Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Варшава. Майдони баҳси мақомот ва мухолифини тоҷик


Акс аз соли 2018

Рӯзи 16-уми сентябр дар Варшава, маркази Лаҳистон, нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи вазъи ҳуқуқи башар оғоз шуд. Мақомот ва мухолифони тоҷик гуфтанд, ки дар нишаст бо барномаҳои вижа иштирок мекунанд.

Ҳайати расмии Тоҷикистонро ёвари раиси ҷумҳур Зариф Ализода раҳбарӣ дорад. Инчунин, Рустам Ҳайдаров -- муовини мудири Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо, Дилором Маҳкамова -- мудири кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи Носири Хисрави шаҳри Бохтар ва Камолиддин Самиев, сокини ноҳияи Ашт дар Варшава қарор доранд. Онҳо дар як навори видеоӣ гуфтанд, ки "намояндаи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ" ҳастанд.

Мақомот қаблан гуфтанд, ки мисли соли гузашта Айёмиддин Сатторӣ ва Абдураҳим Каримов, ду узви собиқи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро ҳамроҳи худ ба Варшава намебаранд. Аммо Абдураҳим Каримов бо нашри як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ӯ низ аз номи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар нишасти САҲА иштирок мекунад.

Ҳамзамон намояндагони мухолифин дар хориҷа мегӯянд, дар нишасти Варшава ҳузури фаъол хоҳанд дошт. Сухангӯи созмони Паймони миллии Тоҷикистон Темур Варқӣ рӯзи 4-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “масъулони Паймон мераванд ва баромад мекунанд. Дар тамоми масоили рӯзномаи конфронс омодаем баромад кунем."

"Гуруҳи 24", як созмони дигари мухолифон эълом дшт, ки ба ин ҳамоиш 15 намоянда фиристодааст.

Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҳаракати "Ватандор”, ки дар Олмон зиндагӣ дорад, гуфт, бо пешниҳоди вижае дар ин ҷаласа ҳузур хоҳад ёфт. Ӯ хостори баргузории нишасти алоҳидаи тоҷикон дар ҳошияи конфронси Варшава аст.

"Ҳам тарафи ҳукумат, ҳам тарафи мухолифат ва ҳам шахсиятҳои мустақил ва коршиносон. Дар чанд маҷлиси охир ҳайатҳои Тоҷикистон, ҳатто дастбагиребон шуданд ва боиси хандахариш гаштанд. Се соли охир нишастҳои Варшава бозори "Корвон"- ро ба ёд меовард. Ҳуҷуми мухолифони навруста ба ҳайати ҳукумат боиси хиҷолат буд", -- гуфт ӯ.

Ба қавли раҳбари "Ватандор", Ҳафиз Бобоёров, донишманди тоҷик ва шоир Бахтиёр Аминӣ низ ба нишасти Варшава мераванд.

Дар нишасти САҲА аз даҳҳо кишвари узви созмон намояндагони мухолифин, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳукумат иштирок ва мавзуъҳои ҳуқуқи башару озодиҳои сиёсиро баррасӣ мекунанд. Ширкат дар он ихтиёрист. Як намояндаи САҲА дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯи талабот танҳо нафароне даъватномаи ширкат мегиранд, ки дар ин нишаст бар асоси муқаррароти созмон амал кунанд.

“Тартиби ширкат дар нишасти Варшава ин аст, ки ҳар давлат, созмон, гурӯҳ, фаъоли ҷамъиятӣ ва нафари хоҳишманди ширкат дар ҷаласа бояд аризаи иштирок дар онро пешакӣ тариқи интернет ба номи созмон фиристад ва баъдан ба номи ӯ даъватнома фиристода хоҳад шуд”,-- гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ. Ин даъватнома маъмулан барои дастрасӣ ба раводиди сафар ба кор меояд.

Нишастҳои байналмилалӣ бо ширкати намояндагони давлат ва мухолифонашон, ки дар Аврупо паногоҳи сиёсӣ ёфтаанд, аксаран зимни моҷароҳо расонаӣ мешаванд. Се сол пеш ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ба нишони эътироз аз ширкати мухолифин толори нишасти САҲА дар Варшаваро тарк кард. Пас аз он хабаргузории давлатии “Ховар” ҳушдор дод, ки дафтари ин созмон дар Тоҷикистон баста мешавад ва намояндагони давлат бо мухолифон сари як миз намешинанд.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз соли 1994 ба ин тараф дар Тоҷикистон ҳузур дорад. Будҷаи дафтар дар соли 2016-ум 7 миллиону 756 ҳазор евроро ташкил медод ва дар он 28 корманди хориҷӣ ва 193 корманди маҳаллӣ кор мекарданд.

Соли 2017 ин созмон мақомашро ба мақоми дафтари барномаҳо поин овард ва бахшҳои маҳаллияшро дар панҷ минтақаи Тоҷикистон баст.

Тағйири мақоми намояндагӣ ба маънои маҳдуд шудани фаъолиятҳои созмон дар Тоҷикистон аст, ки то кунун барои рушди демократия, риояи ҳуқуқи инсон, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ба кишвар кумак мекард.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамчунин яке аз созмонҳои байналмилалии асосӣ ва нозири интихоботҳои Тоҷикистон аст. Нозирони ин созмон гуфтаанд, то кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон одилонаву демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтааст. Соли равон Тоҷикистон дар ин ниҳод ба Форуми амниятӣ сарварӣ мекунад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG