Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ навори маҳрамонаи фаъоли ҷамъиятиро дар Интернет нашр кард?


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таҳқиқи навори маҳрамонаи як фаъоли маданӣ оғоз кард. Рӯзи 5-уми сентябри имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он робитаи маҳрамонаи М.Д. бо як марди ношинос тасвир ёфтааст. Дар навор чеҳраи мардро пӯшондаанд, аммо рӯю бадани зан кушода аст.

Ҳуқуқдонҳо бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин зан дар моҳи апрели имсол яке аз мухолифони боло бурдани нархи интернет дар Тоҷикистон буд ва дар маъракаи ҷамъоварии имзо зидди ин тасмим иштирок кардааст, ӯро "қурбонӣ" ва нашри наворро "барқасдона" медонанд. Пас аз он эътирозҳо қарори афзоиши нархи интернет рӯзи 26 апрел аз тарафи президент бекор карда шуд, вале маъракае, ки зидди норозиён ҷараён дошт, қатъ нагашт ва бештар ду нафареро ҳадаф қарор дод, ки акнун яке аз онҳо қаҳрамони ин видео шудааст. Дар шарҳи навори маҳрамонаи ин фаъоли ҷамъиятӣ низ ба маъракаи зидди боло бурдани нархи Интернет махсус ишора рафтааст.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз М.Д. аризаи шикоятӣ гирифтаанд ва паҳнкунандаи наворро меҷӯянд. "Агар далелҳо тасдиқ шавад, барои паҳн кардани маводи порнографӣ ва паст задани шаъну шараф парвандаи ҷиноӣ кушода хоҳад шуд", -- гуфт як мақоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ҳанӯз маълум нест, наворро кӣ паҳн кардааст.

М.Д. мегӯяд, бо марде, ки робитаи маҳрамонааш нашр шудааст, моҳи июни имсол, пас аз маъракаи ҷамъоварии имзо барои поин бурдани нархи интернет шинос шуд. Ин мард худро тоҷир муаррифӣ кардааст. "Меҳрубон буд ва зуд-зуд ба вохӯрӣ даъват мекард. Мегуфт, ки ҳамсар надорад ва бо ман издивоҷ мекунад", - нақл кард М.Д.

Ба гуфтаи ин зан, саҳнае, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шудааст, аз вохӯрии охири моҳи август аст. "Сабаби навор гирифтани робитаи ман ва паҳн шудани он дар интернетро намедонам. Ин ба ҳолати рӯҳиву равониам зарба зад. Мехоҳам, мақомот маълум кунанд, ки кӣ ва чаро ин наворро паҳн кардааст", -- гуфт ӯ.

Баъд аз паҳн шудани навор, мард робитаашро қатъ кардааст. Як рӯз пеш аз нашри навор ӯ ба М.Д. гуфта будааст, ки кадом шарики қарздораш аз ӯ қасос гирифтанист. Ин зан мегӯяд, агар ҳадаф марди “тоҷир” ва нашри навор интиқом аз ӯ буд, пас, чаро чеҳраи мардро дар навор пӯшондаанд ва ин корро кӣ кардааст?

Ному насаб, шумораи телефони мобилӣ, акси мард дар назди мошини сабукрав дар дасти М.Д. аст. "Ман ҳам метавонистам, ки акси мардро бо ному насабаш нашр кунам, вале накардам, чун бар асоси қонун мумкин нест. Ҳоло фаҳмидам, ки ҳамсар дошта ва ба ман дурӯғ гуфтааст", -- афзуд ӯ.

Талоши мо барои пайдо кардани ин мард низ натиҷа надод. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз додани тафсилоти бештар дар бораи ҷустуҷӯи ин шахс худдорӣ карданд.

Саҳнаи робитаи маҳрамонаи ин ҷуфт тариқи ду дурбини наворбардорӣ, ки зоҳиран дар баландии девор ҷой доранд, сабт шудааст.

М.Д. факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро хатм карда, ба ҳайси ҳуқуқдон дар чанд ниҳоди ҳукуматӣ кор кардааст. Чанд соли ахир бештар дар созмонҳои ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқи занон кор мекунад. То замони маъракаи ҷамъоварии имзо зери муроҷиатнома ба президент барои бекор кардани нархи интернет чеҳраи ношинохта буд. Вале ин маърака, ки дар байни корбарон ҳамовозии бесобиқа пайдо кард, номи ӯро расонаӣ намуд.

