Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Тоҷикистон як вилояти Чин (Хитой) буд? Бахши аввал


Камолуддин Абдуллоев

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигори тоҷик

Иқтибосҳо аз матбуоти Чин:

  • "Чин дар асри 21 ба кишвари қудратманде дар ҷаҳон табдил шуда… кишварҳои ҳамсояи бостонияшро ба ваҷд овардааст. Бештари кишварҳо моиланд, тобеи мо шаванд ва ё мустақим ба Чин бипайванданд. Ин гуна ҳолатҳо дар давраи Чини бузурги бостонӣ зиёд рух додаанд. Барои мисол, дар давраи сулолаи Хон. Дар замони ҳукмронии сулолаҳои Тан ва Мин ин як чизи маъмулӣ буд. Ҳатто ҳоло низ ақаллиятҳои миллии зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд, ба Чин пайванданд." Пайвандаш инҷост
  • "Ба ҳама маълум аст, ки Чин дар давраи қадим хеле нерӯманд ва ҳудудаш низ нисбатан калонтар буд. Дертар кишварҳое ба монанди Тоҷикистону Муғулистон, Бутан ва ғайра аз кишвари мо ҷудо шуданд." Пайвандаш инҷост
  • "Тоҷикистон баъд аз касби истиқлол ҳанӯз ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ақибмонда ва яке аз кишварҳои фақиртарин дар Осиёи Марказӣ шумурда мешавад. Ҳатто метавон гуфт, ин фақиртарин кишвар - Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ҳамсояи мо, ки ба ҳайати Чин ҳамчун вилоят пайвастанд, бештар рушд хоҳад кард." Пайвандаш инҷост

Матлабҳое, ки боқӣ мондани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар харита ва тамомияти арзияшро, бахусус дар Помир, зери суол мебаранд, соли 2018 ва дар миёнаҳои соли 2020 низ ба нашр расида буданд. Муаллиф аллакай ба онҳо посух додааст. Идома ёфтани нашри чунин матлабҳо моро водор мекунад, ки таърихи муносибатҳои Чин ва Осиёи Марказиро дар давраи қадим ва аввали асрҳои миёна дар шакли кӯтоҳ ба хатти тасвир бикашем.

КАМЕ ДАР БОРАИ ДИДГОҲИ ТАЪРИХИИ ЧИНИҲО

Албатта, набояд чунин изҳоротро ҳамчун хатарҳои мустақим қабул кард. Тибқи консепсияи сиёсии тянся (осмонӣ), ки аз ҳазорсолаи дувуми пеш аз милод паҳн шудааст, дар чашми чиниҳо кишварашон тамаддуни ягона маҳсуб мешавад. Ҳамаи халқҳои атрофи тянся салтанати император, боҷдеҳ ва барбариҳое ба шумор мераванд, ки дар ниҳоят бояд ихтиёран чинӣ шаванд ва ё бар асоси меъёрҳои чинӣ зиндагӣ кунанд.

Чиниҳо на фақат соҳибони ин заминҳо набуданд, балки ҳеч нақшеро ҳам дар пайдоиши халқҳои сокини Минтақаи ғарбӣ надоштанд.

Шояд муаллифони матолиби мазкур фикр мекунанд, давраи туҳфа фиристодани аҷдоди тоҷикон дар гузашта ба император бо назардошти давр задани таърих чун ақрабаки соат дубора такрор хоҳад шуд. Ин маънои онро дорад, ки агар имрӯз ба Тоҷикистон ҳамчун бародари хурдии фақир муносибат шавад, пас, он тавре дар гузашта сурат гирифтааст, гуиё худаш мехоҳад пайвандаду узви хушбахти эҳёи Чини бузург шавад.

