Хабари нав

"Аз Мексика меовард." Парвандаи як "шаҳрванди Тоҷикистон" дар Амрико

Сарҳади Амрико ва Мекиска. Акс аз 20-уми январи 2025
Сарҳади Амрико ва Мекиска. Акс аз 20-уми январи 2025

Мақомоти Амрико як марди 36-соларо, ки "шаҳрванди Тоҷикистону Қазоқистон" номида шудааст, ба ғайриқонунӣ бурдани муҳоҷирон аз Русия ва Осиёи Марказӣ ба ин кишвар муттаҳам кардаанд.

Вазорати адлияи Амрико 10-уми ноябр дар баёнияе аз ӯ Абдулҳафиз Баҳоваддинӣ ном бурд. Ҷузъиёт дар борааш дастрас нест. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида гуфтаанд, ӯ бо дархости "Интерпол" ё пулиси байнулмилалӣ дар Миср боздошт ва сипас ба Иёлоти Муттаҳида истирдод шуда, дар мурофиаи додгоҳӣ ҳузур дорад.

Додгоҳи шаҳри Финикси Аризона нисбат ба Абдулҳафиз Баҳоваддинӣ аз рӯйи чанд банди қонун, аз ҷумла "ҳамдастӣ дар ҷиноят бо мақсади ғайриқонунӣ овардани хориҷиҳо ба Амрико" айб эълон шудааст. Ба вай аз 5 то 15 сол зиндон таҳдид мекунад.

Дар ҳоле ки мавқеи Баҳоваддинӣ ё вакили мудофеаш рӯшан нест, А.Тайсен Дува, ёвари додситони кул, гуфтааст, "ӯ бо интиқоли шаҳрвандони Русия ва Осиёи Марказӣ ба Амрико тавассути хоки Мексика ва давлатҳои дигар машғул буд. Ин одамон бе санҷиш ва бо вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ба хоки Амрико ворид мешуданд."

Ба иттилои манбаъ, ин кор аз моҳи январи соли 2022 то моҳи феврали соли 2025 идома кардааст.

"Баҳоваддинӣ ва шариконаш ба ин афрод барои расидан то Мексика ё яке аз кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ ёрӣ карда, дар роҳ аз Мексика ба сарҳади Амрико барояшон дар меҳмонхонаҳо ҷойи хоб фароҳам мекарданд. Худи ӯ хориҷиҳоро то шаҳри Мехикалии Мексика раҳнамоӣ ва ҳамроҳӣ мекард," – гуфта шудааст дар баёнияи Вазорати адлияи Амрико.

То кунун маълум нест, ки Абдулҳафиз Баҳоваддинӣ дар додгоҳ чӣ гуфтааст ва оё айбномаро пазируфтааст ё не. Тафсилот аз ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ нашр намешавад.

Вазорати адлияи Амрико таъкид кардааст, ки то замони аз ҷониби додгоҳ гунаҳкор эълон шудани шахс, гумонбар ба ҷиноят бегуноҳ дониста мешавад.

Дар манбаъҳои боз дар интернет шахсе бо номи Абдулҳафиз Баҳоваддинӣ дар Қазоқистон ба ҳайси раҳбари ширкати тиҷоратии “Асрор” ёд мешавад. Вале телефонҳои тамос бо ширкат фаъол нестанд, бинобар ин, санҷидани ин ки шахси мавриди муҳокима дар Амрико ҳамин аст ё не, имкон надорад.

Ҳамчунин, дар ҳоле ки мақомоти Амрико ӯро шаҳрванди дугонаи Тоҷикистону Қазоқистон номбар кардаанд, байни ин ду кишвар низоми душаҳрвандӣ вуҷуд надорад. Ҳоло маълум нест, ки ӯ тоҷики зодаи Қазоқистон аст ва ё шаҳрванди Тоҷикистон асту сипас шиносномаи Қазоқистонро гирифтааст.

Дар солҳои охир чанд мавриди ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Амрико расонаӣ шудааст. Қазияи пурсарусадо дар моҳи июни соли 2024 рух дод. Мақомоти амрикоӣ он вақт гуфтанд, ки ҳашт зодаи Тоҷикистонро бо гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дастгир карданд. Боздошти онҳо дар пасманзари муборизаи маъмурияти президент Доналд Трамп бо “беназоратии” сарҳад бо Мексика доғтар гардид.

Теъдоди дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, дастрас нест. Ба иттилои расмӣ, танҳо соли 2025 наздик ба се ҳазор нафар барандаи лотерея ё бахтозмоии "Green Сard" гардидаанд. Аксар муҳоҷирони тоҷик дар Амрико дар бахши боркашонӣ, фурӯшгоҳ ва сохтмону хадамоти дигар кор мекунанд.

Хадамоти муҳоҷират ва гумруки Амрико моҳи феврали соли 2025 гуфт, номи 149 шаҳрванди Тоҷикистон ба рӯйхати онҳое ворид шудааст, ки бояд аз Иёлоти Муттаҳида ихроҷ ё депорт шаванд.

​
XS
SM
MD
LG