Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомот ба назди ҳамсояҳои Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Душанбе рафта, аз онҳо дар бораи ин мақомдори собиқ пурсидаанд. Абдуллозода 2-юми май ба дунболи барканориаш боздошт шуда буд.
Ба гуфтаи ду манбаи огоҳ, мақомоти тафтишотӣ ба хонаи Исматулло Абдуллозода дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рафта, аз ҳамсояҳо пурсидаанд, ки дар бораи амалҳои раиси пешини фурудгоҳ чӣ медонанд?
Ба гуфтаи як манбаъ, ҳамсояҳо ба муфаттишон гуфтаанд, ки хонаводаи Исматулло Абдуллозода бо онҳо робитаи наздик надошт.
Як шикояти ҳамсояҳо ба муфаттишон ин будааст, ки то нимашаб аз хонаи Абдуллозода садои баланди мусиқӣ меомад ва онҳоро нороҳат мекард.
Назари хонаводаи Исматулло Абдуллозода ба ин даъвоҳо маълум нест.
Дар бораи боздошти Абдуллозода аввалин шуда рӯзи 3-юми май Радиои Озодӣ хабар дода буд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, Абдуллозода 2-юми май ҳамроҳ бо муовинаш Аслиддин Меликов боздошт шуданд. Онҳоро дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) нигоҳ медоранд.
Исматулло Абдуллозода ва муовинонаш рӯзи 2-юми май аз мақомҳояшон барканор шуданд. Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки Исматулло Абдуллозода ва муовинони ӯ "дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд".
Мақомот аз ин бештар ҷузъиёт надоданд, вале баъзе пайвандони Абдуллозода гуфтанд, ӯ ба азхуд кардани даҳҳо миллион сомонӣ гумонзад аст. Исматулло Абдуллозода аз соли 2016 раиси Фурудгоҳи Душанбе буд.
Феълан маълум нест, ки сарнавишти баъдии Исматулло Абдуллозода ва муовинони барканоршудааш чӣ мешавад? Ва низ маълум нест, ки оё онҳо бо вакили дифоъ таъмин шудаанд ё не.
Исматулло Абдуллозода январи соли 2016 бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таъин шуда буд.
Ба ҷойи Исматуллозода, Зайнулло Шарифзода раиси Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, таъин шудааст.
Шарифзода як соли охир дар мақоми мудири Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хидматрасонии Тоҷикистон кор мекард. Вале исми ӯ бештар бо сабаби хешовандони президент буданаш маъруф аст.
Зайнулло Шарифзода аз хонаводаи Соҳибовҳо аст, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон риштаи хешутаборӣ доранд. Амаки Зайнулло - Маҳмадзоир Соҳибов бо духтари калонии президент - Фирӯза Раҳмонова ва бародари Зайнулло - Шамсулло Соҳибов бо духтари панҷуми Эмомалӣ Раҳмон - Рухшона Раҳмонова издивоҷ кардаанд.