Албатта, тянся як хаёл буду хоҳад монд. Он на танҳо дар Осиёи Шарқӣ, балки дар худи Чин ҳам, ки дар давоми таърихи тӯлонияш ҳамеша шоҳиди ҷангҳои дохилӣ, ҳамлаҳо ва дахолату мудирияти хориҷӣ шудааст, "ба кор нарафт". Аммо тянся як идеали синотсентрӣ ва модели ахлоқие буд, ки сокинонро барои расидан ба ваҳдати дохилӣ ва тавҷеҳи ҳукмронӣ бар кишвару мардуми ҳамсоя талқин карда, ҳамчун идеологияи сиёсӣ истифода мешуд. Суоли оё тянсяи замонавиро, ки аз идеяи "ҷаҳон ҳамчун як хонаводаи аҷдод ва иеарархия" ҷонибдорӣ мекунад, дар Тоҷикистон дарк хоҳанд кард ё не, канор мегузорем ва ба суоли дигар тамаркуз мекунем: Оё дуруст аст, ки Тоҷикистон як қисми Чин ё дар давраи қадим ва аввали асрҳои миёна боҷдеҳи он буд?

ОЁ МИНТАҚАИ ҒАРБӢ МУСТАМЛИКАИ ЧИНИ ДАВРАИ ХОН БУД?

Асосан бо Тоҷикистон на Чини таърихии маъруф ба "Дашти марказӣ", ки дар поинтари рӯдхонаи Янтсзӣ ҷойгир аст, балки вилояти дурдасти шимоливу ғарбие ҳамсоя аст, ки дар соли 1759 ба ҳайати Чин пайвасту номи Шинҷонро гирифт. Камарбанди кӯҳии Помир – Тяншан (Тяншон) ин минтақаи бузург ба андозаи Англия, Фаронса ва Испанияро аз Осиёи Марказии ғарбӣ ё Вароруд (миёни дарёҳои Ому ва Сир) ҷудо мекунад.

Ҳар ду қисми Осиёи Марказӣ - шарқӣ (чинӣ) ва ғарбӣ (Осиёи Марказии пасошӯравӣ), Афғонистони шимолӣ ва Эрони шарқӣ (Хуросон) минтақаи ягонае ҳастанд, ки таърихи муштарак доранд. Ин минтақа ба таърихи этникии тоҷикон робитаи бевосита дорад. Зеро аҷдоди тоҷикони муосир дар давраҳои гуногуни таърих маҳз дар онҷо аз нигоҳи шумора ё фарҳангӣ бартарӣ доштанд.

Ба назари чинишиноси амрикоӣ, Ҷеймс Миллард (James Millward), фарҳанги Шинҷони даврони асри биринҷӣ на маҳаллӣ, балки аз Ғарб оварда шуда буд. Сокинони қадимӣ сакиҳо – чӯпонҳое буданд, ки дар ҳазорсолаи аввали пеш аз милод тавассути Помир аз Сибиру назди Баҳри Сиёҳ ба он минтақа рафтаанд.

Мардуми дигаре, ки дар Шинҷони қадим мезистанд, тахориён буданд. Маълумоти аввалин дар бораи онҳо соли 645-и пеш аз милод дода шудааст. Дар асри дувуми пеш аз милод як қисми тахориҳо нахуст ба Вароруду Бохтар ва сипас ба шимоли Ҳиндустон кӯчида, дар онҷо империяи Кушонро таъсис доданд. Шоҳи Кушон дар асри дувуми пеш аз милод бо нерӯҳои худ аз Помир ба ҳавзаи Тарим (ҷануби Шинҷон) фаромад. Кушониён дар давраи шукуфоии худ, аз нимаи дувуми асри 1-и пеш аз милод то охири асри 3-и пеш аз милод, дар Тарим ҳукмфармо буданд ва нуфузи сиёсии онҳо аз чиниҳо камтар набуд.

