Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ занозании афсари милиса ва сокини солхӯрдаи Ворухро таҳқиқ мекунад


Ворух ҷазирақаламрави Тоҷикистон дар дохили Қирғизистон аст.

Додситонии шаҳри Исфара ба таҳқиқи моҷаро ва занозании корманди милиса бо Ислом Аҳмедов як сокини солхӯрда ва ҳамсараш оғоз кардааст, ки видеои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз даст ба даст мегардад.

Дар ин видео, дида мешавад, ки чӣ гуна афсари милиса бо марди солхӯрдае даъвову кашмакаш ва занозанӣ мекунад ва ӯву ҳамсарашро дашномҳои қабеҳ медиҳад. Айни замон ба унвони афсари милиса дашномҳои шабеҳ низ аз забони ҷониби муқобил садо медиҳад.

Як манбаъ аз Додситонии шаҳри Исфара ба шарти зикр накардани номаш рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши пешакии ҳодиса рӯзи 12-уми июн шурӯъ шуд. Ӯ афзуд: “Ҳанӯз пурсиши шоҳидон, ҷабрдидаҳо ва ҳам корманди минтақавии Шӯъбачаи умури дохилаи Ворух Шерзод Пиронзода ба анҷом нарасидааст.”

Ислом Аҳмедови 61-сола ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ ӯро ба додситонӣ даъват карда ва дар бораи моҷарои рӯзи 10-уми июн дар назди посгоҳе пурсиданд, ки онҷо таби мусофиронро, ки марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мегузаранд, месанҷанд. Дар ин посгоҳ ҳамроҳ бо табибон афсарони милиса навбатдорӣ мекунанд.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ману ҳамсарамро ба додситонии Исфара даъват карданд ва муфаттиш пурсид, ки нисбати корманди милиса чӣ пешниҳод доред. Ман гуфтам, ки вай бо ин рафтораш набояд дар соҳаи умури дохила кор кунад, ихроҷаш кунед.”

Аз Шуъбачаи корҳои дохилӣ дар ҷамоати Ворух низ рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пас аз шикояти Ислом Аҳмедов тафтишро шурӯъ кардаанд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, видеои занозанӣ ва даъвову кашмакашро таҳқиқ мекунанд, то воқеият ва сабабҳои сар задани моҷаро маълум шавад. Дар вазорати умури дохилӣ низ айни гапро ба Радиои Озодӣ гуфтанд. Ба қавли намояндаи вазорат, “рафтори дағали корманди милиса дар Ворух тафтиш мешавад ва натиҷаҳои онро дар вебсайти вазорат нашр мекунем.”

Сабаби ҳанӯз норӯшани ҷанҷолу занозанӣ

Ислом Аҳмедов, ки ронанда аст, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Шерзод Пиронзода, афсари милисаро ба сар задани даъвову кашмакаш муттаҳам кард. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, вақти бозгашт аз гузаргоҳи марзӣ бо Қирғизистон дар назди посгоҳ нозири роҳе ӯро боздошт ва дар бораи риоят накардани қоидаҳои ҳаракат баҳс кард.

Давоми ҳодиса ба қавли Ислом Аҳмедов чунин будааст: “Дар ҳамин вақт корманди милисаи минтақавӣ Шерзод Пиронзода пайдо шуд ва ба ҳақорат кардани ман шуруъ кард. Ман ҳам барои чунин бадахлоқӣ ӯро ҳақорат кардам. Вай бо лагад дар поям зад ва ба рӯям зад. Вақте ҳамсарам аз чарогоҳ бармегашт, ин ҳодисаро дида омада, мехост пеши роҳи милисаро гирад, лекин ба мушт дар бағалаш зад.”

Радиои Озодӣ бо намояндагони шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ҷамоати Ворух тамос гирифт, то назари онҳоро доир ба чӣ гуна сар задани моҷаро пурсад. Дар инҷо ба мо гуфтанд, ки то поён наёфтани тафтиши ҳодиса ҳаққи изҳори назар надоранд.

Шерзод Пиронзода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, наворе, ки пахш шудааст, дасткорӣ шудааст ва гапҳое, ки дар ҳаққи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ задаанд “туҳмат аст. Вай гуфт ҳоло мақомоти тафтишотӣ ҳодисаро таҳқиқ доранд ва ба ҳар хулосае, ки оянд онро қабул дорад. Ӯ рӯзи 22-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт: “Шумо наворро дидед, дар онҷо 50 нафар ҷамъ шуда буд ва онҳо ҳама шоҳид ҳастанд, вале навор ихтисор карда шудааст. Шумо дуруст бинед, ки дар онҷо ба кӣ ҳамла мекунанд. Вай пирамард Ислом бо ман хусумати пешина дорад. Ман 34 сол аст, дар системаи милиса кор мекунам.”

Аммо дар ин миён бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, афсари милисаро барои дашном додану задани марди солхӯрда ва ҳамсараш маҳкум карда ва гуфтаанд, ки чунин афрод набояд дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кор кунанд. Шикоят аз рафтори дурушти кормандони милиса бо мардуми оддӣ дар Тоҷикистон кам нест ва видеоҳое зиёдеро дар Интернет дидан мумкин аст, ки нозири роҳе якеро модару хоҳар дашном медиҳад ва ё баръакс.

Як намуна, моҷарои муфаттиши баландрутбаи вазорати умури дохилӣ бо як нозири Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон буд. Дар ин видео дида мешавад, ки муфаттиш, нозири роҳу ҳамсару модарашро барои ҷарима кардани мошине дар ду дақиқа 40 маротиба дашном медиҳад. Вазорати умури дохилӣ баъди нашри ин видео гуфт, ки афсарро барои “паст задани шаъну эътибори милиса” аз кор рондааст.

Шарҳҳоро бинед (17)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG