
Ба қавли ӯ, номуайяниҳо дар раванди муҳоҷират нақшаҳои онҳоро дар зиндагӣ ба ҳам зад ва намедонад чунин ташвишҳояшон кай ба поён мерасад: "Агар моро зудтар хезонанд, бисёр хуб мешавад. Барои онки ҳоло на дар инҷо ва на ҷойи дигар коре карда метавонем. Агар як дастшӯйӣ дуруст кунӣ, мегӯянд, ин ҷо минтақаи зери об аст, мумкин нест. Барои ба онҷо рафтан маблағ нест."
"Файзобод ҷойи хуб, аммо…"
Баъзе аз ҳамдеҳагони Муқим Ҳасанов мушкили дастрасӣ ба оби ошомиданиро дар ҷои наве, ки онҳоро мекӯчонанд, аз камбудҳои дигар номиданд. Мирзовалӣ Тоҳиров, сокини ноҳияи Нурообод, гуфт, "рости гап, Файзобод ҷойи хуб, лекин об проблема."
Як деҳаро дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар наздикии шаҳри Душанбе, "Роғуниён" ном мебаранд. Сокинонаш соли 2014 аз деҳаи Чорсадаи Нуробод ба ин ҷо кӯчонда шуданд, зеро манзилҳояшон дар маконе будааст, ки бо бунёди нерӯгоҳи "Роғун" зери об мемондааст.
Музаффар Мардонов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, "ваъда карданд, ки 20-30-сотихӣ замин медиҳем, барои картошка коридан, аммо надоданд. Ба бачаҳоямон замин надоданд. 75 кас дар ҳамин ҷо замин надоранд, зиндагияшон вазнин. Беморхонаву мактаб ҳаст. Мактаби хуб дорем."
Ин афрод заминҳои кишту чарогоҳи кофӣ барои чорво низ надоранд. Биноан, муҳоҷирати корӣ акнун яке аз манбаъҳои асосии даромади онҳо шудааст. Бархе аз ҷойгир карданашон дар наздикии партовгоҳи бузург норозиянд.
Дар айни замон шахсоне ҳастанд, ки мегӯянд, ҳарчанд дар дастрасӣ ба об танқисӣ мекашанд, дар масъалаҳои дигар вазъу шароиташон бад нест. Таваккал Шамсуллоев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, "шароити зиндагӣ хуб аст, ягон камбудӣ нест. Роҳамонро дуруст карданд, сими барқ оварданд."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Беш аз 50 ҳазор кас кӯчонда мешаванд
Барои бунёди обанбори "Роғун", ба иттилои расмӣ, бояд беш аз 50 ҳазор нафар аз 69 маҳалли аҳолинишин дар шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Рашту Нурообод кӯчонида шаванд.
Бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар маҳаллаҳо ё ҳолатҳои маргумир чунин омор метавонад дигар шавад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, моҳи августи соли гузашта дар мулоқот бо бинокорони “Роғун” гуфт, то ҳоло 15 ҳазору 400 нафар аз ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун дар ноҳияҳои Данғара, Нуробод, Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Турсунзодаву Роғун бо манзили зист ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд.
Ваъда карданд, ки барои картошка коридан 20-30-сотихӣ замин медиҳанд, аммо надоданд. 75 кас дар ҳамин ҷо замин надоранд, зиндагияшон вазнин. Беморхонаву мактаб ҳаст.
Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон ба номаи Радиои Озодӣ посух дод, ки бар асоси қарори ҳукумат ба хонаводаҳои кӯчонидашуда 5000 сомонӣ қарзи боимтиёз, 200 сомонӣ ба сардорони ҳар оила ва 100 сомонӣ ба ҳар узви оила ёрии яквақтаинаи моддӣ пардохт мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, “пас аз кӯчонидани хоҷагӣ ва оилаҳо дар мавзеъҳои нав аз ҷониби муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи “Роғун” сокинон бо ҷойи зист, оби ошомиданӣ, беморхона, мактаб, заминҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ, вобаста аз шакли фаъолият, таъмин ва назорат карда мешаванд.”
Ба назари Евгений Симонов, коршиноси экологӣ, бонкҳои сармоягузор ба "Роғун" масъалаи зистмуҳитӣ ва иҷтимоиро низ бояд ба инобат гиранд. Ӯ гуфт: "Сиёсати ҳар гуна бонки байнулмилалии рушд талаб мекунад, ки хатарҳои зистмуҳитӣ ва иҷтимоӣ дар лоиҳаҳое, ки онҳо маблағгузорӣ мекунанд, ҳатман ба ҳадди ақал расонида шаванд. Дар мавриди нерӯгоҳи “Роғун” ин риоят нашудааст. Масалан, гузинаи сохтмони обанбор интихоб карда шуд, ки муҳоҷирати иҷбории афрод ба шаст ҳазор расид."