Ӯ мегӯяд, аслан ташаббускори ҷамъоварии имзо набуд, танҳо зери он муроҷиатнома имзо гузошт ва дар Фейсбук аз дигарон хоҳиш кард, бетараф набошанд. Рушан нест, чаро он замон маҳз ӯ ба яке аз ҳадафҳои "фабрикаи ҷавоб" табдил ёфт. Он замон коршиносон ҳадс заданд, ки ҳамлаҳо барои тарсондани дигарон ва пешгирӣ аз табдил шудани афроди алоҳида ба чеҳра ё раҳбарони эътирозӣ буд.

Он вақт фейке бо номи "Зебунисои Танҳо" навишт, "фикр мекунам, инҳо кори хуб накардаанд. Медонед, барои чӣ? Инҳо метавонистанд ҳамчун инсон рафтор кунанд ва набояд худро реклама мекарданд. Худро қаҳрамон хисоб намекарданд."

Ҷамъоварии имзои дастҷамъона дар хиёбонҳо, ба гуфтаи коршиносон, як падидаи нав буд, ки ҳукуматро маҷбур ба тағйири тасмими ниҳоди зертобеаш кард. Зоҳиран, фаъолони иҷтимоӣ бахшида нашудаанд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик аз паҳн шудани навори маҳрамонаи зидди М.Д. изҳори нигаронӣ кард. Ӯ мегӯяд, ин кори дасти нафаронест, ки тарафдори боло бурдани нархи интернет буданд ва фаъол шудани ҷомеаи шаҳрвандиро чашми дидан надоранд.

Бобоназарова мегӯяд, дар амали ин фаъоли ҷамъиятӣ ҳеҷ гуна қонуншиканӣ набуд, вале ҳоло ӯ, “махсус ҳадаф қарор гирифтааст”. Ҳуқуқдони тоҷик ҳоло ба М.Д. машварти ҳуқуқӣ медиҳад ва мегӯяд, агар дар пушти ин кор “дасти маҳкаме набошад”, мақомот дар чанд соат онро ошкор хоҳанд кард.

“Ҳадаф аз паҳн кардани навор тарсонидани шахсиятҳо ҳаст, ки дигар зидди иқдомҳои ҳукумат, ки ба манфиати баъзе мансабдорон аст, садо баланд накунанд. Лекин ин натиҷаи баръакс медиҳад. Тарс ҳам ҳад дорад. Вақте одамро зиёд метарсонӣ, дигар наметарсидагӣ мешаванд. Рӯҳияи шахсро шикастан хилофи арзишҳои инсонӣ ва қонунҳои Тоҷикистон аст”, -- гуфт Бобоназарова.

Ҳодисаҳои паҳн кардани наворҳои маҳрамонаи зидди фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар гузашта низ дида мешуд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Бобоназарова, баъзе аз чунин саҳнаҳо аз тариқи телевизиони давлатӣ низ намоиш дода шуд ва муаллифонашон ҳам маълум буданд. То кунун ҳеҷ нафаре барои паҳн кардани чунин навор ҷавобгар нашудааст.

Зайниддин Сафаров, вакили порлумони Тоҷикистон, паҳн шудани ин наворро “кори нодуруст ва ноҷавонмардона” донист. Ӯ мегӯяд, “ин дахолати рӯирост ба ҳаёти шахсӣ ва паст задани шаъну шарафи шаҳрванди Тоҷикистон аст”.

“Умед дорам, мақомот паҳнкунандаи ин наворро пайдо карда, ҳуқуқи шаҳрвандро ҳимоя мекунанд. Паст задани обрӯи зан-модар кори хуб нест ва бояд ба чунин корҳо роҳ надод. Қонунгузории Тоҷикистон барои ин ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст”, -- гуфт ин вакили порлумон.

Қонунҳои Тоҷикистон барои паҳн кардани маводи порнографӣ аз 27 ҳазор то 55 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду сол ҷазо пешбинӣ мекунанд.

М.Д. мегӯяд, паҳн шудани навор ӯро ба ин андеша овардааст, ки “амнияташ зери хатар аст” ва нафароне дунболи интиқомгирӣ аз ӯ ҳастанд. Мақомот мегӯянд, ҳанӯз дар ин бора хулоса баровардан мушкил аст.

XS
SM
MD
LG