Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин раҳбарони Эронро "девона", вале таҳсилкарда номидааст


Ҷорҷ Буши хурдӣ, раиси ҷумҳури собиқи Амрико ва Владимир Путин
Ҷорҷ Буши хурдӣ, раиси ҷумҳури собиқи Амрико ва Владимир Путин

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сабти гуфтугӯҳои раиси ҷумҳури собиқ Ҷорҷ Буш ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путинро нашр кардаанд, ки ҳарду раҳбарони Эронро “девона” хондаанд.

Се санаде, ки Бойгонии Миллии Амрико рӯзи 23-уми декабр нашр кард, матни гуфтугӯҳои хусусии Владимир Путин ва Ҷорҷ Буш дар солҳои 2001-2004 ва 2008 аст.

Ду раҳбар аз ҳамон ибтидо дар бораи таҳдиди барномаҳои атомии Эрон тавофуқи назар доштаанд ва дар аввалин гуфтугӯи ҳарду дар Словения Владимир Путин гуфтааст, ба назари ӯ Эрон дар пайи сохтани бомби атомист.

Ин муколама замоне сурат гирифт, ки Эронро ба пеш бурдани таҳқиқот дар бораи сохти силоҳи атомӣ муттаҳам мекарданд. Хулосаҳои ниҳодҳои иттилооти Амрико ин буд, ки Эрон ин таҳқиқотро тақрибан ду сол баъд боздоштааст.

Владимир Путин дар ҳамин гуфтугӯ иттилооти махфиро дар ихтиёри Ҷорҷ Буш гузошта ва гуфтааст, мутахассисони эронӣ аз ҳамкорони руси худ дар бораи мавзӯҳои ҳассос пиромуни силоҳи ҳастаӣ мепурсанд. Путин гуфтааст: Ҳеч шубҳае нест, ки онҳо силоҳи атомӣ мехоҳанд. Ман ба одамони худ гуфтам, ки чунин иттилоеро ба онҳо надиҳанд.”

Дар ҷараёни се муколамаи маҳрамонаи раҳбарони Амрико ва Русия аз шеваи маҳор кардани барномаҳои атомии Эрон ҳам сӯҳбат шудааст. Мушахассан дар соли 2004 Кохи Сафед омода будааст, ки парвандаи барномаҳои атомии Эронро барои баррасӣ ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал барад.

Дар он замон Эронро ба он муттаҳам мекарданд, ки бар хилофи аҳдҳояш ба кишварҳои аврупоӣ дар таъсисоти атомии Исфаҳон, корҳоеро анҷом додааст, ки набояд мекард. Ғанисозии ураниум дар Эрон мояи нигаронии ҳам Амрикову ҳам Русия будааст ва ҳарду тараф мухолифи ин фаъолияти Эрон буданд. Аммо дар ин замон Владимир Путин бовар доштааст, ки набояд парвандаи Эронро ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал бурд, чун ба гуфтаи Путин ин хатар вуҷуд дорад, ки Эрон ба ҷойи ҳамкорӣ, роҳи Куриёи Шимолиро пеш бигираду силоҳи атомӣ бисозад. Агарчӣ андаке баъд ин парванда ба Шӯрои Амният рафт ва Русия ҳамроҳи Амрико ба тарафдории қатъномаҳои пайиҳами таҳримотӣ ба зидди Эрон раъй дод.

Дар ҳамин сӯҳбатҳо дар бораи барномаҳои атомӣ, Ҷорҷ Буш гуфтааст, ки гузинаи истифодаи зӯр ба зидди Эронро муносиб намедонад, аммо наметавон, онро сарфи назар кард. Ӯ ба Ариэл Шарон, нахуствазири собиқи Исроил ишора кардааст, ки дар фикри истифодаи гузинаи низомӣ ба зидди Эрон будааст, чаро ки ба гуфтаи Буш, силоҳи атомии Эрон Исроилро сахт метарсонад.

Буш ва Путин дар суҳбати маҳрамона раҳбарони Эронро "девона" номидаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00

Ҷорҷ Буш, ки дар аҳди ӯ Амрико даргири ду ҷанг, ҳам дар Ироқ ва ҳам дар Афғонистон буд, исрор кардааст, ки роҳи дипломатӣ бояд натиҷа бидиҳад, чаро ки агар Исроил ҳамла кунад, “дарҳои ҷаҳаннам боз мешавад.”

Баъд, ки сӯҳбат аз нигаронӣ аз силоҳи атомӣ дар Эрон шудааст, Ҷорҷ Буш гуфтааст, “ мо ниёз надорем, ин девонаҳои мазҳабӣ силоҳи атомӣ дошта бошанд.” Айни нигоҳро раҳбари Русия ҳам доштааст, чун Владимир Путин дар гуфтугу дар соли 2001 бо раиси ҷумҳури Амрико дар он замон, Эронро кишвари ёғӣ ва ё саркаше хонда гуфтааст, “Русия таърихи печидае бо Эрон дорад.”

Ду тараф дар ин муколамаҳои хусусӣ раҳбарони Эронро “девона” хитоб кардаанд. Ҷорҷ Буш гуфтааст: “Ин охундҳои номунтахаб ҳастанд, ки тасмимҳоро мегиранд.” Ва албатта Ҷорҷ Буш дар соли 2008 ибрози умедворӣ кардааст, ки рӯзе не рӯзе афроди мантиқитаре дар Эрон бар сари кор биёянд ва Амрико ҳам робитаи беҳтаре бо онҳо дошта бошад.

Путин он замон гуфтааст, ки вақте ба Эрон рафт, аз он ҳайратзада шудааст, ки раҳбарони Эрон агар дар ҳавзаи идеологӣ, “девона бошанд, аммо дар айни ҳол таҳсилкарда ва донишгоҳ рафтаанд.” Ӯ дар ин замина ба худи Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон, атрофиёнаш ва раиси собиқи порлумон Ғуломалӣ Ҳаддод Одил ишора кардааст.

Кишварҳои ғарбӣ то кунун Эронро муттаҳам мекунанд, ки дар талоши сохтани бомби атомист, вале Теҳрон гуфтааст, ҳадафи барномаҳояш сулҳомез аст. Тобистони имсол баъди ҳамлаҳои Исроил ба таъсисоти атомии Эрон ва ҷанги сахте байни ду тараф, Амрико ҳам иншооти атомии Эронро сахт бомборон кард ва ба гуфтаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз байн бурд.

XS
SM
MD
LG