Чаро арзиши тарҳ боло рафт?
Дар баробари нигарониҳо аз шеваи кӯчонидан ва солҳо муаллақ мондани вазъи ҳазорон хонавода, солҳои охир кашол ёфтани сохтмон ва афзоиши харҷи он якҷо бо истифодаи дурусту шаффофи маблағҳо дар сохтмони “Роғун” суолбарангез шудааст.
Порлумони Тоҷикистон моҳи апрели имсол пешниҳоди ҳукуматро барои 916 миллион сомонӣ зиёд кардани буҷаи соли 2026 қабул кард. Ин пул барои идомаи сохтмони "Роғун" сарф хоҳад шуд.
Соли 2008, вақте иҷрои тарҳи нерӯгоҳ оғоз шуд, арзиши он 3 миллиард доллар гуфта мешуд, вале ҳоло бештар аз 6 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Қаблан дар Вазорати энергетика яке аз сабабҳои афзоиши нархи тарҳро ба бозбинӣ шудани арзиши баъзе кору хидматрасониҳо пайванд доданд.
Абдулло Ашӯров, рӯзноманигор ва коршиноси масъалаҳои иқтисодӣ, мегӯяд, гарон шудани масолеҳи сохтмонӣ ё беқурбшавии пул метавонад арзиши тарҳи “Роғун”-ро боло барад, вале чун Тоҷикистон мехоҳад сармояи хориҷиро барои бунёди он ҷалб кунад, бисёр муҳим аст, шаффофиятро дар харҷу иҷрои корҳои сохтмонӣ риоят кунад.
“Масалан, Иттиҳоди Аврупо ваъда дода буд, ки имкон дорад то як миллиард евро барои иҷрои сохтмони “Роғун” сармоя ҷудо кунад. Ин кор то ҳанӯз сурат нагирифт. Албатта, мо медонем, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои аврупоӣ ба шаффофият хеле аҳамият медиҳанд. Барояшон муҳим аст, ки ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ харҷи онҳо аз санҷиш гузарад ё аудит сурат бигирад. Чун ин маблағҳо ҷудо нашуданд, шояд натиҷаи он аст, ки Тоҷикистон ба таври шаффоф харҷи маблағҳоро дар сохтмони “Роғун” нишон дода натавонист,” – шарҳ дод ӯ.
Норӯшаниҳо, шубҳаҳо…
Феълан корҳои сохтмонӣ дар бахшҳои гуногуни "Роғун" идома дошта, аз рӯи маълумоти расмӣ 60 дарсди кор анҷом ёфтааст. Тоҷикистон тайи чанд соли охир талош дорад, ки барои ҳарчи зудтар сохтани нерӯгоҳи "Роғун" аз ниҳодҳои молии байнулмилалӣ сармоя ҷалб кунанд.
Бар асоси як созишномаи қарзӣ бо Фонд ё Бунёди Абузабӣ қарор аст, кишвар барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" аз ин фонд 100 миллион доллар гирад. Бонки Ҷаҳонӣ соли 2024 барои сохтмони "Роғун" 350 миллион доллар грант ё қарзи бебозгашт ҷудо кард. Барои идомаи сохтмони "Роғун" ҳамчунин аз Бонки осиёии сармоягузорӣ ва зерсохторӣ 270 миллион доллар гирифтаанд. Ҳоло мехоҳанд барои идомаи бунёди “Роғун” аз шарикони рушд миллионҳо доллари дигар гиранд ва барои ин қарордодҳо низ ба имзо расонидаанд. Дастнорас будани ҷузъиёти созишномаҳои қарзиву грантӣ ва норӯшаниҳо дар сармоягузориву истифодаи маблағҳо шаку шубҳаҳоро дар кори ин тарҳи бузург боқӣ гузоштааст.
Сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар дарёи Вахш ҳанӯз замони Шӯравӣ оғоз ёфта буд, вале бо далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, бунёди тарҳ ба таъхир уфтод. “Роғун” аз бузургтарин тарҳи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар он дар маҷмуъ насби 6 чарха ё агрегат дар назар аст, ки ҳар кадоме аз он 600 МВт пешбинӣ шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон нерӯгоҳи “Роғун”-ро ҳаёту мамоти кишвар мехонад ва то имрӯз ду чархаи онро фаъол кардааст. Қарор аст чархаи сеюми нерӯгоҳ моҳи сентябри соли 2027 ба кор дарояд ва мардум низ умедворанд бо шурӯи кори он аз бебарқии фаслҳои тирамоҳу зимистон раҳо меёбанд. Аммо маълум нест, барои як муддати кӯтоҳ ё ҳамеша.