Саҳми Кушониёнро дар рушди фарҳанги чинӣ, аз ҷумла паҳн кардани дини буддоӣ, ҷорӣ кардани Хароштӣ – алифбои қадимӣ барои навиштани матнҳо бо забонҳои практит ва санскрит наметавон инкор кард. Бояд гуфт, тахориёну кушониён, суғдиҳо ва ҳуннуҳо ба монанди сакиҳо яке аз халқҳое буданд, ки бо забонҳои эронии шарқӣ гап мезаданд. Ин забонҳо дар Бадахшону Яғноб (Тоҷикистон) ҳанӯз ҳам ҳифз шудаанд.

Донишманди амрикоӣ, Доглас Ҳитч (Douglas A. Hitch), мегӯяд, ҳеч далеле вуҷуд надорад, то бовар кунем, ки сулолаи Хон (соли 206-и пеш аз милод то соли 220 милодӣ) ин минтақаро дар даст дошт ва дар Тарим ба ҷуз аз чиниҳо ҳукмрони дигаре набуд. Дар мавриди изи чинӣ дар минтақаи ғарбӣ метавон гуфт, генералҳои чинӣ наметавонистанд артиши бузургро ба инҷо ворид кунанд. Бино бар ин, ба иқдомҳои дипломатӣ бартарӣ дода, бо суистифода аз ихтилофи миёни шоҳзодаҳои маҳаллӣ, "барбариҳо"-ро ба зидди якдигар мешӯронданд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Ҳитч, назорати Чин бар минтақаи ғарбӣ "пароканда ва аз вазъи ҳукмфармои сиёсӣ дар минтақа вобаста буд, на аз император".

Ӯ, инчунин, бар ин аст, ки иддаои муаллифони чинӣ дар бораи он ки гуиё ҳамаи амирони ғарбӣ бидуни истисно боҷдеҳони вафодори "Писари Осмон" буданд, ба монанди саркӯби нуфузи юҷиҳо ва Кушониён дар Тамир зуҳуроти талошҳои синотсентрӣ барои аз байн бурдани воқеиятҳост. Ҳитч исрор мекунад, ки "итоати комили амирони маҳаллӣ аз император ба эҳтимоли зиёд, аз қоида дида як чизи истисноӣ буд".

Ин ки амирони Тарим намояндагони худро ба пойтахти Чин бо туҳфаҳо мефиристоданд, танҳо метавонад маънои онро дошта бошад, ки онҳо дар пайи манфиатҳои шахсияшон буданд ва аз рақиби нерӯманд талаби бахшиш намекарданд.

Ба ин тартиб, чиниҳо на фақат соҳибони ин заминҳо набуданд, балки ҳеч нақшеро ҳам дар пайдоиши халқҳои сокини Минтақаи ғарбӣ надоштанд. Минтақаи ғарбӣ тақрибан дар миёнаҳои асри 9, баъд аз омадани қабилаҳои уйғур аз канори рӯдхонаи Орхони Муғулистон ва омехта шудани онҳо бо юҷиҳо, тахориён, кушониён ва эфталитҳо, ки дар воҳаҳои ҳавзаи Тамир мезистанд, аз як минтақаи эронӣ ба минтақаи дорои аксарияти уйғуртабор табдил ёфт.

Тасвири бозаргони суғдӣ. Акс аз Википедия
Тасвири бозаргони суғдӣ. Акс аз Википедия

Ёдрас мешавем, "Тахористон" Бохтари ҳазорсолаи аввали милодиро меноманд. Ҳатто вилояте дар Афғонистон бо номи Тахор ва ноҳияе бо номи Бохтар дар Тоҷикистон то ҳол ҳифз шудааст. Марзи шимолии Бохтари таърихӣ дақиқан тавассути Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, мегузарад. Суғд аз тарафи шимоли он оғоз мешавад. Пойтахти юҷиҳо, ки ба гуфтаи манбаъҳои чинӣ бо номи "Ланшӣ" маъруф аст, дар наздикии Шаҳринав, 44-километрии Душанбе ҷойгир аст.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, Чин дар давраи ҳукмронии сулолаи Хон соҳиби ҳудуди Минтақаи ғарбӣ набуд, чи расад ба минтақаи миёни ду рӯдхона – Ому ва Сир (Тоҷикистон).

