Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошт ва латту кӯби садҳо нафар дар Маскав. ВИДЕО, АКС


Баъд аз як ҳафтаи боздошти тақрибан 1400 нафар дар пойтахти Русия, тазоҳурот "барои интихоботи озод" идома кард.

Пулиси пойтахти Русия рӯзи 3-юми август беш аз 800 нафарро бо иттиҳоми иштирок дар "тазоҳуроти бидуни иҷоза" дастгир кардааст. Созмони мустақили "ОВД-инфо" шумораи дастгиршудаҳоро 828 нафар шумурд.

Асҳои бештарро дар инҷо бинед:

Дар миёни боздоштшудаҳо Любов Собол, яке аз намояндагони мухолифон низ ҳаст. Собол ҳуқуқшиноси Бунёди мубориза бо коррупсия, созмони Алексей Навалний, раҳбари мухолифон ва довталаби курсӣ дар Маҷлиси Маскав аст. Вай чанд муддат боз гуруснанишинӣ мекунад.

Боздошти Любов Собол замоне сурат гирифт, ки ӯ дар роҳ ба маҳалли баргузории тазоҳурот буд. Вай чанд дафъа аз маъмурони пулис пурсид, "бо чӣ асосе ӯро дастгир мекунанд?" вале посух нагирифт.

Видео. Лаҳзаи боздошти Люов Собол

Боздошти фаъоли мухолифин пеш аз эътироз дар Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00

Нерӯҳои зиёди пулиси зидди шӯриш рӯзи шанбе "барои ҷилавгирӣ аз баргузории тазоҳуроти бидуни иҷоза" дар хиёбонҳои Маскав ҷойгир шуда буданд. Қаблан пулис гуфта буд, ба хотири "пешгирӣ аз иқдомҳои таҳрикомез", тамоми талошро ба харҷ медиҳад. Додситонии Маскав ҳам гуфта буд, "ҳамагуна кӯшиши баргузории тазоҳуроти бидуни иҷоза дар рӯзи 3-юми август нақзи рӯйирости қонун аст".

Ҳафтаи гузашта дар чунин эътирозҳо тақрибан 1400 нафар дастгир шуд. Додгоҳе дар Маскав рӯзи 2-юми август чаҳор нафар, аз ҷумла як зодаи Тоҷикистонро бо ҷурми иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ то ду моҳ ҳабс кард.

Мухолифон аз он ки номзадҳои мустақил ва намояндагони оппозитсиюн барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси Маскав сабтином нашуданд, эътироз доранд.

Видео. Азият ва боздошти садҳо нафар дар эътирози Маскав

Азият ва боздошти садҳо нафар дар эътирози Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Мақомоти Русия мегӯянд, номзадҳои мухолифин натавонистаанд имзои кофӣ ҷамъоварӣ кунанд ва аз ин рӯ имкони сабтиноми онҳо вуҷуд надорад. Вале раҳбарони оппозитсиюн бо радди чунин иддао таъкид доранд, ки Кремл мехоҳад номзадҳои тарафдори ҳукумат дар ин интихобот бе рақиб монанд ва роҳашон то Маҷлис ҳамвор бошад.

"Тазоҳурот шонси охирин барои баёни баъзе аз гапҳост", -- гуфт Виктор Шендерович, танзнигори сиёсӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ.

Маҷлиси шаҳри Маскав аз 45 ҷой иборат аст. Интихоботи навбатӣ рӯзи 8-уми сентябри имсол баргузор мешавад ва вакилонро барои панҷ сол интихоб мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG