Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба Тоҷикистон сафар мекунад


Владимир Путин, президенти Русия
Владимир Путин, президенти Русия

Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 9-уми октябр ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Сергей Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, гуфтааст, ки дар ин сафар ӯро вазирон аз бахши иқтисодӣ, қудратӣ ва гуманитарӣ ҳамроҳӣ хоҳанд кард ва доираи мавзӯъҳои матраҳшаванда низ васеъ хоҳад буд. Вай афзуд, дар ҷараёни сафараш ба Душанбе Путин дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ва ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ширкат хоҳад кард.

Маълум нест, ки дар Душанбе вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки бо мушкилоти зиёд гирифторанд, то куҷо матраҳ мешавад.

Аз ин пеш, Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари Тоҷикистон, бо Владимир Путин телефонӣ барномаи сафари ӯро баррасӣ намудаанд.

Сафари Путин ба Тоҷикистон дар шабу рӯзе иттифоқ меафтад, ки тафтиши зидди муҳоҷирон, ки бештар онро "шикори муҳоҷирон" меноманд, дар шаҳрҳои Русия афзоиш ёфтааст.

Рӯзи 30-юми сентябр дар сохтмонҳои Санкт-Петербург пулис ба ҷои кори муҳоҷирон, ки аксаран аз Осиёи Марказӣ ҳастанд, ҳамла кард.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи пулиси Санкт-Петербург, маъмурон ҳудуди 300 муҳоҷирро пайдо ва 98 нафари онҳоро, ки бо худ ҳуҷҷат надоштанд, ба шӯъбаҳои пулис бурданд. Дар наворе, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилии Санкт-Петербург нашр кардааст, дида мешавад, ки маъмурони пулис ҳангоми тафтиш аз сагҳои бӯйгир истифода мекунанд. Мақомоти рус иддао кардаанд, ки дар ин рейд 48 муҳоҷири ғайриқонунӣ ошкор кардаанд. Ҳамаи онҳо ҷарима ва ихроҷ хоҳанд шуд.

Максим Смирнов, корманди пулиси Санкт-Петербург, гуфтааст, ки "ин афрод барои тафтиши иловагӣ ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудан ба шӯъбаҳои пулис интиқол дода шуданд. Ин чораандешиҳо таҳти назорати вижаи Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия қарор дошта, идома хоҳанд кард."

Русия ва Тоҷикистон ҳамдигарро "шарики муҳим ва стратегӣ" меноманд. Бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар ҷаҳон дар Тоҷикистон ҷойгир аст. Бо ин вуҷуд, Русия ҳеч шароите ба муҳоҷирони тоҷик фароҳам намекунад ва онҳоро пайваста озору азият медиҳад.

Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикистониро аз ин кишвар ихроҷ кард.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷику кору зиндагӣ мекард, вале маълум нест, ки дар ду соли ахир, ки фишорҳо шадидтар шуданд, чӣ теъдоде аз онҳо ихроҷ шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG