Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз боздошт дар дохили бистар то ба ғорат дар роҳҳои Русия. "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО


Тафтиши муҳоҷирон дар Русия то фасли зимистон ва "шикори сарбоз" дар Тоҷикистон мавзуъҳои имрӯз дар "Озодӣ Онлайн" аст.

Яке аз корбарони Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми ноябр аз шӯъбаи милисаи шаҳри Санкт-Петербург видео фиристод ва гуфт, ки "маъмурони пулис бачаҳоро аз дохили бистарашон бурданд" ва ба қавли ӯ мумкин аст, тафтишҳо то расидани соли нав идома кунанд.

Навори дигаре, ки аз Санкт-Петербург фиристоданд, дар бораи кори муҳоҷирон аст, ки ҳар сол меоянду ба қавли худашон на Тоҷикистон, балки Русияро обод мекунанд.

Як муҳоҷири тоҷик, ки бо мошин аз Русия ба Тоҷикистон бармегардад, шикоят кард, ки дар роҳ маъмурони пулис ба қавле хуни онҳоро "мемаканд".

Муаллифи видеои дигаре гуфт, ки шароити корашон хуб аст ва дар вақти холӣ китоб мехонанд, аз ҷумла китобҳои динӣ. Дар видеои дигар лаҳзаи медал гирифтани Зарифҷон Зарипов, навраси тоҷик аз Исфара аст, ки дар шаҳри Краснодар дар мусобиқоти гуштии тарзи озод ҷойи аввалро сазовор шудааст. Зарифҷон дар Абхозистону Украина ва Қирғизистону Қазоқистон ҳам ҷоиза гирифтааст.

Гузорише дар бораи талоши мақомот барои ба артиш бурдани як ҷавон аз Шаҳринав баҳси доғеро дар вебсайти мо барангехт. Баъзеҳо ҷавононро барои нарафтан ба артиш сарзаниш кардаанд, бархеи дигар мақомотро барои бе иҷоза ворид шудан ба хонаи мардум.

Корбаре, ки нахост номашро бигӯяд, навиштааст: "Як коре мекунанд, ки ҷавонон ба артиш нараванд. Ба воситаи аскарони худӣ мезананд ва ришваситониро ривоҷ медиҳанд."

Барномаро дар ин ҷо бинед:

"Бачаҳоро аз дохили ҷойгаҳашон гирифта бурданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00

Сомонӣ навиштааст, "шармандагист, магар бо чунин ҳол метавон артиши қавӣ ҷамъ овард? Бо чунин сарбозон ватанро аз душман чӣ хел наҷот медиҳем? Артиш ҷойи омода кардани ҷавонмардони асил аст, на барои маъюб шудан."

Корбаре бо номи "Ҳарбӣ" гуфтааст, "хидмат дар артиш вазифаи ҳар ҷавонмард аст. Шарм намедоред?"

Нуралӣ Хоркашев ҳам навиштааст, "хизмати модар ватан дар ин рӯзҳои ҳассос шарту ҳатмист."

Ҳаким гуфтааст, "наход барои хуб ба роҳ мондани маъракаи даъват ягон чораи дурусте набошад? Рӯйирост "облава" мекунанд ва ҷавононро ба мисли гумонбар дар ҷиноят дошта мебаранд. Ин магар метавонад, ҳисси ватандӯстии ҷавононро бедор кунад?"

Шумо ҳам гузоришро дар вебсайти Озодӣ бихонед ва назару андешаи худро дар зераш бинависед. Ҳамчунин фиристодани видеоҳои худро фаромуш накунед. То дидор дар барномаи дигар!

Шарҳҳоро бинед (5)

Гузоришҳои видеоӣ

Мушкили ронандагоне, ки мошинҳояшон рақами хориҷӣ дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00
XS
SM
MD
LG