Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шикояти моро ба президент расонед: якеро мезананд, якеро мебаранд." Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Дар барномаи "Озодӣ Онлайн" ин дафъа аксаран видеоҳои шуморо намоиш медиҳем ва дар бораи рад шудани ҷазо ба мардон барои истифода аз хидмати танфурӯшон сӯҳбат мекунем.

Охири ҳафтаи гузашта аз Маскав навореро фиристоданд, ки дар он кормандони ОМОН ва ё нерӯҳои вижаи Вазорати умури дохилии Русия дар ҳоли тафтиши муҳоҷирон ҳастанд. Муаллифи видео мегӯяд, ин ҳолат баъд аз адои намози ҷумъа дар пойтахти Русия рух додааст.

Вай ҳадаф аз фиристодани видеоро ҳам ба Радиои Озодӣ шарҳ дод: "Шикояти моро ба вазоратҳо ва ба президент расонед. Ягон чора бинанд. Якеро мезананд, дигареро мебаранд. Дар он ҷо намедонанд, ки муҳоҷирон дар Русия чӣ ҳол доранд."

Худи шумо ҳам медонед, ки чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик дар пешрафти иқтисоди Тоҷикистон саҳми бузург доранд ва дар пешрафти деҳаву ноҳияашон низ.

Аз видеоҳои шумо мегузарем ба баҳси шумову андешаву ақидаҳои шумо, ки воқеан ҳар рӯз дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Инстаграм ва Фейсбук мегузоред.

Баҳси асосии ин ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё вебсайти Радиои Озодӣ дар бораи рад шудани пешниҳод барои ҷазо додани мардоне буд, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мебаранд. "Фарзон 909090" дар ин бора дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм чунин навиштааст:

"Занҳоро барои танфурӯшӣ ҷарима мекунанд, чаро мардон ҷарима нашаванд? Мардон занҳоро истифода мебаранд, на ин ки занон мардонро! Барои мардон иҷозат ҳаст, ки маишат кунанд, аммо занҳо барои маишаташон ҷарима месупоранд."

Барномаро дар ин ҷо бинед:

"Шикояти моро ба президент расонед, якеро мезананд, якеро мебаранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

Корбаре бо номи "Садр С" ҳам тарафдор будааст, дар Тоҷикистон мардонеро, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мебаранд, ҷазо бидиҳанд.

Ба қавли ӯ, "агар ҷазо барои мардон низ пешбинӣ шавад, шояд ин корҳо аз байн раванд. Агар мардон битарсанду ба ин корҳо даст назананд, пас, танфурӯшҳо ба кӣ даркоранд?"

Корбаре бо номи "Писихолуг" дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, "ҳастанд заноне, ки аз кори хуб, вале маошаш паст рӯ гардонда ба ин кори сердаромад машғул мешаванд. Ҳастанд занони бошараф, ки бо кори вазнин рӯз мегузаронанд, вале танфурӯш намешаванд. Дар ин масъала на фақат ҷабҳаи иқтисодӣ, балки ахлоқӣ ҳам нақши муҳим дорад ва мушкилест печида."

Шумо ҳам хомӯш набошед ва назаратонро бигӯед чӣ дар вебсайти Радиои Озодӣ дар саҳифаҳои мо дар Фейсбук ва ё Инстаграм. Садоятонро сабт кунед ва ба ин рақамҳо аз тариқи Вотсап, Телеграм, Вайбер ва ё Имо бифристед. Албатта ирсоли видеоҳоро низ аз ёд набаред.

Телефонҳо:

+420 607900808;

+992 980151010;

+420 724056681;

+420 724053959

То барномаи дигар рӯзу рузгор ба ҳамаи шумо хуш.

XS
SM
MD
LG