Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Подполковники милиса ба дузанагӣ муттаҳам шуд. ВИДЕО


Гулбаҳор Валиева ва Малоҳат Азизова
Гулбаҳор Валиева ва Малоҳат Азизова

Додгоҳи шаҳри Ҳисор ба муҳокимаи подполковники милиса Санъатулло Саъдуллоев оғоз кардааст, ки ба дузанагӣ муттаҳам мешавад. Мурофиа рӯзи 12-уми декабр сар шуд.

  • Қонуни ҷиноии Тоҷикистон чандҳамсарӣ дар кишварро мамнӯъ карда, барои бисёрзанӣ то даҳ ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ кардааст.
Дар пеши ман шарт гузошт, ки хоҳӣ – ҳамин, нахоҳӣ – хонаро холӣ кун. Инро қабул карда натавонистам ва ӯ ҳам ҷавоби маро дод. Бо ду кӯдак аз дар берун шудам

Дар ин қазия даъвогар Малоҳат Азизоваи 40-сола, ҳамсари якум ва қонунии Санъатулло Cаъдуллоев аст. Ӯ даъво дорад, ки ҳамсараш шаш соли охир бо зани дигаре зиндагӣ карда ва аз оилаи дувум соҳиби чаҳор фарзанд шудааст.

Малоҳат Азизова рӯзи 13-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва Санъатулло Саъдуллоев ҳамсоя ва ҳамсинф буданд ва 17 сол зиндагии муштарак доштанд. Онҳо соҳиби ду фарзанданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Подполковники милиса ба дузанагӣ муттаҳам шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

"Аз зани дувум соҳиби чаҳор фарзанд аст"

Малоҳат Азизова
Малоҳат Азизова

"Аввал дар назди ман бо телефон гап мезад. Баъди як сол соҳиби кӯдак шуд ва инро ҳам аз суҳбатҳои телефонияш фаҳмидам. Он вақт гуфта буд, ки ҳамаашро ҳал мекунад, аммо ҳамин тавр дар шаш соли зиндагӣ бо зани дуюмаш соҳиби чаҳор фарзанд шуд", - гуфт ӯ.

​Малоҳат Азизова мегӯяд, он замон ҳарчанд бисёр сахт буд, мисли бисёре аз занони дигар худро бо он таскин дод, ки зани дувуми шавҳар аз ҳавову ҳавас аст ва рӯзе ӯро тарк карда назди оилаи аслӣ бармегардад. Мегӯяд, сабру таҳаммулро пеша кард. Вале ба гуфтаи зани аввал, косаи сабраш замоне лабрез шуд, ки шавҳар ду кӯдаки зани дуюмро ба хонаи онҳо овард ва бо ҳамин хост бо ҳарду ҳамсараш зери як бом зиндагӣ кунад.

Шарт: "Хоҳӣ - ҳамин, нахоҳӣ - бирав"

Бинои Додгоҳи шаҳри Ҳисор
Бинои Додгоҳи шаҳри Ҳисор

Ӯ гуфт, "пеши ман шарт гузошт, ки хоҳӣ – ҳамин, нахоҳӣ – хонаро холӣ кун. Инро қабул карда натавонистам ва ӯ ҳам ҷавоби маро дод. Бо ду кӯдак аз дар берун шудам."

Ба гуфтаи Малоҳат Азизова, рӯзи 18-уми сентябри имсол шавҳар бар асоси қонунҳои шариат талоқи ӯро дод ва баъди ин тасмим гирифт, ки аз рӯи ҳамсари собиқаш шикоят кунад. Шикояти ин зан аз болои ҳамсари милисааш ба унвонии Вазорати корҳои дохилӣ, Додситонии кул ва Оҷонсии мубориза бо фасод ҳам ирсол шудааст.

Рӯзи 12-уми декабр дар Додгоҳи шаҳри Ҳисор ҳамсари дуюми Санъатулло Саъдуллоев ҳам ҳузур дошт. Гулбаҳор Валиеваи 41-сола гуфт, ки шаш сол пеш ба никоҳи шариатии Саъдуллоев даромада, ду сол пеш дар пайи ҷанҷоли зани якум талоқ гирифтааст.

