Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пора буд, вале латту кӯб на!" Баёноти милисаҳои гумонбаршуда ба шиканҷа


Акс аз бойгонӣ

Чаҳор маъмури пешини Раёсати корҳои дохилии Душанбе, ки муҳокимаашон се моҳ боз дар додгоҳи пойтахт идома дорад, даст доштани худро дар шиканҷаи гумонбарон рад кардаанд.

Онҳо ним сол пеш дар пайи шикояти сокини Душанбе Ҳамза Солеҳов боздошт шуданд. Солеҳов ба гумони нигоҳ доштани беш аз 200 грамм маводи мухаддир дар хонааш дастгир шудааст ва, ба қавли ӯ, маъмурони милиса дар шуъбаи корҳои дохилӣ даҳонашро бо скотч баста, ба барқ гузоштаанд.

Пас аз расонаӣ шудани қазияи Ҳамза Солеҳов 17 нафари дигар аз сокинони Душанбе иддао карданд, ки Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин -- милисаҳои боздоштшуда -- онҳоро шиканҷа кардаанд. Вале маъмурони пешини милиса дар додгоҳ ва ба воситаи вакилони мудофеи худ гуфтанд, ҳангоми дастгир кардани гумонбарон ба чанд хато роҳ додаанд, вале иттиҳоми шиканҷа "беасос аст".

Умед Ваҳҳобов, муфаттиши пешини Раёсати умури дохилии Душанбе, рӯзи 22-юми октябр дар додгоҳ гуфт, ҳангоми дастгир кардани Ҳамза Солеҳов ҳеч кори ғайриқонунӣ накардаанд. Ӯ гуфт, "баъд аз он ки Ҳамза бо гумони нигоҳдории нашъа боздошт ва ба идораи пулис оварда шуд, бозпурсӣ дар доираи қонун сурат гирифт".

Наргис Абдураҳмонова, вакили мудофеи Ҳамза Солеҳов мегӯяд, бозпурсии нафари зери ҳимояташ бар асоси маводи бофта ҷараён гирифта, "дар чанд ҳолат меъёрҳои қонун поймол карда шудааст".

Ваҳҳобов ҳангоми сухан гуфтан дар додгоҳ тасдиқ кард, ки барои сабук кардани "ҷиноят"-и Ҳамза аз наздикони ӯ 1600 доллар гирифтааст. "Хуршед, язнаи Ҳамза, чанд бор ба наздам омад ва зориву тавалло кард, ки пулро гираму моддаи 200-ро ба 201 тағйир диҳам. Дар ниҳоят, 2 ҳазор долларе, ки пешкаш кард, гирифтам ва 400 долларашро ба ӯ гардонида додам. Моддаро дигар накардам. Ман пул талаб накардам, худаш илтимос карда дод", -- гуфт ӯ.

Дар мурофиаҳои гузашта Фарҳод Нурхонов ва Аваз Сабзаев даст доштани худро дар шиканҷаи Ҳамза Солеҳов ва гумонбарони дигар рад намудаанд. Солеҳов ҳам дар ҷараёни тафтишот ва ҳам дар мурофиаи додгоҳӣ иброз доштааст, ки аз сӯи кормандони милиса шиканҷа шудааст. Даъвогарони дигар низ чунин шикоят кардаанд.

Абдукарим Абдулҳамидов, вакили мудофеи Фарҳод Нурхонов ба Радиои Озодӣ гуфт, нафари зери ҳимояташ ба ҷуз аз "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" иттиҳомоти дигарро рад намудааст. "Ҳолатеро, ки Ҳамза 212 грамм маводи нашъадорро дар хона пинҳон карда буд ва онҳо ёфтанд, санад накардаанд. Ҳаминро тасдиқ карду бас", -- афзуд ӯ.

Абдулло Нурхонов, падари Фарҳод Нурхонов пас аз мурофиаи додгоҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, умед дорад, додрас нисбат ба фарзандаш ҳукми одилона содир мекунад.

"Ба даҳонам скоч бастанд, то садоямро дигарон нашунаванд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:27 0:00

Аз чаҳор корманди собиқи милиса, пурсиши се тани онҳо анҷом ёфтааст. Қарор аст, рӯзҳои наздик Ирониддини Аҳлиддин, ки ӯ низ ба ғайриқонунӣ дастгир намудану шиканҷаи Ҳамза Солеҳов муттаҳам аст, дар додгоҳ посух гӯяд. Адвокати Ирониддини Аҳлиддин дар суҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, зерҳимояаш баъзе иттиҳомоти эълоншударо "қисман қабул дорад", аммо "шиканҷаро рад кардааст".

Парвандаи зидди чаҳор маъмури милиса бар асоси шикояти сокини Душанбе Ҳамза Солеҳов ва пас аз гузориши видеоии Радиои Озодӣ дар ним соли пеш оғоз гардид. Дар мурофиаҳои додгоҳии кормандони собиқи милиса 17 нафар ҳамчун ҷабрдида нисбат ба онҳо шикоят кардаанд.

Ҳамза Солеҳов, яке аз ҷабрдидаҳои асосӣ қаблан зимни сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои ба гардан гирифтани ҷиноят ӯро ба нерӯи барқ гузоштаанд.

Шиканҷа дар Тоҷикистон аз масъалаҳоест, ки борҳо дар сархати расонаҳо ҷой гирифтааст. Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқро муттаҳид мекунад, мегӯянд, соли 2018 ба созмони онҳо 44 нафар аз шиканҷа шикоят кардаанд, ки 7 нафараш занонанд.

Ба дунболи интиқоди зиёд аз рафтори маъмурони амниятӣ ва милиса дар Тоҷикистон, рӯзи 16-уми октябр вакилони Маҷлиси намояндагон ҷазо барои бадрафторӣ ва шиканҷа ба муттаҳамон ба ҷиноятро сахттар карданд.

Шикоят аз шиканҷа: "Дасту поямро баста, дар барқ гузоштанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00

Бо тасвиби тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноӣ акнун онҳое, ки даст ба шиканҷа мезананд, аз 2 то 15 сол ба зиндон маҳкум мешаванд. Кодекси ҷиноӣ то кунун барои ин гуноҳ аз 20 то 50 ҳазор сомонӣ (аз 2 то 5 ҳазор доллар) ҷарима ва ё аз ду то панҷ соли зиндон ҷазо муқаррар карда буд.

Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, тағйироти ахир ба Кодекси ҷиноӣ бар асоси тавсияҳои Барномаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ворид карда шудааст.

Бар асоси тағйироти нав, афроди гунаҳкор баъди адои давраи ҷазо то 15 соли дигар ҳаққи фаъолият дар идораҳо ё муассисаҳо маҳрум мешаванд. Мақомот сахттар кардани ҷазоро қадаме барои аз байн бурдани шиканҷа медонанд, вале бархе коршиносон бар ин назаранд, ки фақат сахттар кардани ҷазо роҳи ҳалли масъала буда наметавонад.

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG