Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қаллобии махсусан калон". Муқим Ашӯров дигарбора дар додгоҳ ҳозир шуд


 Муқим Ашӯров
Муқим Ашӯров

Дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 30-уми сентябр мурофиаи Муқим Ашӯров, соҳибкор ва қудои сарвазири Тоҷикистон шурӯъ шуд. Ӯ ба “қаллобӣ” гумонбар мешавад. Вале маълум нест, нисбати Ашӯров кӣ шикоят кардааст ва асли қазия чист. Танҳо аз рӯи иттилоъномаи додгоҳ маълум гардид, ки Муқим Ашӯров “ба қаллобии миқдораш махсусан калон” гумонбар дониста мешавад ва додрас аъмоли ӯро аз рӯи ин банди парванда муҳокима менамояд.

Дар сурати тасдиқ ёфтани айбномааш ба маблағи калон ҷарима мегардад ё аз ҳашт то 12 сол зиндонӣ мешавад. Назари худи ӯ ва вакили дифояш ба ин қазия маълум нест. Кӯшиши мо барои гирифтани назари пайвандонаш низ натиҷа надод, вале дар сурати омода шудани онҳо Радиои Озодӣ дар ин бора тафсилот медиҳад.

Дар ду соли ахир ин дуюм бор аст, ки Муқим Ашӯров бо ин ҷурм боздошт мегардад. Ба гуфтаи сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, бори аввал ӯ 8-уми майи соли 2024 дастгир гардида ва нимаи моҳи июли ҳамон сол озод шуд. Баъди раҳоияш худаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қаллоб нею “қарздор” буд ва он вомро пардохт намуд. Ба гуфтаи ин соҳибкор, боздошти ӯ ба даъвои як мизоҷаш рабт дошт.

Муқим Ашӯрови 66-сола беш аз 30 сол боз ба тиҷорату сайёҳӣ машғул аст. Аз он пеш ба ҳайси омӯзгор дар мактаб кор мекард. Вай наздик ба 20 сол ҳамчун мудири ширкати сайёҳии «Спутник» машғули ба Чин бурдану овардани тоҷирони умдафурӯш ва кашондани бори онҳо будааст. Ҳамчунин барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ раводид низ омода мекардааст. Ӯ дар сӯҳбаташ соли гузашта гуфта буд, ки боре ҳам бо муштариён сари маблағ баҳсҳои додгоҳӣ надоштанд.

Як писари Муқим Ашӯров бо духтари Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон оиладор шудааст. Ашӯров мегӯяд, фаъолияти кории ӯву фарзандонаш ба хешу табор ё қудояш бастагие надорад.

Дуюмбора ба додгоҳ кашидани Муқим Ашӯров дар ҳолест, ки расонаҳои таҳқиқгар соли гузашта моликияти баъзе аз пайвандони Қоҳир Расулзодаро дар Суғду Душанбе ва Дубай ошкор карданд ва ин гузориш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси баҳсҳои зиёд шуд.

Қоҳир Расулзода аз соли 2013 сарвазири Тоҷикистон аст. Аз он пеш раиси вилояти Суғд ва вазири об буд.

Қудои сарвазири Тоҷикистон бори дигар барои "қаллобӣ ба маблағи зиёд" ба додгоҳ кашида шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00


Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG