Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи бензин дар Душанбе каме арзон шудааст


Дар ҳоле ки нархи нафт дар ҷаҳон дар ним соли охир 57 дарсад коҳиш ёфтааст, нархи бензину солярка дар Душанбе билохира ва он ҳам ҳудуди 15 дарсад пойин рафт.

Коҳиши босуръати нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ, билохира дар Тоҷикистон низ эҳсос шуд. Дар ҳоле ки қимати нафт дар ҷаҳон дар давоми ним соли ахир то 57 дарсад пойин рафтааст, нархи бензину солярка дар Тоҷикистон танҳо дар чанд рӯзи охир ва он ҳам то 15 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳар литр бензини навъи 95, ки қаблан қариб 7 сомонӣ арзиш дошт, бар ивази 6 сомонию 20 дирам фурӯхта мешавад.

Ҳасан Ғиёсов, як корманди нуқтаи бензинфурӯшии ширкати “Томойл”, рӯзи 15 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар робита ба ин гуфт, таъминкунандаи аслии маводи сӯхти онҳо - ширкати русии “Газпромнефт -Тоҷикистон” нархро нисбатан поён бурдааст. Ӯ мегӯяд: “Нарх нисбат ба соли гузашта хеле арзонтар шудааст. Масалан ҳамин бензини навъи 92, ки соли гузашта хеле гарон буд, ҳоло то ба 6 сомон расидааст он. Мо бо “Газпромнефт-Тоҷикистон” ҳамкорем ва вақте ки банзениро бо нархи арзон ба мо пешниҳод карданд, мо ҳам бензинро арзон мекунем.”

Пойин омадани нархи маводи сӯхт агарчи ҳоло ба қимати роҳкиро дар нақлиёту бозорҳои кишвар таъсире нагузоштааст, аммо ба ҳар сурат оғози ин раванд ронандаҳои нақлиёти мусофирбар ва таксиҳои Душанберо хушҳол кардааст.

Сардор, ки дар Душанбе ба кирокашӣ машғул аст, мегӯяд, то имрӯз бо вуҷуди болоравии нархи маводи сухт, онҳо нархи роҳкироро бетағир гузоштанд ва наметавонистанд хароҷоти худро ба пуррагӣ пӯшиш диҳад: “Роҳкирои маршрутка масалан аз 1 то 2 сомонӣ аст чанд соли ахир ва нархи таксӣ ҳам дар маркази шаҳр 3 сомонӣ. Вақте қиммати бензин ё газ боло мерафт, мо наметавонистем роҳкироро боло барем, чун мусофирон эътироз мекарданд. Баъзе ронандаҳо дар чунин ҳолат маҷбур мешуданд, ба кор набароянд. Бо арзон шудани нарх ҳам фикр мекунам, нархи роҳкиро иваз намешавад, вале мо акнун метавонем шароити техникӣ ва ҳам хидматрасониро худро беҳтар кунем.”

Аммо сокинон аз чунин болову поинравиҳо, умди зиёд надоранд ва бар инанд, ки мисли солҳои гузашта нархи роҳкиро ва ҳамзамон маҳсулот чун қабл бетағйир боқӣ мемонад. Яке аз ҳамсӯҳбатони мо гуфт: “Ҳар боре нархи ҳамагуна молу маҳсулот боло равад, ҳатман таъсири онро мо мушоҳида мекунем, вале нарх, ки арзон шуд, ҳеҷ эҳсос намешавад. Агар масъулин ин равандро назора кунанд, дар сурати боз ҳам поин рафтани нархи маводи сӯхт шояд имконе бошад, ки роҳкиро ҳам арзонтар шавад.”

Коҳиши нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон дар ҳолест ки ин раванд дар ҷаҳон аз 6 моҳи пеш шурӯъ шуда буд. Вале Русия инро сунъӣ эълон карда, қиммати маҳсулоти нафтиро ҳатто дар дохили кишвараш поин набурд ва бозори маводи сӯхти Тоҷикистон ҳам, ки аз Русия вобастагии зиёд дошт, аз коҳиш ёфтани нархи маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонӣ сӯде набардошт.

Русия тавассути ширкати“Газромнефт” бозори дохилии маводи сӯхти Тоҷикистонро низ зери назорат даровардааст. Бар асоси иттилои расмӣ, 50,2 дар сад, ва ба тахмини коршиносон, ҳатто бахши бештари бозори маводи сӯхти Тоҷикистон дар дасти "Газпромнефт"-и Русия аст, ки билохира поинравии қиммати нафт дар бозори ҷаҳониро эътироф кард.

Иқтисоддони тоҷик Табаралӣ Ғаниев мегӯяд: “Бӯҳрони иқтисоди Русия, ки асосан баланси асъораш аз рӯйи даромади маҳсулоти нафтӣ ба низом дароварда мешуд, хеле мушкил ба сари мардум овард ва мо ҳам, ки аз Русия вобастагии зиёд дорем, муҳоҷирону баъдан ҳамин ширкатҳои дастраскунандаи маводи сӯхт, албатта, ин поинравӣ мушоҳида бояд мешуд. Вале муҳим ба назари ман ин аст, ки бояд мо аз чунин ҳолат, ки шояд муваққатӣ аст, истифода кунем ва имконоти фаъолкардонии корхонаву захираҳои худро бештар кунем.”

Дар ҳоли ҳозир нархи як баррел ва ё як бушка нафти навъи “Брент” дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар ҳудуди 50 доллар доду ситад мешавад. Ва интизор меравад дар ояндаи наздик арзиши он то ба хатти 45 - 40 дарсад ҳам бирасад. Ин ҳам дар ҳоле ки як сол пеш нархи як бушка нафт ба 140 доллар баробар буд. Бино ба пешгӯии ахири Бонки Ҷаҳонӣ, коҳиши нархи нафт дар соли равон иқтисоди Русияро то 3 дарсад поин хоҳад бурд.

Ба Тоҷикистон маводи сӯхт ғолибан аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад. Бино ба иттилои Хадамоти гумрук, дар соли 2014 ба Тоҷикистон 246 ҳазор тонна бензин ва 243 ҳазор тонна маводи дизелӣ ворид шудааст, ки ба фарқ аз як соли пеш зиёд будааст. Ба гуфтаи коршиносон, ҳар сол аз моҳи март то феврал дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон болоравии нарх мушоҳида мешуд, аммо бӯҳрони иқтисодии Русия ва коҳиши нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ, шояд ҳам каме дер, вале билохира ба бозори маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон таъсир расонд.

XS
SM
MD
LG