Пайкари Қобилҷон Алиев, хонандаи даҳсолаи тоҷикро, ки рӯзи 16-уми декабр дар Русия кушта шуд, рӯзи 18-уми декабр дар деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав дафн карданд.
Ба гузориши “Азия-Плюс”, барои видоъ бо ӯ теъдоди зиёди сокинон ҷамъ омада буданд, аммо маъмурони интизомиву амниятӣ ба хабарнигорон иҷоза надодаанд, ки маросими ҷанозаро ошкор сабту аксбардорӣ кунанд.
Модараш Нилуфар Алиева ба хабарнигорон гуфтааст: "Ба Душанбе равон карданӣ будам. Гуфт, бо ҳамсинфонам хайрухуш кунам... Тақдираш чунин будааст, дар пешониаш чунин навишта шуда будааст. Ҷинояткор ҷазояшро мегирад."
Тобути Қобилҷон Алиев бомдоди панҷшанбе тавассути парвози Маскав-Душанбе ба Тоҷикистон оварда шуд. Гурӯҳе аз хабарнигорон барои инъикоси мавзуъ ба фурудгоҳ рафтанд, аммо намояндагони фурудгоҳ, бахусус кормандони бахши амнияти он дар оғоз иҷоза надоданд, ки лаҳзаи баровардани ҷасад ба навор гирифта шавад.
Намояндагони фурудгоҳ баъзе хабарнигоронро маҷбур карданд, ки наворҳои гирифтаашонро пок намоянд. Вокуниши намояндагони фурудгоҳ ба ин вазъ феълан маълум нест ва рӯшан нест, ки чаро онҳо монеи кори хабарнигорон шуданд.
Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактабе дар вилояти Маскав кушта шуд. Гумонбари понздаҳсола дастгир шудааст. Ба гузориши расонаҳои русӣ, ӯ эътироф кардааст, ки чанд вақти охир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид.
Кушта шудани навраси тоҷик дар Русия вокунишҳои густурдаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни ҷомеаи Тоҷикистон ба миён овард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳороте заминаи кушторро бегонаситезӣ номида, гуфт, дар пайванд ба ҳодиса сафири Русияро дар Душанбе даъват кард ва ба ӯ нота ё ёддошт супурд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам хабар дод, ки вазир Рамазон Раҳимзода дар суҳбати телефонӣ аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев талаб кардааст, ки "сабабу омилҳои ҳодиса ҳамаҷониба санҷида ва чораҷӯӣ карда шавад".
Созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа кушта шудани хонандаи даҳсолаи тоҷикро дар Русия маҳкум карда, дар ин ҳодиса Душанбе ва Маскавро муқассир хонданд. Онҳо ба афзоиши бегонаситезӣ дар Русия ва бекорӣ дар Тоҷикистон таъкид карданд.
Дар бештар аз бист соли охир мавридҳои зиёди қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия расонаӣ шуда, дар миёни онҳо куштори кӯдакон бештар аз ҳама ҷомеаи Тоҷикистонро ошуфтаву маъюс кардааст. Марги Қобилҷон Алиеви 10-сола дар рӯзи 16-уми декабр яке дигар аз ин қатлҳо шуд ва захмҳои пешинаро тоза кард.