Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Мирзиёев созиш карданд, ки нерӯгоҳи атомӣ месозанд


Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев
Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев

Русия дар хоки Узбекистон як корхонаи хурди атомӣ месозад. Дар дидори Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев дар Тошканд рӯзҳои 26-27 май матни созишномаи соли 2018 бо иловаҳои нав такмил шуд.  

Ин чӣ корхона хоҳад буд ва то куҷо метавонад мояи нигаронии ҳамсояҳои Узбекистон, аз ҷумла Тоҷикистон бошад?

Аввалин корхонаи атомӣ дар Осиёи Марказӣ баъди пошхӯрии шӯравӣ

Мирзиёев дар ҷараёни имзои протоколҳои иловагӣ ба созишнома, ки ба фарқ аз тарҳи шаш сол пеш бунёди корхонаи азимтарро пешбинӣ мекунад, онро як дастоварди “муҳим” ва як “тарҳи стратегӣ” номид.

Корхонаи нав на аз ду, балки аз шаш реактори ҳастаӣ иборат хоҳад шуд, ки тавоноии ҳар якаш 55 мегаватт барқ хоҳад буд.

Президенти Русия Владимир Путин ин тарҳро бахше аз барномаҳои ҳамкорӣ “дар бахши нирӯи атомии сулҳомез” номид. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Протоколе, ки имрӯз ба созишномаи соли 2018 илова шуд, имкони бунёди нирӯгоҳи атомии хурдро дар Узбекистон бар асоси фанновариҳои замонавии русӣ фароҳам мекунад ва ин корхона, таъкид мекунам, ба талаботи сахттарини амният ва ҳифзи муҳити зист ҷавобгӯ хоҳад буд.”

Корхонаи атомӣ дар обҳои ширини кӯлҳои Ҷиззах

Вале қаноатмандии мақомоти Русияву Узбекистонро ҳомиёни муҳити зист чандон тарафдорӣ намекунанд. Фаъолони маҳаллии муҳити зист дар Узбекистон борҳо дар заминаи амнияти корхонаи оянда барои муҳити зисти кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд. Коршиносони минтақавӣ аз паёмадҳои он ба муҳити зисти кишварҳои ҳамсояи Узбекистон дар Осиёи Марказӣ ҳам ҳушдор медиҳанд.

Видеоро инҷо бинед:

Русия дар Узбекистон нерӯгоҳи ҳастаӣ месозад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Тимур Идрисов, як муҳаққиқи собиқадори масоили муҳити зист дар Тоҷикистон рӯзи 28-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи бунёди корхонаи атомӣ дар Узбекистон бисёр серхарҷ аст ва миллиардҳо долларро талаб мекунад. Вале масъалаи асосӣ, ба гуфтаи ӯ, бехатарии экологии он мебошад. Ӯ гуфт: “Тарҳро мехоҳанд дар як қитъаи вилояти Ҷиззах бунёд кунанд, ки он ҷо як низоми тақсимшудаи кӯлҳое бо оби ширин ҷойгир аст ва он инчунин ба эъломияи "Рамсар" оид ба ҳифзи обҳои кӯлу ботлоқҳо дохил мешавад. Оҷонсии нирӯи атомии Узбекистон борҳо ба амн будани ин тарҳ таъкид кардааст, аммо ҳомиёни муҳити зист аз паёмадҳои ин корхона ба экосистемаи кӯлҳои маҳаллӣ нигарон ҳастанд. Мо садамаҳои нирӯгоҳҳои атомӣ дар Чернобилу Фукусимаро хуб ёд дорем. Ба илова, макони сохтмони корхона дар наздикии сарҳади Қазоқистон ва дар каме бештар аз 200 километрии шаҳри Хуҷанд, дуюмин шаҳри азими Тоҷикистон ҷойгир хоҳад буд.”

Идрисов мегӯд, дар сурати садама дар нирӯгоҳи атомӣ, ин мушкил дигар танҳо марбути Узбекистон нахоҳад буд ва ба ҳамсояҳои он ҳам дахл хоҳад дошт.

Ба гуфтаи ӯ, ҳомиёни муҳити зист дар Қазоқистон аз муддатҳо пеш маъракаи мухолифат ба бунёди корхонаи атомии монанд ба инро бо ширкати “Росатом” пеш мебаранд ва баррасиҳо идома доранд.

Дар Тоҷикистон мақомот расман ва ошкоро ҳеҷ гоҳ мавқеи худро дар бораи нияти бунёди корхонаи атомие дар ҳудуди Узбекистони ҳамсоя баён накарданд.

Ба гуфтаи Идрисов, “мушкили калидӣ дар ин гуна тарҳҳо партобҳои атомӣ аст, чунки то ҳол ҳеҷ фанноварие вуҷуд надорад, ки масъалаи партобҳои ҳастаиро ҳал кунаду онҳоро бехатар гардонад. Ин партобҳо барои садҳову ҳазорҳо соли оянда хатарнок боқӣ хоҳанд монд,"-- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ин коршинос, дар Узбекистон стратегияи рушди энержӣ то соли 2030 амал мекунад ва бар асоси он, аз ҷумла, бунёди нирӯгоҳҳои офтобӣ бо тавоноии истеҳсоли 5 гигаватт барқ ва нирӯгоҳҳои бодӣ бо қудрати тавлиди 3 гигаватт барқ дар назар гирифта шудааст. Ба иловаи ин, ин кишвар ният дорад аз роҳи фанновариҳои замонавӣ ва гарм кардани деворҳои биноҳо, харҷи энержиро дар кишвар то 20 дарсад коҳиш диҳад. “Яъне саҳми корхонаи атомии оянда дар ҳалли мушкилоти энергетикии Узбекистон бисёр ночиз хоҳад буд. Аз ин хотир, бунёди нирӯгоҳҳои офтобию бодӣ ва сарфаи нирӯи барқ назар ба сохтмони корхонаи атомӣ арзонтар хоҳад буд,”--гуфт Идрисов.

Як роҳҳали бӯҳрони энержӣ

Амнияти корхонаро дигар коршиносон ҳам талаботи муҳим меноманд ва ҳамзамон мегӯянд, он василае дар сабуктар шудани бӯҳрони энержии Узбекистон хоҳад буд. Сиёсатшинос Абдумалик Қодиров аз Душанбе мегӯяд, бо амиқтар шудани бӯҳрони энержӣ дар Осиёи Марказӣ, ки аҳолиаш то рафт бештар мешаваду саноаташ тавсеа меёбад, ин корхона метавонад нақши ҷиддие дошта бошад. Қодиров рӯзи 28-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Фикр кунам, ки барои таъмини ҳам мардуми Узбекистон ва ҳам Осиёи Марказӣ бо қувваи барқ дар фасли сармо ин лоиҳаи муҳим аст. Вале суоле, ки ин ҷо матраҳ аст, ин аст, ки то куҷо ин сохтмон бехатар мешавад. Русия дар сохтмони нирӯгоҳҳои атомӣ таҷрибаи калон дорад. Дар Эрон сохтааст, дар Туркия тасмим гирифта буд, ки месозад, дар худи Русия месозад.”

Қодиров гуфт, Узбекистону Русия ба ҳангоми сохтмони “ин корхонаи муҳим ва хатарнок” бояд ба сифати сохтмони он ва ҳам ҷалби мутахассисони баландпоя аҳамият диҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG