Писари Саидумар Ҳусайнӣ, муовини зиндонии раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, аз идомаи фишор ба ӯ ва вазъи нохуби саломатияш дар маҳбас шикоят дорад. Ҳусайнӣ 65-сола аст ва бо айбномаҳои, ба гуфтаи наздикону ҷонибдоронаш, беасос ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.
Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ, писари Саидумар Ҳусайнӣ, рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз ҷарроҳии сутунмуҳра, дарди пойҳои падараш дубора хуруҷ кардаанд ва “фишори хун низ ӯро ҳамвора азият медиҳад”. Ба қавли ӯ, шароити зиндон ва нороҳатиҳои давомдор вазъияти Саидумар Ҳусайниро “бадтар кардааст”.
Масъулони Раёсати зиндонҳои Вазорати адлия ба зангҳои хабарнигори Радиои Озодӣ посух надоданд. Онҳо дар гузашта ҳар гуна фишорро ба намояндагони зиндонии мухолифон напазируфта буданд.
Писари Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, “азбаски ӯ дар ҷойи танг ва зери фишори равонӣ ва нороҳатии давомдор қарор дорад, бемориҳояш дигарбора сар задаанд ва оромаш намегузоранд.”
“Наздикон барояш дору мебаранд, аммо пас аз чанд лаҳзаи оромӣ боз дард авҷ мегирад. Шикоятҳо дар бораи азияти ҷисмонии падарам ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ба ҳабс кашида шуданаш аз забони вакили мудофеъ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ садо дода буд ва ҳамчунон идома дорад,” – илова кард Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ.
Наворро дар инҷо бинед:
Пеш аз ин пайвандони Маҳмадалии Ҳайит, муовини дигари зиндонии раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, аз шароити нохуби ӯ ва шиканҷа шуданаш шикоят карда буданд. Маҳмадалии Ҳайит низ ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст, вале наздиконаш ҳукми ӯро бепоя ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон, қароргоҳаш дар Лаҳистон (Полша), рӯзи 9-уми июл гуфт, онҳо моҳи июн аз манобеи худ дар бораи фишорҳои ҷисмонӣ ба Саидумар Ҳусайнӣ хабар ёфта буданд.
“Бадрафтории кормандони маҳбас бо онҳо, аз ҳар нигоҳ, ғайриқонунӣ ва хилофи арзишҳои инсонӣ аст. Ҳабси якумрӣ худаш фишори бадтарини равонӣ ва ҷисмӣ аст,” – афзуд Бобоев.
Саидумар Ҳусайнӣ, ки аз соли 2010 то 2015 вакили Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон буд, моҳи сентябри 2015 ва дар пайи як ошӯби, ба гуфтаи мақомот, нофарҷом дар Душанбе дастгир шуд. Дертар ӯро ба ҳабси абад маҳкум карданд.
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта гуфтаанд, ки Саидумар Ҳусайнӣ ва аъзои дигари зиндонии ҲНИТ барои ҷиноятҳои мушаххас, аз ҷумла даст доштан дар тарҳрезии ошӯби нофарҷом дар Душанбе зиндонӣ шудаанд, на ақидаҳои сиёсӣ ва ё мухолиф будан.
Як гурӯҳи корӣ аз Созмони Милал соли 2020 гуфт, боздошт ва ҳабси Саидумар Ҳусайнӣ ва беш аз даҳ узви дигари ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ бо қонуншикании зиёд сурат гирифтааст ва бояд ҳукумат онҳоро раҳо кунад ва ҷуброн пардозад.