Гулбаҳор Валиева
Гулбаҳор Валиева

"Мо шаш сол зиндагӣ доштем. Вақте зиндагӣ барои ман мушкил шуд, гуфтам, ки ду кӯдаки маро бо худ бар ва онҳоро нигоҳ карда наметавонам. Вақте дар он ҷо кӯдакҳоро кабул накарданд, аз ӯ ҷудо шудам", - нақл кард Гулбаҳор Валиева.

Бародари подполковник: "Ин қасдгирӣ аст"

Маълум нест, ки чаро ин модар огоҳона тарбияи ду фарзандашро мехост ба зане вогузор кунад, ки ҳамсари қонунии шавҳараш мебошад.

Дар рӯзи аввали мурофиа имкони суҳбат бо Санъатулло Саъдуллоев ҳам даст надод. Вале бародари ӯ Баракатулло Саъдуллоев гуфт, дар пурсишҳои ибтидоии додрас подполковник иқрор шудааст, ки чанд сол бо ду зан дар як вақт зиндагӣ мекард, вале ҳамсари дуюмро ду соли пеш талоқ дод. Айни замон, Баракатулло Саъдуллоев шикояти ҳамсари якуми бародарашро “як қасдгирӣ номид”.

Баракатулло Саъдуллоев
Баракатулло Саъдуллоев

Ӯ гуфт, “чаро то замоне ки онҳо аз ҳам ҷудо нашуда буданд, ба додгоҳ шикоят накард? Лекин ин ҷо нигоҳубини кӯдакон баҳона шуд ва бо ҳамин ин баҳсҳо сар шуд. Ин ҷо муҳим сарнавишти кӯдакон буд, ки бояд дар кӯча намонанд”.

Масъалаи бисёрҳамсарӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз 15-20 соли пеш як мушкили хеле доғ шуда буд. Ҷомеашиносоне, ки ин масъаларо таҳқиқ кардаанд, пайдо шудани ин мушкилро ба вазъияти баъди ҷанги дохилии Тоҷикистон, набуди амният ва зиёд шудани шумори занони ҷавону дастнигар рабт доданд. Дар миёни мардони соҳиби чанд зан баъзе кормандони давлатӣ, мақомдорону соҳибкорони маъруф ҳам буданд.

Назари роҳгузарон дар Душанбе ба масъалаи бисёрҳамсарӣ. Видео аз бойгонӣ:

“Бигзор се зан бигирад, вале бо ман бимонад”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00
  • Чанд сол пеш созмони иҷтимоии "Рушд" дар вилояти Хатлон миёни 500 нафар, аз ҷумла 250 зани дувум ва 250 марди дузана пажӯҳише анҷом дода, муқаррар намуд, ки бештари афроди дузана ва ё бисёрзана – тоҷирону соҳибкоронанд.

"Дар бораи зиндагии баъди додгоҳ меандешанд"

Вале мавридҳои ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб кардани ин мардон танҳо дар ҳоле мушоҳида мешавад, ки нисбат ба ин шахс иттиҳомоти дигар ҳам вуҷуд дошта бошад. Фаъолони ҳуқуқи зан мегӯянд, додгоҳҳои Тоҷикистон мушкилоти заношӯиро бисёр вақт ҳамчун масоили дохилиоилавӣ арзёбӣ карда, тарҷеҳ медиҳанд, онҳоро доман назананд.

Дар 10-15 соли охир масъалаи бисёрҳамсарӣ мушкилоти бештари дигаре барои чунин хонаводаҳо эҷод кард. Ҳолати бепадарӣ, бидуни шаҳодатномаи таваллуд ва беҳуқуқ бузург шудани фарзандони ҳамсарону дуюму сеюм зиёд шуд.

Дар ҳоле ки парвандаи подполковники муттаҳам ба дузанагӣ дар Додгоҳи шаҳри Ҳисор тоза муҳокима мешавад, Малоҳат Азизова ва Гулбаҳор Валиева дар бораи зиндагии баъди додгоҳӣ фикр мекунанд. Маълум нест, қарори додгоҳ ба фоидаи кадоме аз онҳо меанҷомад, вале мусаллам аст, яке аз онҳо бояд баъди ин ба зиндагии мустақилона ва тарбияи фарзандон бе ҳузури падар омода шавад. Аз сӯи дигар, бархе нозирони ин қазия ангушти ҳайрат мегазанд, ки чӣ тавр як ходими полис, ки бо мубориза бо ҷиноят вазифаи касбии ӯ мебошад, дидаву дониста шаш сол даст ба қонуншиканӣ задааст?

XS
SM
MD
LG