Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи хатарноки Ховалинг ва "Данғараи мисли Ню-Йорк" дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Лаҳзае аз барномаи нави "Озодӣ Онлайн"
Лаҳзае аз барномаи нави "Озодӣ Онлайн"

Роҳи хатарноке дар Ховалинг ва пешниҳоди ҷанҷолии табдили Данғара ба маркази вилояти Хатлон ду мавзӯи баҳси барномаи “Озодӣ Онлайн” аст.

Сокинони деҳаи Сиёҳфарки ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг ба Радиои Озодӣ навор фиристода ва шикоят карданд, ки вазъи роҳҳо дар онҷо хароб аст. Муаллифи видео ба Радиои Озодӣ навишт, то деҳаи онҳо фақат 40 километр роҳ аст, вале ин роҳро дар 4 соат тай мекунанд. Ба қавли муаллиф, агар аз деҳа беморро ба шифохонаи марказӣ баред, дар ин роҳ ҷон медиҳад. Ӯ гуфтааст, солҳост, касе дар фикри роҳи вайрону хатарноки онҳо нест.

Гузориши Радиои Озодӣ дар бораи дар оянда ба маркази вилояти Хатлон табдил шудани ноҳияи Данғара, зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, баҳси зиёдеро дар вебсайти мо барангехт. Ду мақоми расмӣ тасдиқ карданд, ки дар воқеъ гуфтугӯ дар бораи эълон кардани Данғара ҳамчун маркази бузургтарин вилояти Тоҷикистон идома дорад.

Аммо Абдуҷобир, як корбари вебсайти Радиои Озодӣ, гуфтааст: “Аслан ҳоҷат ба он нест, ки Данғараро ба маркази вилоят табдил диҳанд, чунки аз дигар ноҳияҳо дур аст ва хароҷотро зиёд мекунад. Ноҳияи Данғара ба як шаҳри саноатӣ табдил дода шавад ва вилояти Хатлонро ба ду қисмат ҷудо кунанд ва марказҳояшон дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар ҷойгир карда шавад.”

Роҳи хатарноки Ховалинг ва "Данғараи мисли Ню Йорк" дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Зафар, корбари дигар, тарафдор будааст, ки ба ҷойи Бохтар, маркази ҳозираи вилоят, Данғара маркази Хатлон шавад. Ӯ навиштааст:

“Данғара аз лиҳози ҷуғрофӣ ва ҳудуд барои маркази вилоят шудан мувофиқ аст. Ба ин пешниҳод тобиши сиёсӣ додан лозим нест, балки бо маркази вилоят шудани Дангара як гӯшаи ватан обод мешавад.”

Корбаре бо номи «Данғара» мухолифи ба маркази Хатлон табдил додани вилояти Хатлон аст ва гуфтааст: «Данғараро на пойтахт кунанд, на маркази вилоят. Аз Данғара Данғарае созанд, ки мисли Ню-Йорк ё Истанбул шавад ва ҳама орзуи диданашро кунанду сайёҳон ҷалб шаванд. Куҷое, ки обод шуд ҳатман пойтахт кардан ва ё номашро дигар кардан, шарт нест.»

Шумо ҳам агар назару андешае дар ин бора доред, метавонед дар видео ҳам сабт кунед ва ба мо фиристед. Вайберу Вотсап, Телеграм ва Имо дорем ва видеову хабарҳои шуморо интизорем. То дидор дар барномаи дигар.

XS
SM
MD
LG