Қабилаҳои бодиянишини ҷангӣ бомуваффақият монеи кӯшишҳои Чин барои ҳаракат ба самти шимолу ғарб шуданд ва бо таҳти идораи худ даровардани аҳолии муқимии эронитаборони шарқӣ нақши ҳукуматҳои маҳаллиро мебозиданд. Туркҳо, ки баъдан ҷойи онҳоро гирифтанд, дарвоқеъ, ин формулаи қудратро пазируфтанд, ки дар он бодиянишинон дар ивази кафолати амният ва рушди тиҷорат ҳукмронии худро бар воҳаҳо ба роҳ мемонанд.

Чин ҳатто бо омилҳои табиӣ низ натавонист Шинҷонро соҳиб шавад. Минтақаи ғарбӣ аз нигоҳи ҷуғрофӣ на ба Чин, балки ба Вароруд гароиш дошт. Он барои ҳамаи онҳое, ки аз Ғарб ҳаракат мекарданд, бахусус барои кушониён, эфталитҳо (Суғду Бохтар) ва мардуми дигаре, ки ҷаҳони Эронро намояндагӣ мекарданд, боз буд. Онҳо бар аспу ароба ва бидуни мушкиле тавассути Помиру Ҳиндукуш вориди воҳаҳои водии Тарим мешуданд. Аз тарафи дигар (шарқӣ) мушкилоти ҳамлу нақл дар саҳроҳои беодами Ғобӣ ва Такла-Макон аз вуруди густардаи чиниҳо ба заминҳои ғарбӣ пешгирӣ мекард.

Тасвири тоҷирони суғдӣ
Тасвири тоҷирони суғдӣ

Ҳамчунин, барои расидан аз вилоятҳои марказӣ ба Минтақаи ғарбӣ мебоист нахуст аз гузаргоҳи хурде дар вилояти Гонсу гузашт, ки аз сӯи сокинони маҳаллии душман бо чиниҳо назорат мешуд.

Бино бар ин, роҳи вуруди чиниҳо ба Ғарб тавассути юришҳои тасодуфӣ ва бо мақсади тобеияти қудрат, порадиҳӣ, созишҳои инфиродии нухбагони маҳаллӣ, таъсиси қалъа ва гарнизонҳои низомии хурд дар воҳаҳои ҳавзаи Тарим фароҳам шуд. Дар ҳолатҳое, ки таҷовузкорӣ ё амалҳои хушунатомез ҷой доранд, дар солномаҳои таърихӣ ё зикр намешаванд ё ҳамчун пайвастани ихтиёрӣ дар пайи эътироф шудани фарҳанги чинӣ бар худӣ аз сӯйи сокинони маҳаллӣ қаламдод мешавад. ​

ДАВРОНИ СУЛОЛАИ ТАН

Бо суқути сулолаи Хон дар соли 220-и милодӣ, ҳукмронии чиниҳо дар Минтақаи ғарбӣ ба таври назаррас суст шуда, дар натиҷа, ин минтақа 500 сол аз мухтории нисбӣ баҳраманд шуд. Дар Осиёи Марказӣ аз аввали асри 6 ду нерӯ – муғулҳо ва туркон – дар муносибатҳои низомӣ рақобатро оғоз карданд.

Туркҳои Муғулистон соли 552 муғулҳо (жожҳо)-ро сарнагун карда, Хоқонии бузурги Туркро таъсис доданд, ки аз Манҷурия то Волгаро фаро мегирифт, ки баъд аз 30 сол барҳам хӯрда, ба ду давлати дӯст - ба Хоқонии шарқии Турк ва Хоқонии ғарбии Турк тақсим шуд. Туркҳо якҷоя бо Сосониён ба давлати эфталитҳои эронизабон ҳамла карда, онро байни худ тақсим карданд. Бохтар ба Эрону Суғд ба Хоқонии Турк расид. Туркҳо дар сиёсат ва умури низомӣ бартарӣ доштанд, вале дар фарҳанг шогирди мардуми эронинажоди мустамликаи худ буданд.

