Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Роҳҳали ҷанги Украина созиши сулҳ аст, на оташбас. Зеленский ба Вашингтон меравад

навшуда

Доналд Трамп, мегӯяд, ки назари ҳама тарафҳои даргир дар ҷанги Украина, расидан ба тавофуқи сулҳ ҳаст, на фақат созиши оташбас.

Владимир Зеленский ҳам эълон кард, ки ҳафтаи оянда барои гуфтугӯ бо Доналд Трамп, ба Вашингтон сафар мекунад. Раҳбарони аврупоӣ мегӯянд, омодаанд, то барои баргузории як нишасти сеҷониба бо ҳузури Зеленский, Путин ва Трамп, талош кунанд.

Доналд Трамп рӯзи 16 август дар шабакаи иҷтимои худ Social Truth, хабари дидор бо Зеленский дар душанбе ояндаро тасдиқ кард.

Ӯ дар мавриди нишасти Аляска ва гуфтугӯҳои телефонӣ пас аз он бо Зеленский ва раҳбарони аврупоӣ ҳам навишт, "ҳама бар ин назаранд, ки беҳтарин роҳ барои поён додан ба ҷанги ваҳшатнок миёни Русия ва Украина, ин аст, ки мустақим ба тарафи як созиши сулҳ биравем".

Трамп дар идома навишт, "ин кор ба ҷанг поён медиҳад ва аз "як тавофуқи оташбаси маъмулӣ, асоситар хоҳад буд".

Доналд Трамп ҳамчунин афзуд, "агар ҳама чиз хуб пеш биравад, сипас мулоқотеро бо президент Путин тартиб хоҳем дод. Ин метавонад зиндагии миллионҳо нафарро наҷот диҳад".

Зеленский ба Вашингтон меравад

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ҳам эълон кард, ки рӯзи 18 август бо даъвати Доналд Трамп, президенти Амрико, барои дидор ва гуфтугӯ бо ӯ ба Вашингтон сафар мекунад. Ин дидор пас аз нишасти Трамп бо Владимир Путин дар Аляска сурат мегирад. Нишасте, ки бе ҳеҷ созиш барои хатми ҷанги Украина, ба поён расид.

Зеленский рӯзи 16 август эълон кард, ки пас аз дидори Трамп ва Путин, бо раисҷумҳури Амрико гуфтугӯи тӯлонӣ доштааст. Ӯ бо қадрдонӣ аз даъвати Трамп барои мулоқоти ҳузурӣ дар Вашингтон дар рӯзи душанбе, афзуд, дар ин дидор "ҳама ҷузъиёти вобаста ба поён додан ба куштор ва ҷанг", баррасӣ хоҳад шуд.

Ӯ ҳамзамон бори дигар бар аҳамияти нақши Аврупо дар бӯҳрони Украина таъкид кард ва гуфт, "муҳим аст, ки аврупоиҳо дар ҳама марҳилаҳо шарик бошанд, то ҳамроҳ бо Амрико замонатҳои амниятии қобили эътимод фароҳам шавад". Ӯ афзуд, дар ин замина "нишонаҳое мусбате" аз ҷониби Амрико дарёфт кардааст.

Зеленский тавзеҳ дод, ки ибтидо ба таври хусусӣ бо Трамп сӯҳбат кардааст ва сипас бо дигар раҳбарони аврупоӣ дар тамос будааст. Гуфтугӯҳое, ки дар маҷмӯъ якуним соат давом кардааст.

Аврупо ба ҳимоят аз Украина вокуниш кард

Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ низ ба ин мулоқот вокуниш нишон доданд. Дар эъломияи муштараке, ки рӯзи шанбе аз сӯи раҳбарони аврупоӣ, аз ҷумла, Олмон, Фаронса, Италия ва Братания нашр шуд, ба ҳимоят аз Украина таъкид шудааст.

Дар эъломия омадааст, ки онҳо омодаанд, то барои баргузории нишасти сеҷониба байни Русия, Украина ва Амрико бо ҳимояти Аврупо, талош кунанд.

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар паёме дар шабакаи Х навишт, "барои расидан ба сулҳи пойдор", ҳимоят аз Украина ва фишор бар Русия бояд идома ёбад.

Мулоқоти Трамп ва Путин дар Аляска

Нишасти Трамп ва Путин дар Аляска бо истиқболи расмӣ аз раҳбарӣ Кремл оғоз шуд, аммо бе ягон пешрафти муайян поён ёфт. Путин аз як "тафоҳум" бо Трамп сухан гуфт ва ба Аврупо ҳушдор дод, ки пешрафи ибтидоиро "халалдор" накунанд.

Трамп гуфт, "мавзӯъҳои бисёр зиёде буд, ки бар сари онҳо созиш кардем. Метавонам бигӯям, чанд мавзӯи муҳим ҳам вуҷуд дошт, ки ҳанӯз ба натиҷа нарасидем, аммо пешрафтҳое ҳосил шудааст. Бинобар ин, ҳеҷ созиш вуҷуд надорад, то замоне, ки тавофуқе ба даст ояд".

Трамп пеш аз тарки Аляска дар мусоҳиба бо шабакаи Fox News низ таъкид кард, ки идомаи роҳ мумкин аст бар дӯши Зеленский бошад, "то корро ба анҷом бирасонад", аммо афзуд, кишварҳо аврупоӣ ҳам бояд нақш ифо кунанд.

Трамп дар парвози бозгашт ба Вашингтон бо хабарнигорон сӯҳбат накард, аммо сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ӯ пас аз тамоси тӯлонӣ бо Зеленский, бо раҳбарони НАТО низ тамоси телефонӣ доштааст.

Раисҷумҳури Амрико чаҳоршанбе таҳдид карда буд, ки дар сурати коршикании раисҷумҳури Русия дар роҳи барқарории сулҳ дар Украина, "оқибатҳои сахте" дар интизори Маскав хоҳад буд.

Ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки дидораш бо Путин дар Аляска метавонад ба суръат бо нишасте дигар ва бо ҳузури раисҷумҳури Украина идома ёбад. Трамп пештар ин ҳушдорро ҳам дода буд, ки дар сурати бенатиҷа будани гуфтугӯ дар Аляска, эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Маскав вуҷуд дорад.

Тамоси Трамп бо сарони Аврупо пас аз мулоқоти бо Путин

Бар асоси эълони Комиссияи Аврупо, Трамп бо Зеленский, ҳамчунин, садри аъзами Олмон, президентҳои Фаронса, Финландия, Лаҳистон, нахусвазирони Британия, Италия, Ҳоланд ва низ раиси Комиссияи Аврупо ва дабири кулли НАТО, гуфтугӯ кардааст. Ҷузъиёти ин гуфтугӯҳои телефонӣ нашр нашудааст.

Ҳамзамон, Юрий Ушаков, мушовири сиёсати хориҷии Путин рӯзи шанбе дар телевизиони давлатии Русия гуфт, баҳсе дар бораи нишасти сеҷонибаи эҳтимолӣ миёни Трамп, Путин ва Зеленский дар гуфтугӯҳои Амрико ва Русия, матраҳ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи гузашта ҳамлаҳои Русия ба Украина идома ёфтанд. Нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 16 август эълон карданд, ки Русия 85 паҳбод ва як мушаки баллистикиро ба тарафи ин кишвар партоб кардааст. Манбаъ афзуд, ки системаи зиддиҳавоии Украина 61 паҳбодро раҳгирӣ ва аз байн бурданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG