Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Додситонии кулли Тоҷикистон ба пайвандони як гуруҳ аз маҳбусон


Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон иддаои суистифода шудани пайвандони як гуруҳ аз маҳбусонро "ба зидди рақибони сиёсӣ" рад кардааст.

Мақомот гуфтаанд, баъзе аз хешовандони аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ "ихтиёрӣ" дар филми "Хиёнат" ҳузур ёфтанд.

Силсилафилми "Хиёнат"-ро моҳи июн тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ва шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш доданд. Дар он ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ ва талошҳои барҳам задани субот муттаҳам гардид.

Дар ҳамон моҳ наздикони як гуруҳ аз маҳбусон, ки бовар доранд бо ангезаҳои сиёсӣ боздошту зиндонӣ шудаанд, ба раиси ҷумҳур, додситони кул ва ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муроҷиат карданд. Онҳо гуфтанд: "Дар телевизионҳои давлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам матлабу навор ва филмҳое паҳн мешаванд, ки дар онҳо наздикони моро маҷбурӣ ба навор мегиранд."

Дар шуъбаи умумии Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 5-уми август ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҷавоби номаро 30-юми июл додаанд. Дар он, ки як нусхааш ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, "ваҷҳо ё далелҳои зикршуда дар бораи зери фишор ва фиребу таҳдид маҷбуран баромад кардани Фарзона Сайфуллозода, духтари маҳкумшуда Ҳикматулло Сайфуллозода ва дигарон дар филми “Хиёнат” беасос буда, шахсони номбурда баромадҳояшонро ихтиёрӣ додаанд."

Аммо пайвандони аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯянд, муфаттишони Додситонии кул ҳангоми таҳқиқ бо ягон узви оилаи онҳо суҳбат накарда, иштирокдорони наворҳоро барои санҷиш даъват накардаанд. Онҳо ҳамзамон мегӯянд, баъд аз муроҷиат ба созмонҳои байнулмилалӣ ва расонаҳо “аз пахши минбаъдаи наворҳои пайвандонашон худдорӣ шудааст”.

Ҳисомиддин Зубайдов, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯяд, навори "таҳрирнашуда"-и Фарзона Сайфуллозодаро аз шабакаҳои иҷтимоӣ бардоштаанд.

“Пораи охири навор бозгӯйи он аст, ки ӯ маҷбурӣ гап мезанад. Вақте додситонӣ мегӯяд, ҳама ихтиёрӣ суҳбат карданд, мо ҳамон пораро худамон ҳамчун далел дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш кардем. Бигзор мардум донанд, ки ин кори мақомот маҷбурӣ буд ва зери фишор сурат гирифтааст”, -- афзуд ӯ.

Акс аз видеоҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта шудааст
Акс аз видеоҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта шудааст

Ҳукумати Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро дар кӯшиши табаддулоти моҳи сентябри соли 2015 гунаҳкор ва даҳҳо узв ва фаъолонашро боздошту зиндонӣ кард.

Бархе аз аъзои он дар Аврупо паноҳанда шудаанд. Раҳбарони ҳизб даст доштани худро дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 рад кардаанд ва онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун рондани "дуюмин ҳизби сиёсии пуртарафдор" номидаанд.

Дар гузашта низ видеоҳои ҳамсон зидди афрод ва гуруҳҳои мухолифи давлат таҳия ва пахш мешуданд. Як аломати созмонёфта будани чунин наворҳо дар он аст, ки бо тағйири мавқеъ кардани мухотабони онҳо таҳия ва пахши паёмҳо низ қатъ мегашт. Чунончи шаш-ҳафт сол пеш силсилае аз чунин паёмҳо нисбат ба раҳбари созмони "Ватандор", рӯзноманигор ва сиёсатмадор Додоҷони Атовуллоҳ пахш гашта буд. Волидони Шарофиддин Гадоев, узви пешини "Гуруҳи 24" ва ҳоло раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, моҳи октябри соли 2014 дар паёми видеоӣ аз ӯ хостанд, ки баромадҳои зиддиҳукуматиро хотима диҳад ва "шукронаи оромию ободӣ кунад ва ба Ватан баргардад".

Моҳи марти имсол Насимҷон Бадалов, сокини ноҳияи Панҷ ва бародари Шобудин Бадалов, узви "Гуруҳи 24" дар паёми видеоӣ аз бародараш хостааст, ки ба назди падару модар баргардад ва онҳоро дар айёми пирӣ нигоҳубин кунад.

Мақомот ҳамвора чунин наворҳоро ихтиёрӣ ва худҷӯш номидаанд, вале намояндагони мухолифин ба маҷбурӣ будани он таъкид доранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG