Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Мадина Ҳалимова: Омбудсмен аз зӯроварӣ нисбати кӯдакон изҳори нигаронӣ кард


Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон
Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон

Идораи Омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз марги чор кӯдаки хурдсол, ки модарашон онҳоро ба рӯдхона андохт, изҳори нигаронии амиқ карда, аз ҷомеа ва мақомот хостааст, барои муҳофизати кӯдакон тадбирҳои бештар биандешанд.

Дар баёнияи дафтари матбуоти омбудсмен дар бораи фоҷиаи моҳи гузашта дар ноҳияи Фархор, ки дар сомонаи ин ниҳод нашр шуд, омадааст, “ҳодисаи мазкур боиси нигаронии амиқи мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа гардида, чораҳои таъхирнопазирро дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон тақозо менамояд.”

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфтааст, бо вуҷуди андешидани тадобир дар бораи ҳимояти кӯдакон “ҳолатҳои алоҳидаи фавт, зӯроварӣ ва табъиз, ки нисбати кӯдакон ба вуқӯъ меоянд, ташвишовар боқӣ мемонад.”

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, “таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳад, ки дар аксар ҳолат ҳуқуқу манфиати кӯдакон аз ҷониби падару модар, дигар парасторони онҳо ва махсусан шахсоне, ки кӯдак ба онҳо меҳр баста, боварӣ дорад вайрон карда мешавад.”

Шаби 29 ба 30-уми июн Мадина Ҳалимова, модари 27-солаи чаҳор тифли хурдсол, ки хурдӣ семоҳа ва бузургӣ 5-сола буд, чаҳор фарзанд ва худашро зоҳиран бо қасди худкушӣ ба рӯдхонаи Яхсу андохтааст.

Чаҳор фарзандаш ғарқ шуда ҷон додаанд, вале худаш зинда монд. Ӯро бо иттиҳоми қатли кӯдаконаш боздошт карданд, вале сабабҳои дақиқи қасди худкушӣ кардани зани ҷавон маълум нест. Ҷасади се тифлашро пайдо кардаанд, ҷустӯҷуи яке дигар идома дорад.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз мақомот, падару модарон ва ҷомеа тақозо кардааст, ки барои таъмини муҳити солиму амн барои кӯдакон чора биандешанд ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ “дар самти ҳифз, тарбия, таълим, назорат ва рушди кӯдакон корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд.”

XS
SM
MD
LG