Туркҳо сармоягузор, сарпараст ва ҳомии тиҷорати абрешим, асп, дору ва атр миёни чину Византия буданд. Худи тиҷорат дар дасти суғдиҳои чолок (ҳамчунин, яҳудиён ва норманниҳо) буд. Азбаски тиҷорат таҳияи санадҳои бештарро, аз қабили расид (чек), забонхат, китобҳои муҳосиботӣ (бухгалтерӣ) ва ғайраро пешбинӣ мекунад, бинобар ин, забони бозаргорон – суғдӣ яке аз забонҳои расмии Хоқонии Турк буд.

Хоқон ва Суғд дар як ҷабҳаи рақобат бо Сосониёни Эрон қарор доштанд, ки он ҳам мехост аз ҳисоби интиқоли молҳои чинӣ ба бозорҳои аврупоӣ ҳақбар бошад. Ҳукмронии туркҳо дер давом накард. Дар миёнаҳои асри 7 хоқон ҷойро барои сулолаи чинии Тон (соли 618-907) холӣ кард, ки торафт нерӯманд мешуд, ба самти Осиёи Марказӣ чашм ало карда буд.

Ҳамзамон бо юриши арабҳо ба Осиёи Марказӣ, императори сулолаи Тан – Тайтсзун низ ҳамла ба Минтақаи ғарбиро оғоз карда, аз соли 640 то соли 692 як қатор ҷойҳо, аз ҷумла Кучар, Турфон, Қошғар, Ҳотан, Қарашар ва шаҳр-воҳаҳои дигари минтақаро ғасб намуд. Дар ин корзор чиниҳо ба каронаҳои дарёи Сир расиданд, вале дар айни замон маҷбур шуданд, бо яке аз рақибони дигар – императори Тибети буддоӣ (асрҳои 7-9-и милодӣ) биҷанганд, ки аз ҷануб ба тарафи шимол, ба Помиру Бохтар ҳаракат мекард.

Давраи сулолаи Тан авҷи қудрати чиниҳо дар Осиёи Марказиро нишон медиҳад. Онҳо давлатҳои ҳавзаи Тарим (Шинҷони ҷанубӣ), Ҷунгария (Шинҷони шимолӣ), сарварони тобеи Помирро мустақим идора ва бо Фарғона иттифоқи мустаҳкамеро ҳосил карда буданд.

Тахористони шарқӣ ва Ҳуттал (Тоҷикистони муосири ҷанубӣ ва марказӣ) амалан истиқлоли худро ҳифз кард.

Тошканд садоқати худро ба Чин эълом дошт, вале худмухтор монд. Суғд дар миёнаҳои солҳои 650 ва 675-и милодӣ расман пуштибони Чин буд, вале мустақил боқӣ монд. Аммо раҳбарони маҳаллиро вобастагӣ аз Чин нигарон намесохт. Зеро Чонгйон (пойтахти давлати Тан) аз Бохтару Суғд дур буд ва худи чиниҳо низ алоқаманди мустамлика кардани минтақа набуданд.

Амирону раҳбарони хурди Осиёи Марказӣ низ рушди тиҷорат, фиристодани намояндагони худ ба Чин ва дар иваз гирифтани унвонҳои пурифтихору дар асл бемаънои императорро бар ҷангу мубориза беҳтар мешумурданд.

Поёни бахши аввал. Қисми дувум рӯзҳои наздик нашр мешавад, бозгашт ба сомонаро фаромӯш накунед.

Аз Идора: Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (27)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG